САД ЧАШМА АЗ САРЧАШМА

​Сарчашма яке аз деҳаҳои бузурги минтақаи кӯҳистони Шаҳрисабз буда, сокинонаш куллан тоҷиконанд. Деҳа 5066 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ҳудуди маҳалла як мактаби миёна, ду муассисаи давлатии таълими томактабӣ ва як шифохона мавҷуд аст.

Вақте ба деҳаи Ҳисорак расидед, роҳ ба ду ҳисса ҷудо шуда, як дасти он шуморо қад-қади дарёчаи шӯхоби Сафеддарё ба деҳаҳои Яккахона, Ғелон ва Кӯл мебарад.

Оби Сафеддарё аз ду рӯди хурӯшон, ки аз самти деҳаҳои Кӯл ва Ғелон меоянд, дар мазори Мунаввар ба ҳам васл ва бо шиддати бештаре ҷорӣ мегардад. Аммо дар Ҳисорак боз як рӯди дигаре ба Сафеддарё мепайвандад, ки аз ҷониби Сарчашма ва Тамшуш сарозер меояд. Дар мавзеи васли ҳамин рӯдҳо пуле насб шуда ва чун аз он гузаред, ободии бештаре ба чашм мерасад: бинои мағозаву ошхона, таълимгоҳ, ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳисорак» ҷойгир аст.

Ин ҷо азалан маркази маъмурии минтақаи кӯҳистон будааст. Дар самти рости дарёи Тамшуш, дар баландиҳо деҳаи Ҳисорак ҷой гирифтааст, ки сокинонаш комилан тоҷиконанд. Ин ҷо дар соҳили дарё лӯлаи оҳанини бузурге ба чашм меояд, ки аз баландиҳои дараи Тамшуш об гирифта, ба даштҳои фарохи пушти обанбори «Ҳисорак» мерасонад ва ба ободии он заминҳо мусоидат мекунад. Аз васат ҳамин роҳ ба ду шоха ҷудо шуда, яке ба самти дараи Тамшуш ва дигаре боз ҳам печидаву рӯ ба фароз оварда, аввал ба деҳаи Нондег ва баъд ба Сарчашмаи шукуфон мерасонад.

Назар ба нақлҳо, азбаски мардуми ин мавзеъ нони худро дар дегҳо (на дар танӯр) мепухтаанд, деҳкада Нондег ном гирифтааст. Мардуми деҳкада мисоли нони шикаста дар ҳар ҷой умр ба сар мебаранд.

Солҳои 90-уми асри гузашта дар ин мавзеъ фоҷиае рух медиҳад. Замини деҳа (мардумонаш ӯзбекзабон) лағжида, ба самти дарё ҳаракат мекунад. Зеро таги ин хоки тобасанг будааст ва аз намии зиёд кӯчидаву беҷо шудааст. Он замон барои раҳоии ҷону моли мардуми Нондег аз Кӯлу Ғелону Тамшушу Ҳисорак ва Сарчашма ҷавонон ба кумак расида, басе ҷонбозиҳо кардаанд. Ҳоло мардуми деҳа дар ҷойҳои амн зиндагӣ мекунанд ва аз Нондеги таърихӣ як ҳиссаи каме боқӣ мондааст. Ҳанӯз осори он фоҷеаи табиӣ: таҳкурсии хонаҳо, нишони боғҳои замоне шукуфон ба чашм мерасанд.

МАРҲАБО БА САРЧАШМА

Ду қуллаи барфпӯш, ки ба ду синаи дамида шабоҳат дошт, зери анвори офтоб медурахшид. Мардуми ӯзбектабори ин минтақа (хоса чӯпонҳо) аз қадим ҳамин кӯҳҳои барҷастаро «Қизимчак» (дар ҳуҷҷатҳо «Қизил-эмчак» сабт шуда) меномидаанд ва деҳаи Сарчашма нахуст бо ин ном маъруф гаштаву пас бо ташаббуси фарзанди худогоҳаш Намоз Чоршанбиев (раиси собиқи ҷамоат) соли 1978 тағйири ном кардааст.

Ҳоло номи гӯшнавози Сарчашмаро дар зеҳни худ ба гардиш оварда, аз фарози тале ба тӯлу арзи деҳа назар мекунам. Он дар зери кӯрпаи барф ба хоби зимистона рафтааст. Аз мӯриҳои хонаҳои бешумор дуд ба осмон мехезад... Ҳарчанд муҳити боғҳои васеъ ва сердолу дарахт хомӯш аст, бешак андаруни хонаҳои мардуми маҳал зиндагӣ меҷӯшад.

Бо қадами шом ба Сарчашма расидаву бо роҳбаладии Фурқат Боев (ҳофизи маҳаллӣ) ба хонаи Абдусалом Чоршанбиев омадем ва ин ҷо суҳбати мо бо устод Ҷамшед Чоршанбиев ва марди фозилу муаррих, омӯзгори собиқадор Баҳром Чоршанбиев гарм шуд.

Аз нақли устодон маълум гашт, ки дар ин деҳа чанд чашмаи хурду бузург, чун Чашмаи Ҷалол, Марзия, Паттӣ, Карсончашма, Пирмаҳмад, Кабудак, Ӯлар, Малла, Гароб, Хоҷа Рӯшонӣ ва Соҳиб мавҷуд аст, ки ҳар кадом таърихчаи алоҳидае доранд. Аммо деҳаи Сарчашма ба ифтихори чашмаҳои Гармак, Қулмаҳмад ва Дӯконако мавҷуд ва оби онҳо заминҳои аҳли деҳро шодоб мегардонанд. Бо вуҷуди ин, чашмаҳои Сарчашма ниёзи мардумро ба оби ошомиданиву киштукор таъмин намесозад. Бинобар ин, аз чашмаҳои дури кӯҳӣ дар замонҳои гуногун бо ҳашари умумӣ ҷӯй кандаву ба самти деҳа овардаанд. Ҷӯйи Шоҳ, Қурбони Рабеъ, Ҷӯйи кӯҳнаи ҳачча, Ҷӯйи нави ҳачча, Бурсбутто ва Сепоя аз ин шумор буда, ҳар кадом 5-10 км. дарозӣ доштаанд.  Чашмаҳои Сарчашма аз дили кӯҳистони атроф шукуфтаву рӯдҳои Зарди Ҳусин, Дари тангӣ, Ҳиндукуш, Зулоб ва Мойчукро ташкил медиҳанд. 

Муаррихон таърихи деҳаро ба 2000 сол баробар медонанд. Устод Баҳром Чоршанбиев гуфт, ки аҳолии Сарчашма аз Ишқободи Туркманистони имрӯза, шаҳрҳои Ургут, Ҳисор, Китоб ва Самарқанд кӯчида омадаву ин ҷойро ба худ ватан ихтиёр кардаанд. Пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аҳолӣ хеле зиёд будааст ва ин мавзеъро барҳақ «ҷангали анбӯҳи одам» меномидаанд. 168 нафар ҷавонон ва мардони ҳузарби деҳа ба Ҷанги дуюми ҷаҳон рафтаву 108 кас дар майдони ҳарб ҳалок шудаанд.

Ҳолдонҳо мегӯянд, баромади мардуми деҳаи Яккахона низ аз Сарчашма аст. Ҳоло ба ҷуз аз шаҳру навоҳии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон низ (шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд) беш аз 200 оилаи сарчашмагӣ зиндагӣ мекунанд. Айни ҳол дар деҳкада шаш тухмаи калоне мавҷуд буда, бо номҳои Ҳисорӣ, Ишқободӣ, Чармгар, Ховатӣ, Ғӯсӣ ва Туркак маълуманд. Аҳолии деҳаи Сирзор ҳам ба Сарчашма пайвастааст.

Деҳа аз чаҳор гузар – Чармгарон, Калон, Маҳалла ва Сари Ҷӯй иборат аст ва аз ҳар ҷониб кӯҳҳои Чилдухтарон, Сиём (Сиёҳ) ва Ҳачча иҳота карда, аз самте тали Коза посбонӣ мекунад. Мардум аз қадим дар заминҳо бо кишту кор машғул буданд. Дар замони шӯравӣ ба ҷуз кишти картошка ва боғдорӣ, дар заминҳои ҷамоат тамоку мекориданд ва бештар аз хидмати занону кӯдакони маҳаллӣ истифода мекарданд. Ҳоло кишти тамоку комилан аз байн рафтааст.

МАСҶИД ВА ЗИЁРАТГОҲҲОИ ДЕҲА

Деҳа дар қадим (то инқилоби болшевикӣ) соҳиби чаҳор масҷид будааст, ки ба ҷуз маскани ибодат, нақши мадрасаву мактабро низ иҷро мекарданд. Масҷиди Калон соли 1853 бунёд ёфта, солҳои 70-уми асри гузашта онро аввал чун нонвойхона, китобхона истифода намудаанд ва ҳоло ба Осорхонаи таърихӣ табдил додаанд. Мардум ин мавзеъро Санги Лағжонак меноманд.

Масҷиди дигар Маҳалла ном дошта, соли 1898 сохта шудааст. Солҳои 40-уми асри ХХ чун анбори хоҷагӣ ва аспхона ба кор меравад. Соли 1949 аз бунёдаш барандохта, чӯбу дигар масолеҳи сохтмониашро дар сохтмони бинои мактаби деҳа истифода мекунанд. Масҷиди Сирзор соли 1903 арзи ҳастӣ намуда, соли 1940 ба далели кӯчонидани мардуми деҳкада ба ҷойи бехатар (замини деҳа мелағжад) вайрон карда мешавад. Аз ҳамон чор масҷиди ободу зебо танҳо яке аз онҳо аз ҳаводиси номатлуби замонаҳои ноороми ибтидои асри ХХ то замони мо омада расидааст. Ин масҷид бо номи масҷиди Мулло Рӯзӣ маълуму маъруф аст ва ҳоло дар хидмати мардуми маҳаллӣ қарор дорад. Баҳром Чоршанбиев дар ин бора гуфт, ки масҷиди Мулло Рӯзӣ соли 1878 аз ҷониби Рӯзӣ ном муллои аълам ва мударриси мадрасаҳои Шаҳрисабз бунёд ёфтааст. Мулло Рӯзӣ (безурёт будааст ӯ) ҳамаи дороии худро, ки дар пайи меҳнати ҳалоли мударрисӣ ба даст оварда буд, на ба зиёрати Каъба, балки ба сохтани масҷид сарф мекунад. Ин масҷид аз рӯзи бунёдаш ба мардум чун мактаб хидмат кардааст. Аммо солҳои ташкил ёфтани давлати Шӯравӣ масҷид ба муваққат дари худро ба рӯи обидон баставу баъдтар чун анбори ғалладонаи ҷамоат истифода гаштааст. Дар ҳамин замон боми он таъмир мегардад ва аз фурӯ рехтан эмин мемонад. Аз бунёд гардидани масҷиди Мулло Рӯзӣ 145 сол гузаштааст ва хушбахтона, ҳамон шакли азалии он маҳфуз мондааст. Ин масҷид ҳоло чун обидаи таърихӣ аз тарафи ҳукумат таҳти ҳимоят қарор гирифтааст. Дар назди масҷид дарахти чормағзе қад афрохтааст, ки дар тахмини мутахассисон 850 сол умр дорад ва ҳанӯз мева медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин деҳкада чанд мазор дорад. Қадимтарини онҳо ба асри VIII-IX мутааллиқ аст. Зиёратгоҳи мазкур Хоҷа Меҳтари (Меҳтарбод) Ялдои Самарқандӣ ном дошта, аз ҳамсафон ва муқаррабони Абӯмуслими Хуросонӣ будааст. Ёрони Абӯмуслим – исёнгари номӣ пас аз кушта шудани саркардаи худ ба ҳар гӯша пароканда мегарданд ва Хоҷа Меҳтари Ялдои Самарқандӣ бо як бародару ду хоҳари худ ба мавзеи Сарчашма расидаву дар канори он (Кофартеппа) ҷой мегирад ва дар омӯзишу парвариши мардуми маҳаллӣ дар илм саҳми беандоза мегузорад. Кофартеппа (дар замони тасаллути дини ислом аз ҷониби пайравонаш он мавзеъ чунин ном гирифтааст) аз қадим макони идгоҳи мардум будааст, ки он ҷо ҷамъ омадаву Меҳргон, Сада ва Наврӯз барин идҳои бостониро ҷашн мегирифтаанд. Хоҷа Меҳтар ҳамин ҷойро ватан ихтиёр мекунад ва мардуми Сарчашма он ҷойро зиёратгоҳи Талаб низ меноманд. Ҳоло он ҷашнҳои мардумӣ дар бар либоси исломӣ пӯшидаанд. Пас аз ҷамъ овардани ҳосил, мӯйсафедон мардумро ба сайри мазори Хоҷа Меҳтар даъват мекунанд ва Меҳргонро васеъ таҷлил менамоянд. Пас аз дуо дар ҳаққи Хоҷа дасторхон густардаву домани шодӣ мегиранд.

Дар деҳа инчунин мазорҳои Сирзор, Биби Зебо, Биби Кабудпӯш (хоҳарони Хоҷа Меҳтари Ялдои Самарқандӣ), Тарнов, Хӯҷа Қӯчқор, Мазори Доғӯлӣ (Мазори Дарун), Чилдухтарон, Чашмаи Зӯлобӣ (Чашмаи Патто), Аҳмади Рӯшонӣ ё Аҳмади Замчӣ, Хӯҷа Таваккал (Мазори Лавандар)...  ҳам вуҷуд доранд ва одамон бо эҳтиром ва муҳаббат зиёрат мекунанд.

МУНТАЗИРИ САЙЁҲОН

Солҳои охир экотуризм ва этнотуризм дар кишвари мо рушд мекунад ва ихлосмандони он хеле зиёд мегарданд. Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сарчашма»-и ноҳияи Шаҳрисабз низ ин мақомро соҳиб буда, сол аз сол таваҷҷуҳи сайёҳони бештарро ба худ ҷалб месозад. Таърихи бой ва манзараҳои дилфиреби ин маҳалла ҳар бинандаро мафтун месозанд. Сарчашма аз маркази ноҳияи Шаҳрисабз дар масофаи 70 км. ҷой гирифтааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки варзиши лижарониро дар кӯҳистони ин минтақа ба роҳ монад, то сайёҳони хориҷиву ватанӣ бештар мароқ зоҳир созанд. Тарҳҳои мушаххасе таҳия шудаву рӯзҳои наздик татбиқи онҳо шурӯъ хоҳад гашт. Тибқи маълумотҳо, симроҳаи замонавие деҳаҳои Сарчашма ва Ғелонро ба ҳам васл месозад ва иншооти вобаста ба лижаронӣ сохта шуда, инфрасохтори ин деҳоти кӯҳистонӣ тағйир ва обод хоҳанд шуд. Барои сохтмони ин иншоот аз ҳисоби заминҳои маҳалла 100 гектар ҷудо гаштааст. Интизор меравад, ки роҳҳои душвортайи байни Ҳисорак ва Сарчашма бознигарӣ ва ба талаботи замон мувофиқ шаванд. Аммо фаъолони деҳа изҳори ташвиш мекунанд, ки бо қадами ҷаҳонгардон ахлоқи мардум дигаргун ва анъанаҳои бостонӣ (миллӣ) халалдор хоҳанд шуд. 

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР

Сарчашма яке аз деҳаҳои бузурги минтақаи кӯҳистони Шаҳрисабз буда, сокинонаш куллан тоҷиконанд. Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сарчашма» марди фозил ва чашмикордон Фазоил Чоршанбиев буда, чандин сол аст, ки дар ободии деҳа саҳм мегузорад. Назар ба маълумоти ӯ, деҳа 5066 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ҳудуди маҳалла як мактаби миёна, ду муассисаи давлатии таълими томактабӣ ва як шифохона мавҷуд аст.

Ф. Чоршанбиев аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир шумори соҳибкорони маҳалла меафзояд ва инфрасохтори он низ беш аз пеш тағйир меёбад. Вай гуфт, ки ҳоло дар деҳа 35 дукони тиҷоратӣ, 4 сартарошхона, 4 дукони оҳангарӣ, 1 нонвойхона, 2 қассобхона, 1 чойхонаи мӯйсафедон ва осиёҳои обиву барқӣ амал мекунанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки соли гузашта ба 24 нафар талабгорон ба миқдори 660 миллион сӯм кредитҳои имтиёзнок дода шуд. 38 нафар занону духтарон дар асоси барномаҳои махсус касби дӯзандагиро омӯхтанд. 84 нафар занони эҳтиёҷманд дар «Дафтари занон» сабти ном гаштанд. Аз ҳисоби хазинаи саховат ба 16 нафар шахсони ногиро асбобу анҷоми зарурӣ супорида шуданд. Дар асоси тарҳи махсус ба ду нафар мошини дарздӯзӣ ва таҷҳизоти кафшергарӣ супорида, контракти хониши се донишҷӯ пардохт гардид. Ҳамчунин се бемори мӯҳтоҷ барои табобат ба муассисаҳои тандурустӣ фиристода шуданд.

Мо шоҳиди он будем, ки роҳҳои дохилӣ мумфарш гашта, рафту омад назар ба пештара осон шудааст. Як қисмати роҳи Ҳисорак – Сарчашма, ки душворгузар буд, низ мумфарш ва мурури мошинҳо беҳбуд ёфтааст.

САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ Ё МАКТАБИ ЯГОНАИ ТОҶИКӢ

Фарзандони мардуми ин мавзеъ дар як мактаб таълиму тарбият мегиранд. Дабистони рақами 57 дар маркази деҳа ҷой гирифта, бинои замонавие дорад ва он соли 1998 бунёд ёфтааст. Бахши дигари мактаби мазкур дар самти муқобили рӯдхонаи Сарчашма воқеъ буда, як қисми биноҳои он аз замони пеш боқӣ мондаанд ва ба талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳанд. Дар ин ҷо хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил мегиранд. Роҳбарии мактабро Абдуваҳҳоб Бердиев дар ӯҳда дорад. А. Бердиев гуфт, ки дар дабистон 62 муаллим дарс медиҳанд ва шумори умумии шогирдон 851 нафар аст. Ҳашт омӯзгор муваффақ гаштаанд, ки дараҷаи тоифаи олиро соҳиб гарданд. Барои хидматҳои шоиста ду нафар омӯзгори мактаб (Абдусалом Чоршанбиев ва Илҳом Тошев) унвони Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистонро гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки ин мактаб аз қадимтарин даргоҳи илму маърифат маҳсуб ёфта, дар ибтидо дабистони рақами 2 буд. Он замонаҳо авҷи муқовимати гурӯҳҳои аксулинқилоб ва озодихоҳ будааст ва мардуми норизо аз сиёсати ҳукумати нав ба по хеста, хостори сохти куҳан мешуданд. Онҳоро дар таърих бо номи «босмачӣ» зикр кардаанд. Аммо қабл аз созмон ёфтани мактабҳои типи нав дар Сарчашма масҷиди Мулло Рӯзӣ нақши мадрасаи маҳаллиро мебозид, ки дар он шахсони фозили замон Мулло Ниёз, Мулло Рӯзӣ, Мулло Шариф, Мулло Чоршанбе, Мулло Тилак ва Мулло Раҷаб машғули тадрис буданд. Соли 1928 аввалин мактаби «маҳви бесаводӣ» ифтитоҳ ёфт. Нахустин муаллими ин мактаб Мирзо Ортиқи Фарғонӣ (Абдухалил Ортиқов) будааст. Азбаски мактаб бинои муайян надошт, фарзандони мардум дар меҳмонхонаҳои бойҳои маҳалла Ёрбой, Мақсад Элбегӣ, Мулло Тилак, Эшонқулбой, Қарорамин, Озодбой, Қаноатбой... таълим мегирифтанд. Мирзо Ортиқи Фарғонӣ чун намояндаи забардасти ҳукумати нав дар ташкили колхозҳо низ фаъол ширкат меварзад, аммо соли 1931 аз ҷониби як гурӯҳи норизо ба таври фоҷиавӣ кушта мешавад. Ин марди чашмикордон қабл аз ин фоҷиа бо ҳамроҳии котиби ҷамоат Фатҳулло Шарифов барои мактаб бинои начандон калоне месозад. Мактаби деҳа он вақт бо номи Свердлов машҳур будааст.

Солҳои 50-ум бо кӯшиши фарзандони накӯноми деҳа Намоз Ҷамолов ва Намоз Чоршанбиев бо роҳи ҳашар бинои наве бунёд мегардад, ки он то соли 2019 пойбарҷо буд. Баъд ин биноро вайрон карда, дар ҷояш бинои нави замонавие сохтанд. Дар мактаб тӯли 97 сол 26 нафар омӯзгорон сарвар будаанд ва дар замони роҳбарии ҳар кадоме ин таълимгоҳ зина ба зина обод гаштааст. Мардум ҳанӯз номи Мирзо Ортиқи Фарғонӣ, Олимҷон Ёдгоров ва Қодир Абдуллоеви бухороӣ, Арӣ Исроилов, Юсуф Гадоев ва Мӯсо Қотонови шаҳрисабзӣ, Абдуғаффор Ғуломови ҳисоракӣ ва Назар Умарови бешкентиро ба некӣ ёд оварда, аз хидматҳои шоёни ин фидоиёни роҳи таълим ситоиш мекунанд.

Мактаби мазкур то солҳои 70-уми асри гузашта дар байни деҳоти кӯҳистони минтақаи Шаҳрисабз ва Китоб мақоми як донишгоҳи бузургро доштааст. Аз солҳои 50-ум сар карда дар ин маскани маърифат фарзандони деҳаҳои Суммак, Ошиқон, Ҷавз, Деҳнавболо, Сиёб, Сӯқар ва Қавзакхонаи ноҳияи Китоб, хонандагон аз деҳаҳои Чунгурак, Чаккӣ, Ҳисорак, Яккахона, Дуоба, Ғелон, Кӯл, Тамшуш ва Нондеги ноҳияи Шаҳрисабз омадаву таълими мутавассита гирифтаанд. Зеро дар ин музофот ягона мактаби даҳсола дабистони рақами 57 маҳсуб меёфтааст.
Дар ин деҳаи зебою хушбоду ҳаво як зумра фарзандони накӯном камол ёфтаанд, ки мардум гоҳу ногаҳ аз онҳо ёд овардаву номи накӯяшонро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Ин фарзандони фарзонаи деҳа номи зодгоҳи худро дар олам машҳур сохтаанд. Аз ин хокдон 12 нафар олимони хуб зуҳур кардаву дар соҳаҳои гуногуни илм машҳур гаштаанд. Шодравон Шокир Мухторов доктори улуми филологӣ, профессор (муҳаққиқи забони фаронсавӣ) аз фарзандони обрӯманди ин деҳаи кӯҳистонӣ ба шумор меравад, ки хидматҳои беназири ин олимро дар Тоҷикистону Фаронса эътироф ва қадрдонӣ (соҳиби ҷоизаи «Палма») кардаанд. Ин шахси забондон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба забони фаронсавӣ тарҷума кардааст.

Киром Остон (шоир ва олим), Абдуҷаббор Элов, Сӯҳроб Мирзоев, Комил Дӯстов, Қарор Нурқаев, Садриддин Чоршанбиев ва Юсуф Йӯлдошев номзадҳои улуми филологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ мебошанд. Аксари ин олимон дар риштаҳои гуногуни илми тоҷик дар Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар кору зиндагӣ мекунанд. Устод Дорои Дӯст (равонаш шод бод) ҳам хатмкардаи мактаби Сарчашма аст, ки солҳо дар Душанбе зиставу дар инкишофи журналистикаи тоҷик хидматҳо кардааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Фазлиддин Намозов айни ҳол ба ҳайси декани факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тошканд кор мекунад. Маҳмадсаид Яхшиев (номзади илмҳои кишоварзӣ) ҳоло дар Сарчашма аст ва Дилшод Элов (доктори илмҳои иқтисодӣ) муқими шаҳри Тошканд буда, дар равнақи илму фан ҳисса мегузоранд.

Боиси ифтихор аст, ки як гӯшаи мактабро сурату корномаҳои ин олимон оро медиҳанд ва хонандагон дар вақти дилхоҳ бо фаъолияти ҳамдеҳагони машҳури худ метавонанд шинос шаванд. Ҳамчунин дар як гӯшаи мактаб суратҳои омӯзгорони пешқадами мактаб гузошта шудааст, ки шуҳрати ин дабистонро баланд бардоштаанд. Фарзанди ҳамин кӯҳпоя, омӯзгори собиқадор Баҳром Чоршанбиев аз зумраи афрди носдорест, ки сарнавишти мардуми Сарчашмаро зери як ҷилди китобе бо номи “Таърихи деҳаи Сарчашма” ба қалам додааст. Ин китоби пурмӯҳтаво шиносномаи ҳақиқии деҳаи Сарчашма мебошад.

Мактаби мазкур боз аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки кулли шиору овезаҳо ба забони тоҷикӣ навишта шуда, аз худшиносии баланди ҷамоаи омӯзгорони ин даргоҳи маърифат далолат медиҳанд. Дар кулли мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё, ки гаҳу ногаҳ меҳмонашон будем, баръакси ин манзара ба чашм мерасад. Бигзор дигар мактабҳо аз ин дабситон ибрат гиранд. Чунки ин кор ба сифати таълим ҳам таъсири мусбат расонда, дар зеҳни хонандагон эҳтиром ба забони модариро ташаккул медиҳад.

Китобхонаи мактаб ҳам обод аст ва китобдор Шавкат Ҳайдаров гуфт, ки 2000 китоби бадеӣ дар рафҳо чида шудаанд ва аз ин ҷамъ 360 китоби бадеӣ ба забони тоҷикӣ мебошанд. Ҳар ҷамоае, ки ба дабистон китоб туҳфа овардааст, зери навиштае дар рафҳои алоҳида чида шудаанд. Аммо аз суҳбатҳо маълум гардид, ки дабистон ба китобҳои бадеии тоҷикӣ бештар ниёз дорад ва дар ҳалли ин мушкил дармондааст.

ДУ БОҒЧАИ ПУР АЗ «ГУЛ» ВА ОСОРХОНАҲО

Деҳа ду муассисаи давлатии таълими томактабӣ дорад, ки таълиму тарбияти кӯдакони маҳалро фаро мегиранд. Куҳантарини ин боғчаҳо кӯдакистони рақами 37 буда, соли 1991 созмон ёфтааст ва айни ҳол барои 156 кӯдак хидмат мекунад. Директори он Хуршед Дӯстмуродов гуфт, ки дар низоми кори боғча забони таълим ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дарҷ гардидааст. Дар нақша ҳаст, ки чун бинои нави кӯдакистон барои 120 нафар сохтаву ба истифода дода шавад, ҳамон бахши низоми корро тағйир дода, забони таълимро ба забони таълими мактаб мувофиқ хоҳанд сохт. Боғчаи дигари замонавӣ, ки таҳти рақами 17 фаъолият дорад, ифтихори деҳа аст. Дар ин муассисаи давлатии таълими томактабӣ Абдулло Норов роҳбар аст. Ба гуфтаи роҳбар дар ин ҷо 120 нафар кӯдак бо таълим ва тарбият фаро гирифта шудаанд. А. Норов низ ваъда дод, ки забони таълими кӯдакистонро бо забони таълим дар мактаби деҳа ҳамоҳанг хоҳанд сохт.

Мактаб осорхонаи хуби таърихӣ дорад, ки толори муҷаҳҳаз бо ашёи қадимааш диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Ин осорхона бо ҷумлаи экспонатҳои ноёб аз таърихи деҳаи Сарчашма ҳикоят мекунад ва гузаштаи пурифтихори мардуми онро ифода месозад. Ин ҷо ашёҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз замони қадим боқӣ монда, аз гӯшаву канори деҳа пайдо кардаанд. Ҳарчанд бинои музей фарсуда аст, хазинае, ки дар он нигаҳдорӣ мешавад, бебаҳост. Роҳбарияти мактаб ният доранд, ки дар оянда хонаи замонавие сохтаву шароити нигаҳдории экспонатҳоро беҳбуд бахшанд.

Осорхонаи дигаре, ки деҳаро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ мекунад, дар бинои қадимасохте ҷой гирифтааст ва тавре зикр кардем, он то солҳои 90-уми асри гузашта вазифаи масҷид, нонвойхона ва китобхонаро ба сомон расонидааст. Аммо минбаъд ба ҳоли худаш гузошта шуда, хатари аз байн рафтан таҳдид мекард. Мусаввири номии деҳа Фурқат Абулов бо аҳли оилаи худ дар таъмири бино азм намуд ва осорхонаи таърихиро обод кард. 20 майи соли 2022 маросими рӯнамоии осорхона бо ширкати меҳмонони зиёде аз Шаҳрисабз, Қаршӣ ва Тошканд баргузор гардид. Дар ифтитоҳи он раиси Академияи бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур низ иштирок дошт ва аз ибтикори аҳли деҳа хурсанд гашт. Ф.Абулов мегӯяд, ки муроҷиатҳояш ба унвони идороти гуногун дар бораи сабти номи осорхона ва ҷудо кардани штатҳои корӣ бенатиҷа мондааст. Танҳо аз Осорхонаҳои марказии Шаҳрисабз ва Қаршӣ даъват кардаанд, ки чун бахши ин муассисаҳо фаъолият кунад. Аммо Ф. Абулов ба далели он ки эҳтимол ашёи пурқимат ва таърихии Сарчашма аз ин ҷой берун шудаву бозгӯи таърихи қавмҳои дигар хоҳанд гашт, ба ин пешниҳодот ризо нашудааст ва манфиати худро аз манофеи халқу миллат боло нагузоштааст. Назар ба гуфтаи ӯ, дар ин музей зиёдтар аз 4000 адад ашёи таърихӣ дар маърази тамошо гузошта шуда, ба як ҳисоб оинаи равшани таърихи дури ин хокҷо мебошанд. Ф. Абулов таъкид кард, ки ҳанӯз дар дасти мардум экспонатҳои зиёде мавҷуданд ва минбаъд онҳо низ ҷамъоварӣ хоҳанд шуд.

Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил ба чоп омода кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: