БА МАКТАБҲО КОРВОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ОМАД

Ҳамкорӣ ва пайвастагӣ дар ҳама кор самараи худро медиҳад. Мо – гурӯҳи омӯзгорон тавассути роҳандозии ҳамкорӣ бо матбуот, як қатор натиҷаҳоро ба даст овардем ва ба маъное ба мақсади худ расидем. Яъне, таи чанд сол муаллимону донишомӯзони мактабҳои тоҷикии кишвар аз саривақтӣ дастрас нагардидани китобҳои дарсӣ душворӣ мекашиданд.

Хурсандибахш аст, ки дар анҷоми соли гузашта бо назардошти муроҷиатҳои омӯзгорон дар фазои маҷозӣ, гурӯҳҳои телеграм аз рӯйи ин мушкилот дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (№92, 16 ноябри соли 2024) мақолаи Фаридуни Фарҳодзод таҳти уновни «Китобҳои дарсӣ кай дастрас мегарданд?» нашр гардид. Аз гӯшаву канори мамлакат мардум низ роҷеъ ба ин масъала муносибати худро баён карданд. Аксар дархости муштарак доштанд: ба донишомӯзон сари вақт дастрас кардани китоби дарсӣ. Ғайр аз ин, дар шумораи 95-уми рӯзнома аз 27 ноябри соли 2024 мақолаи омӯзгори тоифаи олӣ Ҳотамалӣ Раҳматов таҳти мавзӯи «Шакли электронии китобҳои дарсӣ ҳаст, аммо...» чун акси садо ба мақолаи болоӣ интишор шуд.

Ба андешаи мо мақолаҳое, ки зикрашон дар боло рафт, чун гиреҳкушои қазия хидмат карданд. Ин буд, ки аз байн чанд муддат гузашту корвони китобҳои дарсӣ ба мактабҳо омад. Хусусан, барои синфи якум китобҳои дарсии «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» (қисмҳои 1-2), «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» (дафтари машқ), «Информатика ва технологияҳои ахбор» (дафтари машқ), «Тарбия», «Санъати тасвирӣ», «Математика» (қисми 3) «Фанҳои табиӣ»(қисмҳои 1 ва 2), «Технология» ва «Саводомӯзии мусиқӣ» дастрас шуд. Барои синфи дуюм«Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш »(қисми 2) «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш» (дафтари машқ, қисми 2), «Фанҳои табиӣ» (дафтари машқ, қисми 2), «Информатика ва ахбор» (китоб ва дафтари машқ, 2 қисм) барои синфи 3-юм дафтари машқи «Саводомӯзӣ» (қисми 2) , барои синфи 4 китоби «Хониш», «Забони тоҷикӣ», «Тарбия» (дафтари машқ) дастрас шуд. Барои синфи 5 «Забони тоҷикӣ» (қисмҳои 1 ва 2), «Адабиёт» (қисмҳои 1 ва 2), барои синфи 8 бошад, «Таърихи Ӯзбекистон», барои донишомӯзони синфҳои 10-ум «Тайёрии ибтидоии тодаъватӣ», «Адабиёт» дастрас гардиданд.

Дар бораи дастрас шудани китобҳо ба дигар мактабҳо низ омӯзгорон дар гурӯҳҳои телеграмӣ навиштанд ва шодмонии худро баён карданд. Аз ҷумла корманди мактаби 47-уми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд Шоҳрух Тоҷибоев низ аз омадани китобҳо хабар дод ва гуфт, ки барои синфи якум «Алифбо», «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш», «Тарбия», барои синфи 5-ум «Забони тоҷикӣ» (қисмҳои 1 ва 2), «Адабиёт» (қисмҳои 1 ва 2), барои синфи 10 «Забони тоҷикӣ», «Адабиёт» (қисмҳои 1,2) дастрас гардиданд.

Хулоса, рӯзнома ҷиҳати ҳифзу таҳкими фарҳанги миллӣ арзиши воло дорад. Инчунин барои ҳалли масъалаҳои муҳими рӯз хидмат мекунад. Дар ин раванд мо танҳо дастро ба даст диҳему ҳамовозу ҳамдигарфаҳм шуда, рӯзномаро ба чашми хирад бинему дастгирӣ кунем ва бо он ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монем, кифоят аст. Зеро таҳририяти «Овози тоҷик» иқдом карду мушкилотро омӯхт, онро баррасӣ ва эълон кард. Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ бошад, бобати ҳалли он кӯшиш ба харҷ дод ва инак, китобҳои дарсӣ ба мактабҳо дастрас гардиданд. Барои чунин ҳол хостем миннатдории кулли мактабиёнро ба ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» изҳор намоем. Зеро онҳо ба дарди дабистонҳо дармон шуда тавонистанд. Зиҳӣ, рӯзномаи маҳбуби халқ, «Овози тоҷик»!

Хушбахтҷон БОБЕКОВ,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии

рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: