з соли хониши нави 2025/2026 дар муассисаҳои таълими умумӣ (мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ, ихтисосонидашуда) ба мақсади баланд бардоштани нуфузи фанни мазкур дар синфҳои болоӣ миқдори соатҳо бинобар тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ зиёд шуда, минбаъд ба роҳбар-муаллимони ин самт унвонҳои ҳарбӣ дода мешавад.
Солҳои охир дар кишварамон ба масъалаи таълими ҳамаҷониба ва ҷараёни тарбия эътибори алоҳида дода мешавад. Мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 15 ноябри соли 2024 «Дар бораи чорабиниҳои ба зинаи нав баровардани самти тайёрии ибтидоии ҳарбии тодаъватии ҷавонон-мактаббачагон» эътибор ба низоми тайёрии ибтидоии пешаздаъватии мактаббачагон пурзӯр карда шуд. Аз соли хониши нави 2025/2026 дар муассисаҳои таълими умумӣ (мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ, ихтисосонидашуда) ба мақсади баланд бардоштани нуфузи фанни мазкур дар синфҳои болоӣ миқдори соатҳо бинобар тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ зиёд шуда, минбаъд ба роҳбар-муаллимони ин самт унвонҳои ҳарбӣ дода мешавад. Оиди аҳамияти қарори номбурда ва корҳои дар ин самт амалшудаву дар оянда иҷрошаванда бо роҳбари шуъбаи ватанпарварӣ ва мувофиқгардонии тайёрии ибтидоии тодаъватии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Улуғбек Давронов сӯҳбат оростем.
– Доир ба мақсад ва зарурати қабули қарори зикршуда ба хонандагони рӯзнома маълумот медодед.
– Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои ба зинаи нав баровардани самти тайёрии ибтидоии ҳарбии тодаъватии ҷавонон- мактаббачагон» ба мақсади дар рӯҳи ҳарбиву ватанпарварӣ, ҳурмат ба қадриятҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, дар ҳамаи самтҳо такмил додани донишу малакаи ҷавонон, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани осоиштагиву ҳамҷиҳатиро дар зеҳни онҳо ҷо кардан, инчунин босамар ба амал баровардани вазифаҳои васеъмиқёси ҳарҷониба ривоҷ додани мамлакатамон, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» нишон дода шудааст, қабул гардид.
Мувофиқи қарор як қатор корҳо амалӣ мешаванд. Аз соли хониши 2025/2026 дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ ба омӯзиши фанни тайёрии ибтидоии тодаъватӣ ҳафтае ду соат ҷудо карда, онро роҳбарони дар асоси низоми махсус сарашудаи дорои маълумоти олӣ мегузаранд.
Дар иловаи якуми қарори Президент корҳое, ки бояд дар мактабҳои таълими умумӣ амалӣ шаванд, таҳти унвони «Барномаи чорабиниҳо оиди дар донишандӯзон бедор кардани ҳисси меҳр ва ҳавас ба касби ҳимоячии Ватан» тартиб дода шудааст. Дар он тайёр кардани барнома ва нашри китоби омӯзиши фанни ТИТД, низоми қабул ба «Мактабҳои ҷасорат», зина ба зина пурзӯр намудани тайёрии ҷисмонии хонандагон, ташкили ташрифи онҳо ба музейҳо, маҷмӯъҳои ёдгорӣ, тартиб додани мусобиқаҳои варзишию ҳарбӣ, экскурсия ба қисмҳои ҳарбӣ ва иҷрои боз як қатор масъалаҳои ташкилӣ бо муҳлату муассисони масъул нишон дода шудааст.
– Доир ба ташкил ва фаъолияти «Мактабҳои ҷасорат» чанд сухан мегуфтед.
– Ба мақсади аз хурдсолӣ тарбия намудани фарзандон дар рӯҳи садоқати бепоён доштан ба Ватан, ҳамчун инсони ҳарҷониба солим ва аз ҷиҳати маънавӣ баркамол ба воя расидани онҳо назди мактабҳои ҳар як ноҳия (шаҳр)-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷамъ 208 «Мактаби ҷасорат» ташкил мегардад. Дар иловаи дуюми қарор рӯихати «Мактабҳои ҷасорат»-и нав ташкилмешуда дар назди кадом мактаби ноҳия (шаҳр)-и вилоятҳо ва ба кадом вазорат (ташкилот) вобаста шудани онҳо нишон дода шудааст.
Ба ин мактаб хонандагон аз синфи 5-ум аз тариқи озмун қабул гардида, фанҳои математика, физика, таърих, тарбияи ҷисмонӣ, таълими ибтидоии ҳарбии тодаъватӣ, забонҳои хориҷӣ чуқур омӯзонида мешавад. Фаъолияти маҳфилҳои робототехника, бозиҳои варзишии миллӣ, машғулотҳои тайёрии тиббӣ, саводомӯзии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Талабагони мактаби мазкурро давоми соли хониш ду бор ба полигони ҳарбӣ ва дар ҳар чоряк як дафъагӣ барои гузаронидани машғулоти амалӣ ба қисмҳои ҳарбӣ бурдан ба нақша гирифта шудааст. Ба мақсади бедор намудани ҳисси ватанпарварӣ гузаронидани чорабиниҳои маданию маърифатӣ амалӣ мешаванд. Мувофиқи он бо хидматчиёни ҳарбие, ки соҳиби унвонҳои баланди давлатӣ мебошанд ва фахриён, курсант, хидматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин хонандагони литсейҳои ҳарбии академӣ вохӯриҳо, суҳбат ва дарси маҳорат ташкил мегардад. Ба хатмкунандагони болаёқату аълохони мактаби мазкур дар асоси саракунӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олии ҳарбӣ, юридикӣ тавсияномаи имтиёзнок дода мешавад.
– Оё муаллим-роҳбарони ТИТД-и имрӯза минбаъд ҳам фаъолияти худро давом дода метавонанд?
– Роҳбарон-муаллимони фанни тайёрии ибтидоии тодаъватии муассисаҳои таълими умумӣ (мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ, ихтисосонидашуда) дар асоси озмун интихоб мегарданд. Ба он хатмкунандагони факултети таълими ҳарбии тодаъватии муассисаҳои таълими олӣ, аскар, сержант ва хидматчиёни ҳарбии мансуби таркиби офитсерони дорои маълумоти олии дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳбуда даъват шуда, аз рӯйи низоми тасдиқшуда дар асоси озмун интихоб мешаванд. Баъди саракунӣ роҳбар-муаллимони ТИТД дар муассисаҳои олии дахлдор такмили ихтисос мекунанд. Минбаъд онҳо аз рӯйи самаранокии фаъолият мувофиқи тартиби қонунгузорӣ рағбатманд гардонида, тоифаҳои малака дода мешавад ва зина ба зина ба гирифтани унвонҳои навбатии ҳарбӣ пешниҳод мегарданд.
– Аз қабули қарори мазкур се моҳ сипарӣ шуд. Оиди корҳои амалигашта маълумот медодед.
– Баҳри иҷрои чорабиниҳои дар қарор нишондодашуда вазоратҳои мудофиа, таълими томактабӣ ва мактабӣ, таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо, Маркази маънавият ва маърифат, инчунин Вазорати шуғл ва кам кардани камбизоатӣ мувофиқи самтҳо гурӯҳи корӣ ташкил намудаанд. Масалан, як гурӯҳи ташкилшуда ба муассисаҳои таълимӣ рафта, ҳолати синфхонаҳоро меомӯзанд. Асбобу анҷомҳои заруриро ба рӯйхат мегиранд. Хонаҳои фанни ТИТД бояд мувофиқи талаби замон зина ба зина муҷаҳҳаз гарданд. Овезаҳои дарсӣ-ташвиқотӣ мувофиқи намунаи тақдимнамудаи Вазорати мудофиа ҷойгир шаванд. Гурӯҳи дигар бо тайёркунии барнома ва ба нашр омодасозии китоби дарсии фанни мазкур машғул мебошанд. Дар Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ шуъбаи ватанпарварӣ ва мувофиқгардонии тайёрии ибтидоии тодаъватӣ ташкил гардид. Мувофиқи қарор дар самти Вазорати мудофиа лавозими раҳбари тайёрии ибтидоии тодаъватӣ ҷорӣ гардида, нишондодҳои қарорро зина ба зина ба амал мебароранд.
– Ба амалӣ гардидани корҳои ояндаатон муваффақиятҳо металабем.
– Раҳмат.
Суҳбаторо Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».