Ё худ мо аз пурсишнома дар байни мактабҳои ноҳияи Сӯх чӣ гуна хулоса кардем?..
Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар байни даҳ мактаб, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст ва беш аз 700 нафар донишомӯз доранд, пурсишнома гузаронида шуд.
Дар пурсишнома, ки аз 15 феврал (соати 15:00) то 21 феврал (соати 12:00) идома ёфт, ҳамагӣ 3391 нафар овоз доданд.
Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ мактаби таълими умумии рақами 11-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чашмаи ноҳияи Сӯх (директор Ҳабиб Ҷӯраев) бо ҷамъ овардани 1416 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд.
Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 14-уми маҳаллаи Қарири ноҳияи Сӯх (директор Садриддин Абдураҳмонов), ки 1133 овоз ҷамъ карданд, насиб кард.
Ҷойи сеюм ва чорумро ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 1-уми маҳаллаи Ровон бо ҷамъоварии 251 овоз (директор Адолатхон Нишонова) ва омӯзгору донишомӯзони мактаби рақами 10-уми маҳаллаи Демурсади ноҳия бо ҷамъоварии 169 овоз (директор Умедҷон Нуруллоев) соҳиб шуданд.
Сад афсӯс, ки мактабҳои 18 (80 овоз), 4 (73 овоз), 5 (71 овоз), 2 (69 овоз), 7 (66 овоз) ва 21 (63 овоз) ҳатто 100-то овоз ҷамъ карда натавонистанд. Албатта ин нанговар аст. Чунки мувофиқи маълумоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Фарғона ҳоло ҳар яке аз ин мактабҳо дар ихтиёри худ беш аз 700 нафар донишомӯз, 60-70 нафар омӯзгор доранд. Лекин аксари онҳо натавонистанд, ки ҳатто ба миқдори 10 фоизи шумораи умумии муаллимон ва донишомӯзон овоз ҷамъ кунанд.
Бояд гуфт, ки аз рафти ҷамъоварии овоз низ метавон фаъолият, ташаббускорӣ ва фаъолии директорон ва ҷамоаи мактабҳоро баҳо дод.
Мактаби 11-уми маҳаллаи Чашма бу вуҷуди кам будани шумораи донишомӯзонаш аз баъзе мактабҳои ноҳия, тавонист ҷойи якумро ишғол кунад. Яъне, ҳар коре, ки бо масъулият, садоқат, ҳиммат ва аз рӯйи виҷдон иҷро мегардад, албатта натиҷаи худро медиҳад.
Барои ин ташаббускорӣ ба ҷамоаи мактаби пешқадам ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.
Мо аз пурсишнома дар байни мактабҳои ноҳияи Сӯх ба чунин хулоса омадем, ки минбаъд дар баробари эътирофи фаъолияти мактаби ғолиб, ҳавасманд кардани омӯзгорон ва донишомӯзони фаъол ва кумак ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин мактаб, албатта бо фаъолияти мактабҳое, ки овози КАМТАРИНРО ҷамъ овардаанд, шинос мешавем.
Аз нуқтаи назари моҳияти пурсишнома гирем, мактабҳое, ки овози бештар ҷамъ мекунанд, “фаъолу пешқадаманд” ва мактабҳое, ки овози кофӣ ҷамъ карда наметавонанд, “қафомондаанд”.
Аз ин рӯ, минбаъд мухбирони мо ба чунин мактабҳои “пасмонда” низ рафта, фаъолият, камбудиҳо, яъне сабабҳои ақибмондагии ин боргоҳҳои таълимиро низ меомӯзанд ва дар ин бора мақола омода мекунанд.
Ёдовар мекунем, ки дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Сӯх – мактаби рақами 11, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, мақола омода ва таҳти рукни “Аз ҳаёти як мактаб” дар рӯзнома чоп мегардад.
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".
P/S: Овозҳое, ки муштариён баъд аз соати 12:00 доданд, қабул карда намешаванд.