Чаро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакати мо ҳодисаҳои ба роҳ мондани таълими ғайриқонунии динӣ ба мушоҳида мерасанд? Оё намешавад, ки хоҳишмандон фарзандони худро бевосита аз роҳи қонунӣ дар муассисаҳои давлатии таълимии динӣ хононанд?
Идораи мусалмонони ҷумҳурӣ дар баробари таълим ба кадрҳои баландихтисоси динӣ, масҷидҳо, муассисаҳои таълимии динӣ ва марказҳои илмию таълимиро таъсис медиҳад, адабиёти динӣ нашр мекунад, бо созмонҳои байналмилалии исломӣ, муассисаҳои динӣ, донишгоҳҳои исломӣ, академияҳо, марказҳои илмӣ ва уламои маъруф ҳамкорӣ менамояд, моҳияти башардӯстонаи исломро тарғиб мекунад, ваҳдати мусулмононро нигоҳ медорад, таҳаммулпазириро таъмин мекунад ва ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад.
Ҳоло дар кишвар 14 идораи минтақавӣ ва 2 ҳазору 145 масҷид фаъолият мекунанд. Дар онҳо беш аз 3 ҳазору 500 имомхатибон, муовинони имомхатибон ва воизҳо кор мекунанд. 14 муассисаи таълимии динӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таълимоти олӣ ва 10 муассисаи миёнаи махсуси исломӣ, ки 2-тои он барои занон тахассус дода шудааст, соҳаро бо кадрҳо таъмин мекунанд. 110 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимоти олии динӣ муаллимони дорои унвонҳои доктори илм, номзадҳои илм, доктори фалсафа (PhD) ва унвонҳои магистрӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълими миёнаи махсуси исломӣ 253 нафар омӯзгорон ба 1 ҳазору 236 нафар шогирдон дарс медиҳанд. Аз ин шумор 10 нафарро докторҳои илм ва 42 нафарро магистрҳо ташкил медиҳанд.
Таҳти муассисии Идораи динӣ дар Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон системаи таълимии муттасили динӣ ба роҳ монда шудааст, ки барномаҳои магистрӣ ва докторантураи илмҳои исломиро пиёда мекунад. Гузашта аз ин, 5 мактаби махсуси илмӣ машғули фаъолият мебошанд, ки аз рӯи анъанаи «муаллим — шогирд» таълим медиҳанд. Муассисаҳои таълимии динӣ ва мактабҳои илмӣ барои шаҳрвандон курсҳои омӯзишии «Қуръон ва таҷвид»-ро пешниҳод мекунанд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти муфтиёт Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Тирмизӣ бошад, оид ба илми ҳадис ва осори илмии мутафаккирони бузург корҳои зиёдеро зери таҳқиқу пажӯҳиш қарор додааст. Он андешаҳои некиву инсондӯстиро, ки дар ҳадисҳо акси худро ёфтаанд, дастраси мардум мегардонад.
Ҳамасола беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба зиёрати Ҳаҷ ва теъдоди номаҳдуди онҳо зиёрати Умраро анҷом медиҳанд.
Дар робита бо Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» дафтари матбуоти муфтиёт мухтасар маълумот ироа намуд. Маълум шуд, ки он таҳкими заминаи моддию техникии масҷид ва муассисаҳои таълимии динӣ, вақф, закот (фитр, ушр) ва молҳои хайрияро идора ва роҳбарӣ мекунад, корҳоро барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ амалӣ менамояд.
Шаҳрвандон метавонанд аз роҳи саволу ҷавоб масъалаҳои гуногуни диниро фаҳмида гиранд. Барои ин сомонаи «Fatvo.uz» ва «Call center» ташкил шудааст, ки мутахассисони варзида ба саволҳои динӣ тавассути телефон посух медиҳанд.
Дар баробари нашри адабиёти динӣ, барои чопи маҷаллаҳои «Ҳидоят», «Мӯъминалар», рӯзномаи «Ислом нури» низ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хазинаи асарҳои нодир ва дастнависҳои китобхона 3 ҳазор ҷилд дастхат ва 17 ҳазор ҷилд китобҳои литографиро дар бар мегирад. Нодиртарин дастхатҳо «Мусҳафи Усмонӣ»-и ва «Қуръони бузурги лангарӣ» мебошанд. Ин ҷо дастхатҳои Имом Бухорӣ, Имом Мотуридӣ, Имом Бурҳониддини Марғинонӣ, Имом Замахшарӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва дигар мутафаккирони бузург нигоҳ дошта мешаванд.
Акнун суоле ба миён меояд, ки бо вуҷуди чунин имкониятҳои фаровон чаро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакати мо ҳодисаҳои ба роҳ мондани таълими ғайриқонунии динӣ ба мушоҳида мерасанд? Оё намешавад, ки хоҳишмандон фарзандони худро бевосита аз роҳи қонунӣ дар муассисаҳои давлатии таълимии динӣ хононанд? Он гоҳ ин фарзандон аз шахсони дорои салоҳияту маҳорат ва соҳибмалакаву соҳибмаълумот таълими динӣ хоҳанд гирифт.
Дарвоқеъ, барои ҷалби кӯдакону наврасон ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда шудааст. Соли гузашта лоиҳаи чунин як қонун дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз ҷониби вакилон баррасӣ ва мавриди қабул қарор гирифт. Мувофиқи ин қонун барои ҷалби кӯдак ба таълими динӣ нисбати волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст. Яъне, дар сурати ғайриқонунӣ ба раванди таълими динӣ ҷалб кардани кӯдак волидайн ба ҷарима кашида мешаванд. Ҳатто дар сурати такрори чунин раванд миқдори ҷарима афзоиш ёфта ва ё муҷозот ба ҳабси 15 шабонарӯзӣ табдил дода мешавад.
Агар ба мисолҳо муроҷиат карданӣ бошем, дар шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳо чандин мактаби динии пинҳонӣ ошкор гардидаанд, ки созмондиҳандагони онҳо бидуни таҳсилоти касбии динӣ худсарона ва пулакӣ консепсияҳои динии шахсии худро паҳн мекарданд. Аз ҷумла, шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сергелии пойтахт ҳодисаи таълими ғайриқонунии динии шаҳрвандонро бо баҳонаи таълими забони арабӣ дар маркази таълимии «Yasin academy» ошкор кардааст.
Ин маркази таълими забони арабӣ бидуни иҷоза ду нафарро ба кор қабул кардааст, ки барои таълими динӣ иҷозатнома надоранд. Онҳо ба панҷ нафар ноболиғ бар асоси ақидаҳои шахсии мазҳабӣ таълимоти динӣ додаанд ва хушбахтона, ин ҷинояташон хеле зуд ошкор шудааст.
Дар ҷойи дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкор кардаанд, ки як сокини ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд дар мессенҷери Telegram гурӯҳе бо номи «Дӯстони ман» таъсис дода, дар он ҷо бидуни ҳеҷ маълумоти махсус ба се шаҳрванд ба ивази манфиати шахсӣ ба тариқи онлайн таълими динӣ додааст. Ҳодисаи дигар дар ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахт рух додааст – марде бо ҳамсараш барои ба даст овардани манфиати моддӣ ба чаҳор навраси ноболиғ ғайриқонунӣ таълими динӣ додаанд.
Як сол муқаддам кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ зимни пиёда кардани чорабиниҳои профилактикӣ сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона М.А-ро боздошт кардаанд. Ин шахс бо вуҷуди надоштани маълумоти пурраи динӣ ба 10 нафар ноболиғон бидуни иҷозати мақомоти динӣ таълими динӣ додааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» машғул шудан бо фаъолияти таълимии динӣ берун аз ҳудуди муассисаҳои таълимии динӣ фаъолияти ғайриқонунии динӣ ҳисобида мешавад. Аммо баъди таъини ҷазои маъмурӣ вайрон кардани тартиби таълими динӣ такроран сурат гирад, тибқи моддаи 229 банди 2-и Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани тартиби таълими динӣ) ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Дар вилояти Фарғона як гурӯҳ ҷавонон ба далели дахолат ба гурӯҳҳои ифротӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Дар байни онҳо се нафар ҷавононе ҳастанд, ки дар донишгоҳ таҳсил мекарданд. Онҳо то гаравидан ба гурӯҳҳои мазҳабӣ-ифротӣ аз донишҷӯёни пешқадам маҳсуб меёфтанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».