Паймон ошиқи беқарори баҳор, шефта ва дилбохтаи Наврӯз аст. Бе муболиға, яке аз пурбортарин шоирони муосири тоҷик, ки вассофи баҳору Наврӯз бошад, Паймон аст.
Соқӣ ба маънии обдеҳ, майрез, шаробгардон аст, яъне касеро гӯянд, ки ба дигарон об ё шароб медиҳад. Аммо дар шеъри шоирони роҳафтода ба нудрат бо ин маънии омиёна меояд. Зеро фикру зикри аҳли нозукбаён ҳамеша даргири офаридани маъниҳои пӯшида, рамзомез, ташбеҳу истиорадор ва суханпардозиҳои сӯфиёнаи ширин аст, ки аз пайи ин гуна лутфу ҳусни баён дилдодаҳои шеър мухлис мешаванд. Ва дар ин гуна ашъор камтарин маънии оммафаҳми «соқӣ» агар аз як сӯ муршид ё пири комилро ифода кунад, аз ҷониби дигар, шояд ба истилоҳи «кӯзагар»-и ҳакими нишопурӣ наздик бошад, ки он эъҷозкунанда, офаранда, гардонандаи чархи гардуну рӯзгори инсонҳост. Азбаски «соқӣ» соҳиби чарху дунёи ҳастии мост ва имрӯз нашъаи рӯшноии ҳаётро бароямон арзонӣ доштааст, бояд мо низ шукргузор бошем ва ба қадри ин зиндагии дастдода бирасем, чунончи:
Ин чарх мудом дархури мо нарасад,
В-ин дам, ки зи мост, балки фардо нарасад.
Бар ҳиммати соқӣ шукр мебояд гуфт,
К-ин коса аз ӯ боз расад ё нарасад?
Вақте ки шоири роҳафтода килки сухан меронад, саъй мекунад ба хотири офаридани «меваи обдор» сеҳру эъҷозе дар гуфтаҳои худ дошта бошад ва дуруст нест хонанда саъю талош ва руҳияи ӯро нодида гирад ё дар фаҳму дарки маҳсули хомаи ӯ саҳлангорӣ намояд. Дар идомаи гуфтаҳои боло, вожаи «ёр» низ истилоҳи оммафаҳм аст: мададкор, дӯст, ҳамдам, ҳамроҳ, маҳбуб, маъшуқ... Аммо ёри шоир ба маънии маъмулӣ кам меояд ва манзури сухангустар бештар ишора ба ёри тавоноест, ки кас метавонад ба он такя кунад, аз ӯ қувват гирад, дар паноҳи ӯ амон ёбад. Инсон ҳанӯз аз замони арзи вуҷуд ниёз ба чунин ёре доштааст ва ҳар гоҳ дар ҳолати аҷзу нотавонӣ ба он рӯй меовардааст ва номи олии ин ёрро Офаридгор, Яздон, Худованд... номидааст. Шоири роҳафтода дар ҳама ҳолат бо ин эътиқод устувор монда, саъй мекунад алоқамандони худро низ аз пайи худ бибарад:
Ҳарчанд ки масту майгусорем мудом,
Шӯридаи ишқи гулузорем мудом.
Бо ин ҳама аз хаёлат озод наем,
Мо «даст ба кору дил ба Ёрем» мудом.
Он отифае, ки ҳар кас ва ба хусус, шоирро ба манзили мурод мерасонад, ишқ аст. Дар асл, ин отифа ду навъ аст: ишқи инсонӣ ва ишқи маънавӣ ё ба ибораи дигар, ишқи заминӣ ва ишқи илоҳӣ. Сараввал ишқ ба садоқат бастагӣ дорад, ончунон садоқате, ки асрори қалби худро бо дигаре дар миён гузошта тавонем. Бо ин манзур ба ҳарфҳои якдигар гӯш медиҳем, зеро ба гӯш додан ниёз дорем ва аз пайи он бо ҳам дарди дил мекунем. Ин таваҷҷуҳ далел ба муҳаббати мост, ки бо мурури замон робитаи ишқӣ ва самимияти воқеиро ба бор меоварад. Ишқ чизе нест, ки онро биёбем ё ба даст оварем, балки он чизест, ки дар вуҷуди худ эҷод мекунем ва ба дигарон медиҳем. Дигаронро дӯст доштан ва садоқат варзидан дар мактаби ишқ арзиши зиёд дорад. Ишқ неруи моддӣ нест, балки қувваи руҳиест, ки дилҳоро ба ҳам мепайвандад, зеро ҳар кас ба чунин эҳсоси меҳру шафқат ва латиф ниёз дорад. Ин ҳама, ки боиси шинохтани худ ва расидан ба хостаҳои руҳиву ҷисмонӣ мегардад, камоли ишқи инсонӣ аст ва маҳз дар ҳамин замина роҳ ба сӯйи ишқи маънавӣ боз мешавад. Шоирони роҳафтода мисли одамони қаторӣ бо ишқи заминӣ қонеъ намешаванд, зеро тафаккури онҳо хостаҳои бештар дорад. Эшон бо дилпурӣ ба дунёи ишқи маънавӣ фурӯ мераванд, ба оламе, ки пур аз саховат, хайрхоҳӣ ва таҷаллии руҳи илоҳист. Аз ин хотир, шоир бо дилпурӣ мегӯяд:
Нафасам каломи ишқ аст,
Хирадам куноми ишқ аст.
Ғазалу таронаи ман
Асари қиёми ишқ аст...
Ғараз ар шаҳаст, Паймон,
Бахудо, ғуломи ишқ аст!
Ин ҷо ошиқи Соқиву Ёри лоязол ба мо як зарра дарди дил кардаву худро ошкор сохт ва эътироф кард, ки ӯ Паймон аст. Ин шоири роҳафтода масири парвозҳои хаёлии худро, ки бо ишқи доманадор аз воқеият маншаъ гирифтааст, интихоб намуда, саъй дорад қадамҳои боустувор дар ҷодаи шаҳрҳои ишқ гузорад. Ӯ ин қотеиятро аз гузаштагон омӯхтааст ва ба гуфтаю машваратҳои аҳли каломи даври худ, мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон гӯш дода, ба маврид хулоса баровардааст. Воқеъан, Паймон аз ин бузургон ёддошту хотираҳои нек дорад ва суҳбату ҳангомаҳои ширини онҳоро зуд-зуд ёдовар мешавад. Минҷумла, дар яке аз саҳифаҳои дафтари хотироташ овардааст:
«...Ниҳоят, бо мушояати устод Лоиқ ба дафтари кори бонуи шоир Гулрухсор омадам. Мебоист маҷмуаи ашъорам баррасӣ ва таҳлил шуда, ба дасти чоп супурда шавад. Дар сурате ки интизор набудам, шоири зебочеҳра бо арзи латофати беҳамто маро бо камоли мамнуният истиқбол намуд...
Шоир пас аз мутолиаи дастнависҳои банда каме пешонӣ чин карда ба сухан омад:
– Шеърҳои хуб доред, банду басти рубоию дубайтиҳоятон қавӣ, вазну мантиқ риоят шудааст, вале чаро исматон ҳамхони сурудаҳоятон нест? Дар Самарқанд чунин номгузорӣ иқдоми тоза аст?
– Не, бо амри тақдир чунин шуда, номам меросист. Вақте ки ба дунё омадаам, бобоям пештар даргузаштаанд ва падарам исми маро гузошта: Тӯхтамиш Тӯхтаев.
– Бо ҳамин ном мехоҳед дар адабиёт ҷойгоҳ гиред?
– Ғазалгунаҳое дорам бо тахаллуси «Паймон».
– Ин гапи дигар! Барои аҳли пайвандатон шумо Тӯхтамиш, барои мо – Паймон...»
Оре, маҳз бо тахаллуси «Паймон» шоир роҳи сухангустарии худро дарёфт ва бо мурури замон дар байни хосу ом шинохта шуд. Беш аз ҳама эҳсоси ошиқонаи ӯ буда, ки аз зодбуми бобоӣ ва манзараҳои дилфиребу табиати муаттари он нашъа бурдааст, ба дунёи бекарони дурдонаҳои назму насри тоҷик фурӯ рафтааст, аз дӯстону атрофиёни поку олиҳиммат ибрат андӯхтааст ва ашъоре дилписанд дар китобҳое, мисли «Санги навишта», «Шабовез», «Шабоҳанг», «Шабогард», «Даҳ пурсишу даҳ посух», «Девон»-и ғазалиёт ва ғайра гирдиҳам овардааст.
Ватанро ёфтам аз санги Синтоб,
Зи оби рӯди хушоҳанги Синтоб.
Ба рӯйи каф ҳамам гиранд, охир
Бимонам боз андар чанги Синтоб.
Ин руҳия, ки гувоҳӣ аз ишқи бепоёни шоири роҳафтода ба ватани бобоӣ аст, дар саросари навиштаҳояш мушоҳида мешавад. Барои ӯ деҳаи хушманзари Синтоб, боғу гузарҳо, дараю ағбаҳо, шаршару баландиҳои ҷонбахши Шикамтӯда, Чорхона, Бибикон, Таллисӣ, Ҳисор, Регак, Баландиҳои Сум ва Шаҳидон, Таррор, Чордара, Кадван, Хункишт, Ҷавак, Гӯзбун, Обҷиҳ (Обҷаҳ), Зӯроват, Фозилмон ва ғайра манбаи илҳом будаанд.
Аз Обҷаҳ садои обшор мерасад,
Ба руҳу ҷон ҳавои чашмасор мерасад.
Мабош бехабар, ки зиндагӣ ба коми туст,
Баҳор мерасад, бубин, баҳор мерасад...
Гузашта аз ин, Паймон ошиқи беқарори баҳор, шефта ва дилбохтаи Наврӯз аст. Бе муболиға, яке аз пурбортарин шоирони муосири тоҷик, ки вассофи баҳору Наврӯз бошад, Паймон аст. Ӯ аз ҷоми Наврӯз нӯши роз мебарад, сар ба пеши пойи Шоҳи Наврӯз мениҳад, чун ҳабу маъҷуну мӯмиё ҳавои Наврӯзро дармонбахш мехонад, айёми Наврӯзро чун дами Исо ҷонбахш медонад, Наврӯзро чун соқие, ки шароби ишқ диҳад, васф мекунад, дар Наврӯз дарвешро ба тахти шоҳӣ менишонад, ҳини Наврӯз розҳои пинҳонро чун шабнами рӯйи гул мебинад, бо арӯси наврӯзӣ ба манзилу хонаҳо зебу ҳавои тоза мебахшад, дар айёми Наврӯз андалебу бойчечаку сунбулро ба ишваю ноз мерасонад, бо дидани абрҳои наврӯзӣ айёми кӯдакиро ба ёд меоварад... Ин ишқи беохир буда, ки бо шунидани навиди тоза бо шӯру ҳаяҷон сурудааст:
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама олам,
Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!..
Соҳибсухано, имрӯз, андар сифати Наврӯз,
Паймон натавонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Оре, шоир дилбастаи баҳору Наврӯзи нозанин аст ва ҳусни зебои ин айёми фараҳбахшро бо латофату афсуни ёри худ ҳамсон мебинад. Бо ин дилбастагӣ гӯё шиоре ба миён меоварад ва бо қатъият мегӯяд:
Мафтуни баҳор будаму хоҳам буд,
Дилбанди нигор будаму хоҳам буд.
Бар файзи баҳорону бар афсуни нигор,
Як умр хумор будаму хоҳам буд!
Аз сӯйи дигар, ишқи самимии шоир то ҷое доман афрошта, ки зуд-зуд аз он накҳати сурудаҳои пешиниён ба машоми ҳис мерасад, гӯё ӯ хаёлангезиҳои ширини гузаштагонро аз нав эҳё мекунад. Дар шеъру ғазалҳояш боди сабо ба нозанинон паёми меҳр мерасонад, олиҳаи армон ба ошиқи беқарор хумору фараҳ ато мекунад, бар замми пушткӯзаӣ ба дӯши дилфигоре ранҷи ҳаҷри ёр низ бор мешавад, дилдодае ба хотири васли ёр умре бо умед дар намоз менишинад, бодаи ҷоми ошиқ мазаи току таъми гилу хоки ватан медиҳад, тири ҷаста аз камони абрӯ ҷони хастаро дарднок мекунад, ошиқи бодапараст сар то по дар оташи май мепазад, зи хуруҷи бути шӯрида ҳуш аз сару сабр аз дилҳо меравад, ба карами ёр дилҳо ба низом омада маъниву калом мебаранд, аз пайи парвози мурғи илҳом дубора Рӯдакӣ бино мешавад, Фирдавсӣ тоҷи Аҷамро ба сар мекунад, Саъдӣ дар маснади ганҷи ҳикмат қарор мегирад, Ҳофиз дардҷӯйи кулли ошиқон мегардад, Низомиву Румӣ, Камолу Ҷомӣ, Иқболу Айнӣ бо шаҳомати тоза дар дилу дидаҳо зинда мешаванд...
Бешак, сухани шоир дилчаспу гуворо аст. Шоир касест, ки аз дили дигарон огоҳ буда, сифату хислатҳоеро мисли шодию нишот, ғаму андуҳ, покиву ростӣ, касофату каҷӣ, саъю талош, танбалию коҳилӣ, умеду орзу, беғамию бемаслакӣ бо каломи шево ва муассир баён медорад. Ӯ фақат мегӯяду ба қалам медиҳад, аз он пас навиштаҳояш моли дигарон мешавад. Шукри рӯзгору замон, ки мо ҳамасру ҳамқадами ин гуна шоири соҳирқалам ҳастем:
Ба ҳар як субҳу шоми бахши мо шукрона бояд гуфт,
Ба ҳар рӯзу шаби доди Худо шукрона бояд гуфт...
Ба ҳар фурсат, ки баҳри зиндагонӣ медиҳад фурсат,
Ба ҳар дам, к-он бувад пайки бақо, шукрона бояд гуфт!
Юнуси Имомназар,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.