ИНТЕРНЕТ БА МО ЧӢ ХЕЛ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Оё шабакаҳои иҷтимоӣ – фазои маҷозии рӯзгори мо, мухтасаран Интернет ба ташаккули шахс, аз ҷумла шахсияти ҷавонон таъсире доранд?

Алҳол шабакаҳои иҷтимоӣ, бидуни тардиду бе ягон муболиға ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мо ворид шудаанд. Онҳо ба хусус, завқу шавқи ҷавонони моро бештар ҷалб карда, баъзан ҳатто низому мароми ҳаёти эшонро таъйин ва мушаххас менамоянд.

Дар ин маврид саволи ҳаққонӣ ба миён меояд:

Оё шабакаҳои иҷтимоӣ – фазои маҷозии рӯзгори мо, мухтасаран Интернет ба ташаккули шахс, аз ҷумла шахсияти ҷавонон таъсире доранд?

Посух ягона ва қатъист, бояд иқрор кард, ки дар замони кунунӣ Интернет дар ин бобат, яъне ташаккули ҷавонон ба сифати шахс нақши бағоят бузург мебозад. Он қисми ҷудонопазири ҳаёти ҳамарӯза гардид, ба мулоқоту суҳбати маҷозӣ, пешрафту такомул ва дастрас кардани ахбору маълумоти мухталиф имкон фароҳам овард. Шароити шиносоиву ошношавиро ба олами бузург, бурду бохт, нишоту андӯҳ ва ғайра бештару беҳтар намуд.

Яке аз бартариҳои асосии Интернет қулаии мулоқоту суҳбат ва муомилаву ошноист. Ҷавонон метавонанд бо аҳли оила, дӯстону қарибони худ, ҳатто дар масофаҳои дур ҳам дар алоқа бошанд, суҳбат кунанд, аз рӯзгори онҳо воқиф шаванд, дар бораи худ ва рӯзгори хеш маълумот диҳанд.

Барилова шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарёфти дӯстони нав, табодули афкору андеша бинобар масъалаҳои мухталиф кумаки беминнат мерасонад.

Вале баробари ин ҷиҳатҳои хубу мусбат шабакаҳои иҷтимоӣ дар замири худ хавфу хатари муайяне ҳам доранд.

Ҷомеашиносон собит карданд, ки алҳол инсоният бо ҷараёну равандҳои назоратнашавандае, ки ба шуури ӯ таъсири нохуш мерасонанд, ба озодии андеша ва истифодаи озодона аз вақти вай монеа мешаванд, рӯ ба рӯ шудааст.

Яъне алҳол Интернет барои ҷавонон на фақат манбаи беохири иттилооту ахбор аст, балки боз ба воқеияти алтернативие низ табдил меёбад. Ин боиси он мегардад, ки ҷавонон аксаран ба тобиши бартарии чунин воқеият бар ҳаёти «одативу воқеӣ» бовар мекунанд, дар онҳо зарурияти пайгирӣ аз давъат ва қонунҳои он пайдо мешаванд. Имрӯз қонеъ сохтани талабот ба ин ё он ахбор, дарёфти ҳаллу фасли масъалаҳои бисёр хеле осон шудааст. Ҳамаи ин, дар навбати худ, муғҷаҳои нахустини шавқу ҳаваси худҷӯйиву худёбиро хазон мекунанд, иқтидорро коҳиш медиҳанд. Ҷавонони кунунӣ дар вазъи аз дастгирии иттилоотӣ маҳрум мондан, саросемагиву саргарангӣ ва дармондагӣ захираҳо, донишҳои худиро бо душворӣ ба воқеият таҷассум ва татбиқ менамоянд.

Ғайр аз ин, фурӯравӣ ба воқеъияти маҷозӣ ба сифати иртиботии инсон таъсири манфӣ мерасонад, ҳамчунин ба вазъи ҷисмониву ҳиссии ӯ асорати нохуш мегузорад. Яъне вай ҳар қадр, ки ба ин шабакаҳо ғӯтавар шуд, ҳамон андоза фурсаташ ба муоширати зинда, суҳбати рӯёрӯ кам мемонад.

Боз як масъалаи муҳим, ин таъсири шабакаҳо ба худбаҳодиҳии ҷавонон, ба рӯҳияти онҳост. Суратҳо ва воқеаву ҳодисаҳои аз будашон зиёдтар тавзеҳу тафсиршударо дидаву хонда, аксар ҳангом наврасон худ ва ҳаёти хешро бо онҳо қиёс мекунанд, ин метавонад сабаби нобоварӣ ба хеш, ҳатто рӯҳафтодагӣ гардад.

Хулоса, шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон ҳам асорати хубу мусбат ва ҳам таъсири нохушу манфӣ расонда метавонанд. Муҳим он аст, ки аз имкониятҳои Интернет дуруст ва бамавриду бамавқеъ истифода бурда шавад, эътидоли байни ҳаёти маҷозиву воқеӣ ҳифз гардад.

Падару модарон ва омӯзгорон бояд ба ҷавонон, ба хусус наврасон, барои ташаккулёбии муносибати бошууронаи онҳо ба соҳати миҷозӣ кумак расонанд, онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кунанд, то фазои мазкур барои эшон манбаи мушкилот не, балки воситаи пешрафту камолот гардад.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон, таҷрибаомӯз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: