МАҲФИЛИ АДАБӢ ХОТИРМОН БУД

Ба наздикӣ бахшида ба 70-солагии ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоирон – аъзои иттиҳодияҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон) ва Абдулло Субҳон вохӯрӣ баргузор гардид.

Суҳбат бо инсонҳои огоҳу донишманд монанди борони баҳорист, дилҳоро тару тоза ва зеҳнро равшан месозад, ки боиси сарсабзӣ мегардад.

Мо – донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ аз андешаҳои пурғановати шоирони маъруфамон – Паймон ва Абдулло Субҳон, суханони нависанда ва мутарҷими моҳир Юнуси Имомназар як олам баҳра бурдем.

Дар чорабинӣ аз ашъори шоирон намунаҳо қироат намудем ва устодон онҳоро таҳлил карда, камбудиву нуктаҳои нозукро барои такмил нишон доданд. Маслиҳатҳои эшон барои мо ҳамчун чароғи равшан дар роҳи эҷодӣ хидмат хоҳад кард. Барои болида сохтани рӯҳияи донишҷӯён устодон порчаҳои шеърӣ қироат намуданд, ки ин ба маҳфил ранги дигар бахшид.

Рушду шукуфоии ҳар миллат ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ба рушди илму фарҳанг ва фаъолияти тарҷумонӣ вобастагӣ дорад. Зимни маҳфил устод Юнуси Имомназар нақши тарҷумониро арзёбӣ намуда, ҷиҳатҳои нозуки онро шарҳу эзоҳ дод.

Ин вохӯрӣ барои мо – донишҷӯён як таҷрибаи бебаҳо ва хотирмон гардид.

Аз чунин фурсат истифода намуда, ба созмондиҳандаи маҳфил – Маркази милливу мадании тоҷикони шаҳри Тошканд – «Ориёно» изҳори миннатдорӣ менамоем. Ин суҳбат на танҳо ба донишамон афзуд, балки моро рӯҳбаланд сохта, ба талошҳои нав ва омӯзиши бештари дониш роҳнамун кард.

Ҳақ бар ҷониби шоири бузурги порсигӯ Соиби Табрезист, ки фармудааст:

Суҳбати дарёдилон, Соиб, баҳори раҳмат аст,

Мумро дар як нафас ин қавм анбар мекунанд.

Ф.Аслонов, донишҷӯйи ДДОЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: