ПРЕЗИДЕНТ БО МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АГЕНТИИ САНОАТИ МУДОФИА ШИНОС ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 21 феврал ба Маркази технологияҳои инноватсионии Агентии саноати мудофиа ташриф фармуда, бо иқтидори истеҳсолӣ, коркардҳои пешқадам, маҳсулотӣ ҳарбӣ ва барои ду мақсад пешбинишуда шинос шуд.

Дар таҳкими иқтидори артиш дар баробари омодагии касбии хидматчиёни ҳарбӣ, рушди саноати мудофиавӣ низ нақши муҳим мебозад. Бо ташаббуси Президент дар Ӯзбекистон ба саноати замонавии мудофиа асос гузошта шуд, ки аҳамияти таърихӣ дорад. Аз ҷониби агентии тобеи Вазорати мудофиа  ҷиҳати модернизатсияи аслиҳа, азхудкунии технологияҳои нав ва роҳандозии дастовардҳои ояндадор дар қӯшунҳо корҳои сохторӣ амалӣ мегарданд.

Дар ин Маркази технологияҳои инноватсионӣ қариб 80 намуди маҳсулоти ҳарбӣ ва барои ду мақсад пешбинишуда истеҳсол мегардад. Инчунин, лоиҳаҳои стартап дар соҳаи робототехника ва дастгоҳҳои бесарнишин дастгирӣ мешаванд.

Дар идомаи ташриф намунаҳои нави техникаи ҳарбӣ, лоиҳа ва нақшаҳои ояндадор бобати рушди минбаъдаи соҳаи мудофиа муаррифӣ гардиданд.

Сарвари давлатамон гуфт, ки ин қадамҳои аввалин аст ва ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии низоми мудофиа супоришҳо дод. Зарурати такмили мунтазами истеҳсолот, аз худ намудани маҳсулоти нав, дар ин самт истифодаи васеъ аз технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ таъкид гардид.

Ҳамзамон, аз рӯйи дар асоси дархост бештар ҷалб кардани сектори хусусӣ ба соҳа, зиёд кардани намуди маҳсулоти ҳарбӣ ва барои ду мақсад пешбинишуда супоришҳо дод. Ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мунтазам омода кардани мутахассисон, ташкили лабораторияҳои илмии техникаҳои нав диққат дода шуд.

Бояд гуфт, ки корхонаҳои саноати мудофиаи Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои махсуси байналмилалӣ фаъол иштирок мекунанд. Бахусус, дар намоишгоҳи “IDEX-2025”, ки рӯзҳои 17- 21 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Даби (АМА) идома ёфт, беш аз 100 намунаи техника ва маҳсулоти ҳарбии дар мамлакатамон истеҳсолшуда ба намоиш гузошта шуд. Транспортёрҳои зиреҳпӯши «Арслан 8×8» ва «Арслан 6×6», гаубитсаи худгарди «Тӯфон» аз ин ҷумлаанд, ки таваҷҷӯҳи зиёди шарикони хориҷиро ба бор овардаанд.

Дар анҷоми ташриф Президент самтҳои стратегии рушди минбаъдаи саноати мудофиаро муайян намуда, дар назди масъулин аз рӯйи таъмини сифати баланди маҳсулот, тавсеаи иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими мавқеи корхонаҳои маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: