Дар шуъбаи тоҷикии факултаи филология маҳфили навбатии «Чашмаи хуршед» баргузор гардид.
«Чашмаи хуршед» ба аҳли илму адаб, аз ҷумла тоҷикони воҳаи Сурхон маълум аст. Зеро солҳои 1993-2001 дар шаҳри бостонии Тирмиз маҳфили адабие таҳти чунин ном фаъолият дошта, олимон, шоирон ва нависандагони тоҷику тоҷикзабони ин воҳаро гирди хони адаб ҷамъ оварда буд.
Пас аз 22 соли хатми фаъолияти ин маҳфил моҳи ноябри соли 2023 дар шуъбаи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо ибтикори донишҷӯён, роҳнамоии устоди ин донишгоҳ Ҷамшед Ҷумъақулов ва кумаку дастгирии раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят Рамазон Абдуллоев маҳфили адабии «Чашмаи хуршед» аз нав барқарор ва моҳи ноябри соли 2024 маҳфили дигар бо номи «Машъали илм» ташкил карда шуд. Яке аз натиҷаи назарраси маҳфили нав, ба гирифтани стипендияи донишгоҳ сазовор гардидани донишҷӯйи илмпарвар, узви фаъоли ин ду маҳфил Зулбибӣ Искандарова мебошад.
Дар шуъбаи тоҷикии факултаи филология маҳфили навбатии «Чашмаи хуршед» баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни кафедраи филологияи тоҷик, забонҳои Шарқ ва меҳмонон иштирок намуданд. Маҳфил ба тарзи ноанъанавӣ баргузор гардид. Нахуст ҳисоботи маҳфилҳои «Чашмаи Хуршед» ва «Машъали илм» шунида шуд. Сипас, донишҷӯён дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ду намояндаи бузурги адабиёти муосири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ва Саттор Турсун, ки мавзӯи рӯз буд, маълумот дода, аз ашъори Ҳабиб Юсуфӣ шеърҳо қироат карданд. Меҳмонон зимни суханронӣ дар бораи ин ду маҳфили адабӣ-илмӣ афкори хешро баён карданд ва таъкид намуданд, ки ин гуна маҳфилҳо бояд бо баҳсу мунозираҳои илмӣ гузарад ва донишҷӯён дар ҷодаи таҳсили илм ҳама вақт дар саъю талош бошанд.
Шукруллоҳ СИРОҶ,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.