Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар мактаби ҳамагонии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх тадбир ба вуқӯъ пайваст.
Дар он донишомӯзони се синфи шашуми мактаб иштирок карда, дониши худро аз рӯйи забон санҷиданд.
Ҳар як ҷамоаи шашнафара, барои зуд ҷавоб ёфтан ба саволҳои забони модарӣ, ҳарфҷадвал ва навишти дуруст ҳаракат карданд. Дар васфи забон шеърҳо қироат намуданд.
Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ ҷамоаи синфҳои 6-“А” ва 6-“Б” бо ҷамъ овардани 80 хол сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Инчунин, ба донишомӯзоне, ки фаъол иштирок карданд, миннадории маъмурияти мактаб тавассути сипоснома баён карда шуд.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, омӯзгори мактаб.