ДАР ГАРМХОНА 25 НАФАР БО КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Дар маҳаллаи Эҷодкори ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон баҳри банд кардани шаҳрвандон бо кор як қатор корҳо дар амал иҷро шуда истодаанд.

Бо кӯмаки «ҳафтгона»-и маҳалла соҳибкор Собитхон Турсунов ва фарзандони ӯ дар 80 сотих майдон гармхона барпо намуд. Дар гармхона барои парвариши помидор шароити мусоид офарида шудааст. 25 нафар бо кори доимӣ ва беш аз 70 нафар бо кори мавсимӣ банд мебошанд. Гуфта мешавад, ки аз ниҳоли помидор, қаланфури булғорӣ ва ҳосили онҳо соле 300 миллион сӯмина, аз ниҳоли гул бошад, 100 миллион сӯмина даромад гирифта истодаанд.

Суратгир: Ҳ. Мамадалиев. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: