БИНОИ МАҲАЛЛА КАЙ ОБОД МЕШАВАД?

  • БИНОИ МАҲАЛЛА КАЙ ОБОД МЕШАВАД?
  • БИНОИ МАҲАЛЛА КАЙ ОБОД МЕШАВАД?
  • БИНОИ МАҲАЛЛА КАЙ ОБОД МЕШАВАД?
  • БИНОИ МАҲАЛЛА КАЙ ОБОД МЕШАВАД?
  • БИНОИ МАҲАЛЛА КАЙ ОБОД МЕШАВАД?

Бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Каттасой»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, воқеъ дар деҳаи Эҷ, дар замони шӯравӣ бунёд гардида, ҳоло хеле хароб шудааст. Аксар тирезаҳо шикаставу чанде оина надоранд. Дарҳо фарсуда шудаанд. Шиферҳо шикастаанд, ки дар барфу борон аз шифт об мечакад. Ғайр аз ин, ҳини роҳ гаштан дар толор тахтаҳои зери по садо мебароранд, ки гӯё аз фарсудагӣ «оҳ» мекашанд. Кас аз сахттар қадам ниҳодан метарсад, то шикаставу пой дарнамонад.

«Маҳалла обод бошад, кишвар обод мешавад. Дар маҳалла дигаргунӣ рӯй диҳад, тамоми ҷамъият дигар хоҳад шуд». Ин сухани Сарвари давлат ҳамагонро ба ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, инчунин, тағйироту дигаргуниҳо дар маҳалла водор месозад.

Воқеан, агар маҳалли зист ободу сарсабз бошад, дар ҳар қадам гулу гулзор, биноҳои хуштарҳу замонавии иҷтимоӣ ва истиқоматӣ, корхонаву ташкилотҳои нав ба чашм расанд, табъи кас болида мешавад. Умеду боварӣ ба ояндаи дурахшон меафзояд. Дар радифи ин ҳама бинои маҳалла ҳам, ки ҳар кадом аз рӯйи масъалаҳои гуногун зуд-зуд он ҷо меравем, намуди зебо ва шароити муҳайё дошта бошад, хурсандии мо дучанд хоҳад шуд. Аммо агар баръакси ин аст...

Вақте кас ба идораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Каттасой»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, воқеъ дар деҳаи Эҷ меравад, акси ин ҳамаро мебинад. Бино дар замони шӯравӣ бунёд гардида, ҳоло хеле хароб шудааст. Аксар тирезаҳо шикаставу чанде оина надоранд. Дарҳо фарсуда шудаанд. Шиферҳо шикастаанд, ки дар барфу борон аз шифт об мечакад. Ғайр аз ин, ҳини роҳ гаштан дар толор тахтаҳои зери по садо мебароранд, ки гӯё аз фарсудагӣ «оҳ» мекашанд. Кас аз сахттар қадам ниҳодан метарсад, то шикаставу пой дарнамонад.

Аз рӯйи нақли сокинони маҳаллӣ бинои мазкур соли 1987, яъне қариб чил сол муқаддам ҳамчун кӯдакистон бунёд шудааст. Тӯли солҳо дар ин бино кӯдакони синни томактабӣ, инчунин чанд муддат хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 43-юми деҳа бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инак, беш аз даҳ сол боз дар чанд утоқи он кормандони маҳалла ва ҳоло «ҳафтгона» фаъолият мебаранд.

Бояд гуфт, ки тӯли солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати такмил додани фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи маҳалла дар ҷомеа, арҷ гузоштан ба қадри инсон ислоҳоти густурда амалӣ мегардад. Маҳз бо мақсади афзунсозии самарадории фаъолият, ба ниҳоди наздиктарин ва халқпарвар табдил додани маҳалла беш аз 50 ҳуҷҷати меъёрӣ дар сатҳи ҳукуматӣ имзо шуд. Дар партави ин ислоҳот ва бунёдкориҳои зиёд, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ садҳо маҷмааҳои «Маркази маҳалла» ва ҳазорҳо биноҳои нави маҳаллаҳо қад рост карданд, таъмиру тармим гардиданд, пойгоҳи моддиву техникии онҳо мустаҳкам карда шуд. Сад афсӯс, ки ҳатто «насим»-и чунин «ислоҳоти густурда» ва «бунёдкориҳои зиёд» то ҳол ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Каттасой» нарасидааст.

– Ҳоло дар ноҳияи Нурато 31 маҳалла вуҷуд дорад, – мегӯяд сарвари шуъбаи Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон дар ноҳияи Нурато Музаффар Назаров. –  Дар солҳои наздик барои 15 маҳалла биноҳои нав сохта шуд, ки дорои шароити зарурӣ мебошанд. То ҳол ду маҳаллаи ноҳия – «Мустақиллик» ва «Каттасой» бинои худро надоранд. Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мустақиллик» муваққатан дар мактаби ихтисосонидашудаи санъат фаъолият дорад. Кормандони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Каттасой» бошанд, дар бинои куҳнаи ташкилоти таълими томактабӣ кор мебаранд, ки ҳоло он корношоям гардидааст.  

Музаффар Бердибоевич дар идомаи номаи худ таҳти рақами 7 (аз 25 январи соли 2025), ки тибқи дархости рӯзнома фиристонд, навиштааст, ки «Бо мақсади пурра ба роҳ мондани фаъолияти ҳафтгонаи маҳалла дар ин ду ҷамоати шаҳрвандони маҳалла гузоштани лоиҳаи бунёди биноҳои нави онҳо дар мавсими якуми «Буҷети ташаббуснок» дар назар аст».  

Инак, аз якуми феврали соли равон мавсими аввалини «Буҷети ташаббуснок» барои соли 2025 оғоз шуд ва дар он лоиҳаи бунёди бинои нави маҳаллаи «Каттасой»-ро низ ҷойгир карданд. Аммо дар он пирӯз гардидани ин лоиҳа аз эҳтимол дур аст. Чунки қаблан мардуми маҳалла, ки аз сокинони се деҳа – Симбулоқ, Эҷ ва Сойхурд таркиб ёфтаанд ва дар маҷмӯъ беш аз 1800 нафарро ташкил мекунанд, бунёди бинои нави маҳалларо чанд бор дар лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» гузоштанд, вале бинобар кам будани теъдоди мардуми маҳаллӣ пирӯз шуда натавонистанд.

Аз рӯйи ин масъала дар вохӯриҳои сайёр, чорабиниҳо ба ҳокими вилоят Нормат Турсунов, ҳокими ноҳия Азамат Файзиев, сарвари сектори дуюм ва роҳбарони дигар муассисаву ташкилотҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа.

Дар ҳамин маврид мехостем, ба нуктаи дигар таваҷҷуҳ кунем. Аз соли 2018 тибқи Фармони Президент барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» қабул гардид. Инчунин, аз соли 2023 мизони «Хонадони обод – кӯчаи обод – маҳаллаи обод» роҳандозӣ шуд. Тӯли шаш соли гузашта дар доираи ин барномаҳо ва мувофиқи мизони нав аксар маҳаллаҳое, ки вазъи душвори иқтисодиву иҷтимоӣ доштанд, обод гардида, ба худ намои замонавӣ гирифтанд.

Дар натиҷа, барои аҳолии аксар деҳаҳои дурдаст низ шароити мусоид фароҳам гардид, инфрасохтори роҳу нақлиёт, муҳандисӣ, коммуникатсионӣ беҳтар шуд, объектҳои гуногуни иҷтимоӣ қад афрохтанд.

Бино ба маълумоти хидмати матбуоти Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон танҳо дар соли 2024 барои 252 маҳалла бинои нав сохта шуд ва ҳоло дар 178 маҳалла корҳои сохтмон идома дорад. Инчунин, дар давоми соли гузашта бинои 471 маҳалла таъмир ва 59 маҳалла тармим гардид.

Ин рақамҳоро беҳуда наовардем. Чунки дар пушти ҳар як рақам миллиардҳо сӯм маблағ мехобад. Яъне ҳамасола дар мамлакати мо бо мақсади афзунсозии мақом ва нақши институти маҳалла, ки ҷузъи ҷудонопазири давлатдории миллӣ ба шумор меравад, обод кардани онҳо триллионҳо сӯм маблағ ҷудо ва сарф мегардад. Вале то ҳол дар шаҳру ноҳияҳо маҳаллаҳое ҳастанд, ки бино надоранд ё дар утоқҳои харобу корношоям фаъолият мебаранд.

Мақоларо бо суханони Перзидент оғоз кардем ва мехоҳем дар анҷом низ нуктае аз паёми шодбошии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба муносибати Рӯзи кормандони маҳалла биёрем: «Мо минбаъд низ барои боз ҳам ободу фаровон кардани маҳаллаҳоямон ба неруву тавоноӣ, дониш ва таҷрибаи ғанӣ, иқтидори бунёдкории Шумо такя мекунем. Чунки, дар бунёди Ӯзбекистони Нав барои мо пойдевори муҳимтарин ва асосӣ ин маҳаллаест, ки дар он овози халқ, фикри мардум устувор аст».

Ин иқтибосро беҳуда наовардем. Мехоҳем масъулону мутасаддиёни соҳа ҷавобан ба ин ҳама ғамхорӣ, эътибори ҳукумат ва эътирофи Сарвари давлат, дар маҳаллаҳое, ки то ҳол бино надоранд ва дар объектҳои валангору вазъи душвор кор мебаранд, шароитро беҳтар созанд. Маблағеро, ки барои соҳа равона мегардад, ҳадафмандона истифода намоянд. Маҳаллаҳоро боз ҳам ободтар созанд ва бигузор, дар радифи онҳо маҳаллаи «Каттасой» ҳам соҳиби бинои худ шавад. Овози халқ, фикри мардуми ин маҳал устувор гардида, дар роҳи рушди мамлакат беш аз пеш талош кунанд ва баҳри шукуфоии Ватани маҳбуб саҳми шоиста гузоранд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: