Сарвазири Покистон бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меояд

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25-26 феврали соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба кишвари мо меояд.

Дар рӯзномаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Покистон, ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар маркази таваҷҷуҳ нақшаҳои муштарак барои зиёд намудани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол, тақвияти ҳамбастагии нақлиётӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук ва чармгарӣ, кишоварзӣ, фармасевтика, электротехника ва дигар бахшҳои иқтисод қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин, масъалаҳои фаъолсозии робитаҳои фарҳангию инсондӯстона ва сайёҳӣ муҳокима карда мешаванд. Табодули афкор оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дар назар аст.

Дар натиҷаи ин мулоқотҳо қабули Эъломияи муштарак ва чанд санади дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорчӯби барномаи кории сафар роҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар форуми муштараки соҳибкорони Ӯзбекистону Покистон иштирок хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: