ЧАРО «КОИНОТ» МЕГӮЯНД?

Вақте калимаи «коинот»-ро мешунавем, бешубҳа, дар пеши назарамон осмону кайҳону парвози кайҳоннавардон ҷилва мекунанд. Аз забони чустиён бошад, ин вожа ба маънии муҳиту хатсайри худ зуд-зуд ба гӯш мерасад.

Аввалҳо фикр мекардам, ки он шояд мавзеъ ё ягон маҳаллаи шаҳри Чуст бошад, вале ҳайратовар аст, ки маҳал ё мавзеъ бо фазои бепоён чӣ робитае дорад. Беҳуда «Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме» нагуфтаанд.

Ба қарибӣ дар сафаре ба дарёфти «асрор»-и «Коинот»-и чустиён муваффақ шудам.

Коинот на номи мавзеъ ё маҳалла, балки номи кӯча дар маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Чуст будааст. Дар ин кӯча солҳои 50-ум се ва ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта панҷ хонадон зиндагӣ кардаанд. Ҳамин тавр адади сокинону хонаводаҳо афзуда, кӯча рушд ёфтааст. Имрӯз шумораи аҳолии он ба 1791 нафар, хонадонҳо ба 729 адад расидааст. Маълум шуд, ки кӯча аввал Шӯрчашма, пас Чакоби Поён, Космос ва дар даврони истиқлоли давлатамон Коинот ном гирифтааст.

Пайдост, ки аввали солҳои 60-уми асри ХХ нахустин инсон – кайҳоннаварди шуравӣ Юрий Гагарин бо киштии «Восток» ба кайҳон парвозро анҷом дода, дар кайҳоншиносӣ боби навро боз кард. Сипас ин гуна парвозҳо тӯлонӣ шуданд. Бинобар таъкиди яке аз сокинони дерини кӯча, муаллими собиқадор Содиқҷон Аҳмедов, вобаста ба он воқеаи таърихии бемислу ҷаҳоншумул кӯча Космос ва баъд Коинот номида шудааст.

Кӯчаи Коинот нисбат ба кӯчаҳои дигари маҳалла васеъ, серхонадон буда, дар шаҳру ноҳияи Чуст маъруф аст. Аз он чандин гузару тангкӯчаҳои сарбаста оғоз ёфтаанд. Он зодгоҳу истиқоматгоҳи олимон, зиёиён, кормандон, хидматчиёни давлатӣ, коргарон ва деҳқонон мебошад.

Маликахон Рустамова яке аз онҳост, ки солҳои дароз дар ҳокимиятҳои ноҳияи Чусту вилояти Намангон фаъолияти хуби ташкилотчигӣ дошт, вақтҳои охир ҷонишини ҳокими вилоят, раиси кумитаи занон ва духтарон ҳам буд. Алҳол гарчи нафақахӯр аст, чун маслиҳатгару роҳнамо дар кори мустаҳкамкунии оила, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳимояи ҳуқуқи занону духтарони маҳаллаи Наврӯз фаъол аст.

Ш. МИРЗОЕВ,

ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: