Ҳоло дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона шумораи хоҷагии фермерии моҳипарварӣ ба 84-то расида, соли гузашта аз ҷониби онҳо 2 ҳазору 793 тонна гӯшти парҳезбоб расонда шуд.
Дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Алҳол шумораи хоҷагии фермерии моҳипарварӣ ба 84-то расида, соли гузашта аз ҷониби онҳо 2 ҳазору 793 тонна гӯшти парҳезбоб расонда дода шуд.
Ба хоҷагии фермерии «Катта тош балиқлари» ташриф намудем. Моҳидорон корҷомаҳои обногузарро пӯшида, боғайрат тӯр меандохтанд. Онҳо чунон ғарқи кор буданд, ки сардии зимистонро гӯё ҳис намекарданд. Барои бурдани моҳиҳо аз вилоятҳо, ҳатто аз пойтахт мошинҳои махсус омада дар навбат меистоданд.
Суратгир: М. Қодиров. ӮзА.