Дар шумораи гузаштаи рӯзнома хабар дода будем, ки 13-14-уми феврали соли равон шаҳри бостонии Самарқанд ба чанд чорабинии фарҳангӣ мизбонӣ намуд, ки таҳти шиори «То тавонӣ дӯстонро гум макун» ба вуқӯъ пайвастанд. Ин иқдоми некро сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ кардааст.
Боиси хушнудист, ки меҳмонони тоҷикистонӣ бо сарварии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи Маркази маданияти Тоҷикистон ва кабинети забон ва адабиёти тоҷик ширкат варзиданд.
Меҳмонону мизбонони тадбирро дар донишгоҳ бо нону ширинӣ ва гулҳои тару тоза пешвоз гирифтанд.
Ба ин муносибат дар собиқ бинои филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки чанд сол пеш ба Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷӣ дода шуда, ҳоло дубора баргардонда шудааст, чорабинӣ баргузор гардид. Дар он декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фанҳои филологӣ, профессор Ҷӯлибой Эртазаров меҳмононро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар бунёди хонаҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанг хидмати сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода хеле бузург аст.
– Ман шахсан шоҳид ҳастам, ки академики муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода се моҳи охир, ба қавле иҷоранишини факултаи мо буданд, – гуфт Ҷӯлибой Эртазаров, – ҳатто то дили шаб дар хонаҳо нишаста, ба устоҳо барои таъмиру тармими хушсифат маслиҳату машварат медоданд. Мо аз фурсати мусоиди кунунӣ истифода бурда, ба сафири дилёбу дарёдил миннатдорӣ изҳор мекунем.
– Воқеан бо ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири олиқадру гиромӣ, дӯсти мо Абдуҷаббор Раҳмонзода корҳои лоиқи таҳсин амалӣ гардиданд, – риштаи суханро ба даст гирифт доктори фанҳои филология, профессор Ҷумъа Ҳамроев. – Умед дорем, ки минбаъд дар ин утоқҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанги Шарқ анҷуманҳои гуногуни бонуфузи байналхалқӣ, суҳбатҳои «мизи мудаввар», вохӯрӣ бо олимону пажуҳишгарон баргузор хоҳанд шуд.
Дар омади гап, бояд таъкид намуд, ки солҳои охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, мустаҳкам гардиданд, устодон ба Душанбе сафар карда, бо корҳои неки мактабҳои олии Тоҷикистон аз наздик ошно мешаванд.
Таъкид кардан ба маврид аст, забони тоҷикӣ аз қадимтарин ва ғанитарин забонҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Тӯли чандин аср маҳз бо ҳамин забон шоҳасарҳои безаволи илму адаб офарида шудаанд. Итминони комил дорем, ки хонаҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанг барои густариши минбаъдаи забони Фирдавсию Рӯдакӣ, Шайх Саъдию Хоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол низ хидмати шоиста мекунанд.
Воқеан, бо кумаку ёрии беғаразонаи ҳукумати Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, нашрияҳои Душанбе, хосатан сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ҳуҷраҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанги Тоҷикистон бо китобҳои илмӣ, асарҳои хонданӣ, дастнависҳои қадима пурра ҷиҳозонида шуданд. Қариб 10 компутери замонавӣ, монитор, сурат-симоҳои бузургони илму адаби тоҷик, телевизор ва дигар асбобу анҷомҳои зарурӣ низ барои пешрафти омӯзиши забони тоҷикӣ хидмат хоҳанд кард.
– Аз чунин чорабиниҳои фарҳангӣ хеле хушҳол ҳастем, – иброз дошт мудири кафедраи забонҳои тоҷик ва Шарқ, доктори фанҳои филологӣ Сироҷиддин Хӯҷақулов, – зеро хонаҳои навбунёди фарҳангӣ ба бештару хубтар омӯхтани ҳусну латофати забони модарӣ мусоидат мекунанд. Ҳоло дар гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд тақрибан 200 нафар толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон таълиму тарбият мегиранд. Ба онҳо 3 профессор, 12 номзади улум, ду муаллими калон сабақ медиҳанд. Доктори фанҳои филологӣ Садрӣ Саъдиев, номзадҳои илм Гулноза Адашуллоева, Ғайрат Раҳимқулов, Сабоҳат Маҷидова, Акмал Шерназаров ва дигарон ғайр аз фаъолияти педагогӣ боз бо корҳои илмӣ ҳам машғул ҳастанд. Бовар дорем, ки ба шарофати ташкил ёфтани утоқҳои забони тоҷикӣ ва фарҳанг шумораи талабагон беш аз пеш афзуда, ба давраи нави инкишофу омӯзиши забони модарӣ ва адабиёти тоҷик асос хоҳанд шуд. Мо хушҳол ҳастем, ки дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон вусъат меёбад. Ба ин маънӣ Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад...
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.