Дар натиҷаи музокироти баргузоршуда Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф Эъломияи муштарак ва Протокол дар бораи таъсиси Шӯрои дуҷонибаи шарикии стратегӣ дар сатҳи олиро ба имзо расониданд, ки ба рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Покистон нигаронда шудаанд.
Дар ҳузури роҳбарони ҳарду кишвар табодули ҳуҷҷатҳои зерин, ки зимни сафар ба имзо расидаанд, баргузор гардид:
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника ва инноватсия;
- Созишнома оид ба сафарҳои бидуни раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни агентиҳои миллии иттилоотӣ;
- Созишнома ва қарордодҳо оид ба ҳамкорӣ байни академияҳои дипломатӣ, шаҳрҳои Тошканд ва Лоҳур, дигар ҳуҷҷатҳо.