ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕМ...

Дар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 8324 забон мавҷуд аст, аммо бисёре аз забонҳо бо сабаби ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иҷтимоӣ зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.

Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ маҳсуб мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор шуда буд, эълон гардид.

Омӯзиши забони модарӣ дар системаҳои таълимӣ нақши калидӣ мебозад, зеро он ба дарки беҳтар, афзоиши ҷалб ва тафаккури интиқодӣ дар байни хонандагон мусоидат менамояд. Таҳсили бисёрзабонӣ, махсусан ба забонҳои ақаллият ва миллатҳои маҳаллӣ на танҳо ба донишҷӯён кумак мерасонад, балки инчунин ба робитаи амиқтари байни маориф ва фарҳанг мусоидат менамояд.

Ба андешаи коршиносон, забони модарӣ забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ёд гирифта, ба он такаллум карда мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, забони модарӣ забоне аст, ки онро одам бе омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад ва ин аввалин забонест, ки шахс онро азхуд мекунад. Аммо аз тифлӣ имкони азбар кардани забонҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки он берун аз муҳити хонаводагӣ (кӯдакистон, мактабҳои махсус ва ғайра) аст ва онҳоро метавон забонҳои дуюм ва сеюм номид. «Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, зиёд нестанд:

Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таври табиӣ бе дарс азхуд карда мешавад.

Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард.

Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмолтарин ва фаҳмотарин забон маҳсуб мегардад, зеро бо вай аз рӯзҳои аввали ҳаёташ рӯ ба рӯ мешавад.

«Ин аст, ки баъзан одамон аз доираи забони адабии меъёр берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонанд».

Бояд таъкид намуд, ки забони модарии мо забони тоҷикӣ аст ва ҳоло ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалат дорад. Ин ҳар яки мо, соҳибзабононро водор менамояд, то бо доштани ғурури миллӣ арҷгузори он бошему онро бо ғановатмандию шуҳраташ ба ворисони ояндаи ин забон ба мерос  гузорем.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: