Таҳти ташаббуси Вазорати саноати кӯҳиву конӣ ва геология ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбеккӯмир» ба ҳавзаи ангиштсанги «Ангрен» барои кормандони расонаҳои хабарӣ медиа-тур ташкил карда шуд.
Даставвал вохӯрии журналистон бо роҳбарият ва ходимони масъули кони ангишти Ангрен баргузор гашт. Баъди шинос шудан ба маълумотҳои даркорӣ журналистон дар давоми чорабинӣ ба ҷараёни кофта гирифтани ангиштсанг бевосита шинос шуданд. Ба коргарон-шахтёроне, ки он ҷо меҳнат мекунанд, ҳамсуҳбат гаштанд.
Ҳаҷми кофта гирифтани ангиштсанг дар ҷумҳурӣ торафт васеътар мешавад. Талаботи соҳаи иҷтимоӣ ва нуқтаҳои саноатӣ дар ин самт мавриди эътибор аст. Таҷрибаи пешқадами хориҷ омӯхта ва амалӣ гардонда мешавад. Агар дар соли 2024 8,4 миллион тонна ангиштсанг кофта гирифта шуда бошад, дар соли равон ба 9 млн. тонна расондани «тиллои сиёҳ» ба нақша дароварда шудааст.
Мутаносибан ба ҷараён миқдори корхонаҳое, ки ба кофта гирифтани ангиштсанг махсусонида шудаанд, торафт меафзояд. 17 коне, ки наванд ва истиқболианд, ба соҳибкорон тақсим гашт. Аз соли 2023 аз ҷониби онҳо зиёда аз 1,1 млн. тонна ангиштсанг (5,6 фоизи ҳаҷми умумӣ) кофта гирифта шуд.
То соли 2023 маҳсулоти ангиштсанг фақат аз ҷониби ҷамъиятҳои «Ӯзбеккӯмир» ва «Шарғункӯмир» кофта гирифта мешуд. Дар натиҷаи модернизатсияи ҶС «Шарғункӯмир» ва пурра амалӣ гардонидани лоиҳаҳои сармоявӣ 900 ҳазор тонна ангиштсанги калорияаш баланд ба бозори дохилӣ фиристода шуд. Навъи ангиштсанги «Тошкӯмир» асосан аз ҷониби ташкилотҳое, ки семент истеҳсол мекунанд, ба коркард фаро гирифта шуда, ба эҳтиёҷи аҳолӣ равон карда намешавад.
Ғайр аз ин, ба кони ангишти Нишбоши ҳавзаи Ангрен сармоя ҷалб карда мешаванд. Дар доираи лоиҳаи нав ангиштканӣ аз соли 2026 оғоз ёфта, аз соли 2028 ин кор пурра ба амал бароварда мешавад. Дар ҷумҳурӣ барои офаридани бозори рақобати озод, қонеъ сохтани эҳтиёҷи аҳолии маҳаллӣ ба ангиштсанг чораҳо андешида мешаванд.
Дар ҶС «Ӯзбеккӯмир» ҷамъ 11 сохтори таркибӣ мавҷуд буда, аз онҳо сетояшон кони ангиштсанг, боқимонда корхонаҳои кумакрасонанд. Дар айни ҳол дар ин ҷо зиёда аз 6 ҳазор нафар меҳнат мекунанд. Қисми асосии ангиштсанг дар конҳои «Ангрен» ва «Апартак» ба тарзи кушод кофта гирифта мешавад. Яке аз корхонаҳои калони истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ кони «Ангрен» ҳисоб ёфта, дар ин ҷо баробари сӯзишвории вазнин каолини сурх ва нилобӣ, ҳамчунин оҳаксанг кофта гирифта мешавад.
Кон ҳанӯз соли 1948 ба истифода супурда шуда буд. Дар давоми 77 соле, ки гузашт, бештар аз 2 млрд. кубометр корҳои кандабарорӣ ба амал бароварда шуданд. Зиёда аз 200 млн. тонна ангиштсанг гирифта шуд. Дар давоми солҳои 1970-1980 дар корхона корҳои ҷиҳозонии техникӣ ба амал бароварда шуданд. Дар солҳои навадуми асри сипаришуда бошад, давраи навбатии навсозиҳои технологӣ бомуваффақият анҷом ёфт.
Дар кони ангишт аз роҳи оҳан, нақлиётҳои автомобиливу конвейерӣ истифода бурда мешавад. Асосан «БелАЗ»-ҳо бор мекашонанд. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори роҳбари давлат аз 7 марти соли 2019 «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани самаранокии идоракунии ҶС «Ӯзбеккӯмир», такмил додани сохтори кофтуковҳои конӣ, дастрас гардондани маҳсулоти сифатнок ба аҳолӣ ҷамъ 15 мошини боркашони тамғаи «БелАЗ-75131» ба корхона оварда шуд.
Дар соли 2023 айни замон ҷамъ 44-то автосамосвали «Komatsu» дастрас гардид. Дар натиҷа ҳаҷми кушодани қисмҳои рӯизаминии кон бо кумаки автонақлиёт ба дараҷаи ҳисшаванда боло рафт. Бинобар зиёд шудани талабот ба захираҳои энергетикӣ ҳаҷми корҳои кофта гирифтан ва дастрас гардондани сӯзишворӣ афзуд. Ҷамъият дар соли 2020 3 миллиону 869 тонна ангишт кофта гирифта бошад, дар соли 2023 ин рақам ба 5 миллиону 836 ҳазор тонна расид. Дар соли 2024 истеҳсолот 6 миллиону 766 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Маҳсулоти тайёр дар соли сипаришуда асосан ба ташкилотҳои буҷавӣ, нерӯгоҳҳои барқии гармӣ ва аҳолӣ дастрас гардонида шуд. Айни замон 517 тонна маҳсулот тавассути савдои биржавӣ ба фурӯш рафт.
М. Шодиев,
мухбири «Овози тоҷик».