ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ МЕДАЛИ ҶАШНИИ ХОТИРОТИИ «ИККИНЧИ ЖАҲОН УРУШИДАГИ ҒАЛАБАНИНГ 80 ЙИЛЛИГИ»

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба муносибати таҷлили 9 май – Рӯзи хотира ва қадр, инчунин 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар соли 2025, бо мақсади эътибори хоса ва эҳтироми амиқ ба аҷдодони бузургамон, ки дар роҳи ҳимояи Ватан мардонавор ҷангидаанд, шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар ғалаба саҳми бебаҳо гузоштаанд, иззату икроми сазовори собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945 ва фронти меҳнат:

1. Ба шарафи 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дувуми ҷаҳон дар солҳои 1941-1945 медали ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги” таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки бо медали ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги” шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – соҳибони медалҳои  “Барои ғалаба бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ва “Барои ғалаба бар Ҷопон ”, орден ва медалҳои дигар барои хидматҳои ҷанговарона дар солҳои ҷанг ё ки иштирокдорони Ҷанги дувуми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки гувоҳномаи иштирокдори ҷанг ё гувоҳномаи ногирои ҷанги ватаниро доранд, инчунин, собиқадорони меҳнати ақибгоҳи фронт дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон, аз ҷумла, соҳибони медалҳои “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои шуҷоати меҳнатӣ”, “Барои ибрати шоиста дар меҳнат”, ё ин ки иштирокдорони фронти меҳнат, ки дар бораи кор кардан дар вазифаи штатӣ аз рӯйи ҷалби озоди шаҳрвандон ба Қувваҳои Мусаллаҳ дар даври ҷанги солҳои 1941-1945 гувоҳнома доранд, мукофотонида шаванд.

3. Нуктаҳои зерин тасдиқ карда шавад:

Низом дар бораи медали ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги” тибқи замимаи 1;

медали ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги” ва тавсияи он мувофиқи замимаи 2, гувоҳнома ва тавсифи он тибқи замимаи 3.

4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати таъмини шуғл ва ихтисори камбизоатӣ, инчунин, Хазинаи нафақаи берун аз буҷаи назди Вазорати иқтисодиёт ва молия дар муҳлати ду ҳафта рӯйхати аниқи собиқадорон ва ногироён, иштирокдорони фронти меҳнати ҷанги солҳои 1941-1945-ро, ки бояд бо медали ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги” мукофотонида шаванд, таҳия карда, ба Девони Вазирон пешниҳод намоянд.

5. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

якҷо бо Бонки марказӣ ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сувенир” дар муҳлати як моҳ омодасозии медалҳои ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги” ва бланкаҳи гувоҳномаҳои онҳоро тибқи тартиби муқаррарӣ аз ҳисоби маблағҳои хазинаи захираи Девони Вазирон таъмин созанд;

тартиби супоридани медалҳои ҷашнии хотиротӣ ва пардохти мукофотпулии якдафъаина, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 феврали соли 2025 “Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон” таҳти рақами ФП-24 пешбинӣ шудааст, дар муҳлати ду ҳафта муқаррар намоянд.

6. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В. Маҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон       Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

25 феврали соли 2025.

Дар акс медали ҷашнии хотиротии “Иккинчи жаҳон урушидаги ғалабанинг 80 йиллиги”

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: