БАҲОИ ОДИЛОНА – ОМИЛИ МУҲИМИ КОМЁБИҲО

Дар вилоятҳо таъсис ёфта, фаъолияти худро такмил додани шуъбаҳои Агентии баҳогузорӣ ба дониш ва малака барои ҷавонон имкониятҳои қулай фароҳам овардааст.

Мо ба қарибӣ ба шуъбаи вилояти бухороии агентӣ рафта, бо бинои замонавӣ ва имкониятҳои он шинос шудем.

– Ин бинои намунавӣ, ки боиси таваҷҷуҳи ҳамкасбони дигар вилоятҳо шудааст, мувофиқи қарори Президент аз 14 майи соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагии такмил додани низоми бо санҷишҳои тест ба муассисаҳои таълими олӣ қабул кардан», Баённомаи раёсати Девони Вазирон аз 14 октябри соли 2019, фармоиши Девони Вазирон аз 14 апрели соли 2020 ба истифода супорида шудааст, – гуфт ба мо мудири шуъба, номзади илмҳои кимиё, дотсент Неъмат Севинчов. – Бино дар кӯчаи Гулобиёни ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боғидашт»-и ноҳияи Бухоро воқеъ гардида, он ҷавобгӯи талабҳои замон буда, дарун ва беруни он бо камера назорат карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳар як санҷиши тестӣ шаффоф ва адолатнок гузарад. Павилони санҷишҳо 3000 метри мураббаъ буда, дар ин ҷо дар як вақт 1200 нафар довталабон имтиҳон супорида метавонанд. Ба ғайр аз ин, дар бино барои кормандон ва мудири шуъба хонаҳои ҷудогона, хонаи тиббӣ, ошхона мавҷуд аст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюм 6-то хонаи компутерӣ воқеъ гардида, барои гузаронидани санҷишҳо омода гардонда шудааст. Дар ин ҷо се нафар кормандон: мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассис фаъолият нишон медиҳанд. Дар бино аз соли 2022 ин ҷониб санҷишҳои тест барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ ва касбӣ, литсейҳои академӣ, мактаби темурбек, мактаби Президент, инчунин барои муайян намудани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, донишандӯзӣ аз фанҳои таълими умумӣ барои соҳибшавӣ ба сертификатҳои миллӣ дар давоми сол мувофиқи ҷадвал имтиҳонҳо баргузор мегарданд.

Хулоса, дар ин ҷо аз ҷониби агентӣ 49 намуд санҷиши тест гузаронида мешавад. Соли гузашта барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва касбӣ 40875 нафар довталабон имтиҳон супорида буданд. Барои муайян кардани сатҳи дониш аз забони хориҷӣ ва соҳибшавӣ ба сертификати забондонӣ бештар аз 17000 нафар талаба дар санҷишҳо иштирок кардааст, ки ин нисбат ба соли 2023 6000 нафар зиёд аст. Ҳамин тариқ, соли 2024 9000 нафар талабагони синну солашон гуногун оиди забондонӣ соҳиби сертификат гаштаанд.

Агар ба санҷишҳое, ки барои гирифтани сертификатҳои миллӣ аз фанҳои таълимӣ назар афканем, дар он беш аз 11000 нафар довталабони вилояти Бухоро иштирок карда, беш аз 600 нафар соҳиби сертификат шудаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки онҳое, ки соҳиби сертификатҳои миллӣ шудаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ аз имтиҳони фанҳои дахлдор озод мегарданд. Барои адолатнок ва шаффоф гузаронидани ҳар як санҷиш кормандони шуъбаи агентӣ саҳми арзанда доранд.

Агар ба довталабон пештар ҳангоми дохилшавӣ ба таълимгоҳи олӣ ба интихоби 3 самт имконият дода шуда бошад, аз соли 2020 сар карда чунин имконият ба 5 самти маҷмӯи фанҳояшон якхела амал мекунад.

– Сертификатҳои фанҳои таълими умумӣ ва забонҳои хориҷӣ ба довталабон дар санҷишҳо имкониятҳои калон дода истодааст, – мегӯяд Неъмат Гулбоевич. – Масалан, ба довталабоне, ки аз фанҳои таълими умумӣ ва забони хориҷӣ сертификат доранд, аз фанҳои 1 ва 2 холи пурра ва аз фанни таълими умумии фанҳои ҳатмӣ 11 хол гузошта мешавад. Ин довталабон аз қисми фанҳои иҷборӣ фақат ба саволҳои тести ду фан ҷавоб мегардонанд.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: