Оид ба лутфу эҳсон ва тавозӯъ бузургони хирад пандҳои зиёде гуфтаанд. Аз ҷумла, Саъдии Шерозӣ фармудааст: «Бо дӯст ва душман тариқи эҳсон пеш гир, ки дӯстонро меҳру муҳаббат бияфзояд ва душманонро кину адоват кам шавад».
Дар ҳаёт инсонҳое ҳастанд, ки меҳру оқибат, кӯмакрасон ва саховатпешагиро ихтиёр намудаанд. Яке аз онҳо сокини маҳаллаи Наврӯзободи шаҳри Янгиери вилояти Сирдарё Абдуқул Маматов мебошад. Вай яке аз соҳибкорони серқирраи маҳалла буда, ба оилаҳои эҳтиёҷманд, серфарзанд, пирони танҳо кӯмакрасон аст. Дар ободонӣ ва тозагии атрофи мактабу маҳалла саҳми худро мегузорад.
– Бинои Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Сирдарё хеле хурд буда, барои гузарондани чорабиниҳои васеъ тангӣ мекунад. Дар ҳамин лаҳзаҳо соҳибкор Абдуқул Маматов ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад. Ҳавлии ӯ васеъ ва обод аст. Барои гузарондани чорабиниҳои марказ хонадони шинам ва зебои ӯро интихоб намудаем. Ба қарибӣ бахшида ба зодрӯзи Алишер Навоӣ ва Шоҳ Бобур шаби адабӣ барпо намудем. Намояндагон аз марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ ва вилоятҳо, шоиру нависандагон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Сирдарё, меҳмонон аз вилояти Суғди Тоҷикистон ва фаъолони маҳалла иштирок намуданд. Дар чорабинӣ аз ҳаёт ва фаъолияти шоҳ ва шоир ёдовар шуданд, ҷавонон аз шеъру ғазалҳои онҳо қироат намуданд, – гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Сирдарё Мунаввар Пардаев.
– Аз таърих маълум аст, ки қадами Бобур ҳангоми набардҳо дар Самарқанду Хуҷанд, Истаравшан (Ӯротеппа)-ю дигар шаҳрҳо ба Хавоси Кӯҳна низ мерасад. Дар хонадони аҳолии ин минтақаҳо меҳмон мешавад, бо аҳолии маҳаллӣ дар як табақ ош мехӯрад, – мегӯяд таърихнигор, олим ва археолог С. Қудратов ва ҳамон табақи чӯбини таърихиро ба мо нишон дод. – Табақ аз ду қабат иборат буда, ошро ба қабати дувум меандозанд. Дар ин табақ хӯрок то дер вақт гарм меистад. Қабати якуми табақ барои ба дасторхон наафтидани донаҳои биринҷ ва чакидаҳои равған, ки вақти тановул аз даст меафтанд, хидмат мекунад. Хавоси Кӯҳна қариб таърихи 2500-сола дорад. Рӯзгоре он ҳамчун роҳи тиҷорат ва равуои байни шаҳрҳои Самарқанду Фарғонаро мепайвастааст.
Соли гузашта сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода низ ба ин маскан омада, китоб ва либосҳои миллии тоҷикиро туҳфа карда буд. Соҳибхоназан Бону Маматова низ ба кори хайре даст задааст. Зарфҳои кулолӣ, ҷиҳози рӯзгор, анҷомҳои деҳқониву боғдорӣ ва ҳунармандии қадимиро дар як гӯшаи хона ҷой додааст. Дар ҳақиқат хонадон бо кашидаҳои миллӣ, сӯзанӣ, зардеворҳо, ки аз таърихи қадимаи халқҳоямон ҳарф мезанад, ба осорхона (дар сурат) монанд аст. Инчунин дар ин хонадон китобхонаи нодир кушода шудааст, ки дар рафҳои он китобҳои шоиру нависандагони классику муосири тоҷик ва дигар халқҳо ҷойгир карда шудаанд.
Дар замонҳои қадим дар ҳавлии сарватмандон ё инсонҳои саховатпеша мактабҳои кӯҳна мекушодаанд ва фарзандони камбағалонро ба таҳсил ҷалб менамудаанд. Имрӯз низ чунин инсонҳои дасткушод ҳастанд, ки мушкили корафтодаеро осон мекунанд.
Намояндагони марказҳои миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сирдарё ва Тошканд ба ин оилаи саховатпеша миннатдории худро изҳор намуданд.
Саврон МИРЗОЕВ,
раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Тошканд.