ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ УМУМИХАЛҚИИ НАВРӮЗ ДАР СОЛИ 2025

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Наврӯзи олам, чун рӯзи фархундае, ки Соли нави шарқӣ оғоз мешавад, тӯли асрҳо ҳамчун рамзи баҳор, некӯӣ, меҳру оқибат, меҳнат ва бунёдкорӣ дар ҳаёти иҷтимоию маънавии кишварамон ҷойгоҳи беҳамторо ишғол кардааст.

Ин айёми мунаввар ба ғояи наҷиби «Барои қадри инсон, барои бахти инсон», ки солҳои охир дар Ватани мо амалӣ мегардад, ҳамоҳанг шуда, ба маънои аслӣ  ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфт ва дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакатамон васеъ таҷлил мегардад.

Инсонпарварие, ки дар рӯҳу фалсафаи ин фасли бузург таҷассум ёфтааст, тамоюлҳои эҳтиром ба одамон ҳамчун гултоҷи олами ҳастӣ, ҳифзи модар-замину табиат дар ҳаёти имрӯзаи мо равшантар зоҳир мешавад.

Маҳз ба туфайли чунин арзишҳои накӯ, дар мамлакати мо таъмини манфиатҳо ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, аз меҳру эътибор дар канор нагузоштани ҳеҷ як фарди ҷомеа, обод кардани шаҳру деҳот, истифодаи оқилона аз захираҳои замину об ва тамоми сарватҳои табиӣ ба вазифаи афзалиятнок табдил меёбанд.

Аз ин рӯ, шодиёнаҳои Наврӯзи имсола, ки дар “Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти “сабз” таҷлил мешавад, рӯҳу мазмуни тозае хоҳад гирифт.

Бо назардошти нақш ва аҳамияти беҳамтои Наврӯзи олам, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст,  дар таҳкими фазои осоишта, дӯстиву ҳамҷиҳатӣ ва рӯҳияи ваҳдат дар ҷомеаи сермиллати мо, инчунин, бо мақсади ба таври шоиста ва муносиби тавоноиву нуфузи имрӯзаи Ӯзбекистони Нав истиқбол намудани ин айём:

1. Ҷашни умумихалқии Наврӯзи соли 2025 дар мамлакат таҳти ғояи асосии «Арзишҳоят поянда бод, Наврӯз!» дар шакли сайрҳои умумихалқӣ дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

2. Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, Агентии кор бо ҷавонон, Маркази Маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва Бунёди «Нуроний» Консепсияи ғоявӣ-бадеии ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2025 (минбаъд – Консепсия) тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

3. Ҳайати Кумитаи тадорук (минбаъд – Кумитаи тадорук) оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯзи соли 2025 мутобиқи замимаи 2 тасдиқ гардад.

Кумитаи тадорук (А.Н.Арипов) дар муҳлати як ҳафта дар асоси Консепсия барномаи чорабиниҳои ташкилӣ-амалӣ, фарҳангӣ-маънавӣ ва тарғиботиро аз рӯйи истиқболи муносиби ҷашни умумихалқии Наврӯз дар шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва марказҳои вилоятҳо, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, деҳаву авулҳо таҳия ва тасдиқ намоянд, инчунин, татбиқи онро таъмин созанд.

4. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани тамоми чорабиниҳои бахшида ба ҷашни умумихалқии Наврӯз мутобиқи арзишу анъанаҳои миллӣ, мазмуну моҳияти ислоҳоти имрӯза, самт ва тавсияҳои асосии Консепсия, инчунин таъмини иштироки фаъоли ҳамватанон дар он ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад:

баргузор намудани чорабиниҳои идона бо мазмуну шакли муассир, ки бедории олами ҳастӣ, ҳамоҳангии байни инсону табиат, меҳру таваҷҷуҳ ба модар-заминро ифода намуда, ҳамватанони моро ба қадрсозии зиндагии орому осудаи имрӯза ва бо ҳисси шукрона зиндагӣ кардан водор намоянд;

инъикос намудани созгории ислоҳоти бунёдии демократии дар мамлакат татбиқшаванда, дигаргуниҳои мусбӣ, ки дар ҳаёти рӯзмарра, шуур ва ҷаҳонбинии мардуми мо ба амал меоянд, бо моҳияти башардӯстона ва фарогиранда, арзишу анъанаҳои абадии Наврӯз;

бо назардошти истиқболи ҷашни Наврӯз дар моҳи шарифи Рамазон, эъзози ҳамаҷонибаи авлоди пиронсол, бахусус, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва собиқадорони фронти меҳнат, хабар гирифтан аз аҳволи истиқоматкунандагони хонаҳои «Меҳрибонлик», «Саховат» ва «Мурувват», инсонҳое, ки дар дафтарҳои ҳифзи иҷтимоӣ сабти ном шудаанд ва ба кумак ниёз доранд, барои онҳо оростани дастархони идона ва баргузории чорабиниҳои гуногуни хайр;

татбиқи чорабиниҳо, ки дар лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” муайян гардидаанд, дар арафаи ҷашн гузаронидани корҳои ободонӣ ва сабзазоргардонӣ, ҳашарҳои умумихалқӣ дар тамоми минтақаҳо, кӯча, маҳалла, ноҳия ва шаҳрҳо;

бо мақсади таҳкими муҳити дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни миллатҳо, ки дар ҷомеаи мо пойдор аст, ба таври васеъ намоиш додани урфу одат, анъана ва арзишҳои миллии намояндагони миллату халқиятҳои гуногун;

дар идомаи чорабиниҳои идона гузаронидани намоишгоҳҳои ҳунармандӣ, мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои варзиши миллӣ, ташкили намоишгоҳҳои китоб, ярмаркаҳои маҳсулоти арзони кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, дӯконҳои сайёри савдо, омодасозии таомҳои баҳорӣ ва дар ин бора доир намудани савдои намоишӣ ва озмунҳо;

тарғиби васеи таърихи ҷашни Наврӯз, расму оинҳои хосаи ҳар як минтақа ҷиҳати гузаронидани он дар чорабиниҳои идона, ки дар тамоми шаҳру деҳот баргузор мешаванд, инчунин дар воситаҳои ахбори оммавӣ;

дар асоси барномаи алоҳида ташкили сайрҳои мардумӣ дар маҷмааи “Ӯзбекистони Нав”-и шаҳри Тошканд.

5. Вазорати фарҳанг (О.Назарбеков) якҷо бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ (О.Ҳасанов), Иттифоқи нависандагон (С.Саидов) дар муҳлати як ҳафта муфовиқи Консепсия барнома ва сенарияи намоишҳои асосии театрикунонидашудаи консертиро, ки дар шаҳри Тошканд ба муносибати ҷашни Наврӯз гузаронида мешаванд, таҳия намояд;

6. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон,  ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд:

а) дар муҳлати як ҳафта бо назардошти нуктаҳои зерин барномаи чорабиниҳои минтақавиро аз рӯйи гузаронидани сайрҳои умумихалқии Наврӯз таҳия ва тасдиқ намоянд:

бо услуби миллӣ ороиши идонаи майдонҳои асосӣ, кӯча ва хиёбонҳо, ки сайрҳои умумихалқӣ ташкил мегарданд;

андешидани чораҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди бадеӣ тайёр кардани сайр ва тамошоҳои мазкур якҷо бо сенариянависон ва режиссёрҳои пуртаҷрибаи маҳаллӣ, композиторону бастакорон, балетмейстерҳо, рассомони саҳна, иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод ва намояндагони санъати фолклор;

дар доираи чорабиниҳои идона гузаронидани бозиҳои мардумӣ, намоишнома ва намоишгоҳҳои хоси ҳар як минтақа ва ташкили ошхонаҳои кушоди фурӯши таомҳои баҳорӣ;

б) ҳангоми омода кардани барномаҳои идона ва тамошоҳои оммавӣ, оро додани кӯча, майдон ва хиёбонҳо гурӯҳҳои эҷодӣ иборат аз мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шаванд;

в) гузаронидани тамоми чорабиниҳо бо риояи қатъӣ ба талаботи бехатарии ҷамъиятӣ таъмин гардад.

7. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти гузаронидани чорабиниҳои идона:

дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд дар ҳиссаи баробар;

дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби маблағи дахлдори буҷаҳои маҳаллӣ ва хайрияҳои ҳомиён сарпӯш карда мешаванд. 

8. Ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии иттилоотии «Дунё» ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки рафти корҳои ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани ҷашни умумихалқии Наврӯз татбиқшавандаро ҳамаҷониба инъикос намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Қ. Абдураҳмонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон       Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

21 феврали соли 2025.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: