ГУРӮҲҲОИ ТОҶИКИИ ДОНИШГОҲ ЧӢ МУШКИЛ ДОРАНД?

Замоне буд, ки ҷамоаҳои мактабҳои тоҷикӣ дар мактабҳои олии вилоят созмон ёфтани гурӯҳҳои тоҷикиро орзу ва дар ин бора ба идораҳои дахлдори болоӣ муроҷиат мекарданд. Аксарияти ин талабҳо беҷавоб мемонд.

Хушбахтона, солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии Бухоро гурӯҳҳои забон ва адабиёти тоҷик эҳё шуда, ҳоло дар он ҷо сето гурӯҳ фаъолият дорад.

Факултети филология аз бахшҳои филология ва забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, матншиносӣ ва манбаъшиносӣ, технологияи ахбор ва коммуникатсия иборат аст. Дар курсҳои якум, дуюм, сеюми гурӯҳҳои тоҷикӣ хатмкардагони мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё, Самарқанд, Тошканд, Ҷиззах, Навоӣ, Сирдарё, Фарғона ва Намангон таҳсил мегиранд.

Мо вақте ин ҷо омадем, дар дарсхонаҳо машғулият давом дошт. Дар хонаи кунҷаки тарафи рост якчанд нафар устодон-бонувон машғули кор буданд. Баъди вохӯрӣ бо онҳо бо масъули гурӯҳҳои тоҷикӣ Ситора Атамуродова (омӯзгори забони англисӣ) шинос шудем. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки созмондиҳандаи тадбирҳои маънавият ва маърифати ин гурӯҳҳо будааст.

С. Атамуродова таъкид намуд, ки дар факултет барои донишҷӯён имкониятҳои хуби илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, барои хоҳишмандон хобгоҳ дода мешавад. Хобгоҳ низ дорои шароити мусоид буда, он ҷо китобхона, компутерхона, хонаи асбобҳои мусиқии миллӣ, тенниси рӯйи миз ва ғайра мавҷуд аст.

– Таҳти роҳбарии сарвари давлат дар мамлакатамон воқеаҳои зиёди таърихӣ ба амал меоянд. Аз ҷумла, дар соҳаи илм, таълим ва тарбияи ҷавонон. Эътибор ба дӯстии халқҳо беш аз пеш меафзояд. Дур наравем, гӯё дирӯз буд, 29 октябри соли гузашта дар маҷлисгоҳи факултети мо баргузор гардидани ҷашни 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» ба воқеаи бузурги таърихии Иди дӯстии халқҳо табдил ёфт. Шумо, аллакай гувоҳ ҳастед, дар факултети мо ҷараёни таълим ба се забон: ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ сурат гирифта, симоҳои се намояндани бузурги адабиёти ин халқҳо: Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Алишер Навоӣ, Александр Пушкин даромадгоҳи маскани илми моро обод кардаанд. Плакату шиор, панду ҳикматҳои гирду атроф низ барои ҳамаамон аҳамияти муштарак дорад. Ректори донишгоҳ Обидҷон Ҳамидов зуд-зуд ин ҷо ташриф оварда, ба ҳалли масъалаҳоямон пайваста кӯмак мерасонанд, – мегӯяд декани факултет, доктори илмҳои филологӣ, профессор Қаҳрамон Тӯхсанов.

– Бахши тоҷикӣ магар ба устодон ва омӯзгорон ниёз надорад? – пурсидам аз сарвари факултет.

– Не, устодон-омӯзгоронамон мерасанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки машғулиятҳои ихтисосӣ (забон ва адабиёти тоҷик)-ро мо – чор нафар: номзади илмҳои филологӣ, профессор Юнус Азимов, муаллимон Шералӣ Норқӯчқоров ва Муҳаммадамин Ҷӯраев мегузарем.

– Ба фикрам, таълими дарсҳои адабиёт ба шумо дахлдор аст?

– Бале, тадриси «Адабиёти халқҳои ҷаҳон ва Эрон», «Алоқаҳои адабӣ», «Адабиёти тоҷик ва бедории миллӣ», «Фолклори тоҷик», «Назарияи адабиёт», «Таърихи адабиёти тоҷик», «Ҷараёнҳои адабӣ», «Ҷараёнҳои адабӣ ва танқиди адабӣ», «Мифологияи тоҷик» дар ҳар се гурӯҳ ба банда тааллуқнок аст. Воқеан, салоҳияти илмии устодони гурӯҳҳои тоҷикӣ 75 фоизро ташкил мекунад. Рисолаи омӯзгор Шералӣ Нарқӯчқоров барои соҳибшавӣ ба рутбаи илмӣ тайёр аст. Дифои он моҳи май сурат мегирад.

– Масъалаи бо китобҳои дарсӣ, адабиётҳо таъминшавии донишҷӯёну устодон чӣ гуна аст?

– Бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти зарурӣ таъминшавии устодону шогирдон бад нест. Дар ошёнаи сеюм барои гурӯҳҳои тоҷикӣ китобхонаи алоҳида дорем, ки дар он садҳо адабиёт, асарҳои илмию бадеии классикию муосири адабиёти тоҷику форс, луғат, корҳои илмии донишҷӯён низ гузошта шудааст. Он ҷо агар вақт дошта бошед, даромада бинед, барои омӯхтан ва тадқиқи корҳои илмӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Аз тарафи дигар, замон дигар шуд: интернет мушкилкушо гардид. Ҳоло ҳамаи донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ шабакаи телеграмии худро доранд. Бо ёрии он ҳар як донишҷӯ варианти электронии китоби заруриро пайдо карда метавонад. Ба ғайр аз ин дар бинои асосии донишгоҳ китобхонаи электронӣ низ фаъолият дорад. Истифода аз гурӯҳ ва шабакаҳои интернетии «Қофилаи Рӯдакӣ», «Хоҷа Муҳаммад Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ», «А. Дониш», «Мавлавӣ», «Равзат-ус-сафо», «Ишқи сархӯр», «Фарзона», «Суханварон», «Дурдонаи Шарқ», «Овози Самарқанд», «Овози тоҷик» ва ғайра барои дастраскунии маводи зарурӣ мадад мерасонад. Донишҷӯёни мо ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обунаанд.

– Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ кай ва дар куҷо мегузорад?

– Асосан дар давоми таълими бакалавриат се маротиба ба амалиёт мебароянд: амалиёти фолклорӣ, амалиёти шевашиносӣ ва амалиёти педагогӣ. Донишҷӯён амалиётро асосан дар мавзеи худ мегузаронанд. Онҳо беҳтарин намунаҳои эҷодиёти даҳонакии деҳаи худ ва лаҳҷаву шеваҳои маҳаллаи хешро ҷамъ оварда, зимни омӯхтани онҳо донишу таҷрибаи худро зиёд мекунанд. Амалиёти педагогии онҳо низ дар таълимгоҳҳои тоҷикии мавзеи худ мегузарад. Муаллимони пуртаҷрибаи забон ва адабиёти ин мактабҳо бобати аз худ кардани роҳу усулҳои самараноки таълими ин фанҳо ба омӯзгорони оянда кӯмак мерасонанд.

– Донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ дар чӣ гуна маҳфилҳо иштирок мекунанд? Байни онҳо эҷодкорон ҳастанд?

– Донишҷӯёни ин гурӯҳҳо дар аксарияти маҳфилҳое, ки дар миқёси факултет ва донишгоҳ баргузор мегарданд, иштирок мекунанд.

Дар чорабиниҳое, ки ба муносибати зодрӯзи Алишер Навоӣ ва Муҳаммад Бобур гузаронида мешавад, шеърҳои тоҷикии онҳо аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ қироат карда мешавад.

Баробари ин, вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти шоирон, адибони форсу тоҷик тадбиру маҳфилҳои гуногун баргузор мегарданд.

Дар гурӯҳҳои тоҷикӣ донишҷӯёне, ки хабару мақолаҳо менависанд, кам нестанд. Донишҷӯён Ғайрат Панҷиев, Беҳрӯз Боймуродов, Шаҳноза Ғаффорова, Фарангис Акабоева, Дилдора Аҳмедова, Файзалӣ Ҷумъаев, Нигина Мусурмонова, Матёқуб Холматов, Севинч Дӯстёрова, Рамзия Дӯнабоева, Чарос Ҳамроева аз ҷумлаи эҷодкорони забони тоҷикиянд.

Боиси хурсандист, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикиамон дар баъзе тадбирҳои шаҳрию вилоятӣ низ иштирок мекунанд.

Дар ошёнаи сеюм вориди китобхонаи гурӯҳҳои тоҷикӣ шудем. Дар ҷевонҳо китобҳои гуногун, адабиёти илмию бадеӣ, асарҳои шоирони классики форсу тоҷик бо тартиб гузошта шудааст.

Баъди варақзании чанде аз китобҳо ба ошёнаи якум фуромадем. Аён гардид, ки донишҷӯёни курси дуюм дар дарсхонае таҳти роҳбарии омӯзгор Шералӣ Норқӯчқоров машғулияте доранд. Бо рухсати ӯ вориди дарсхона гашта, чанд лаҳза бо донишҷӯён мулоқот кардем.

Донишҷӯ аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё Дилдора Аҳмедова (шогирди мактаби рақами 46) барои эътибор аз номи ҳамдарсон сипосгузорӣ намуд.

Қаҳрамон Тӯхсанов хомӯшона ишораи нишастан намуд ва ба пиёла чой рехта сӯям дароз кард.

– Одамонро фаҳмидан мушкил, – ниҳоят лаб во кард вай ва баъди андаке таваққуф дарди дил ошкор намуд:

– Сиёсати халқпарварона ва ғамхориҳои беғаразонаи сарвари давлат имконият додааст, ки дар донишгоҳи мо ҷавонони тоҷик низ дар қатори дигарон ба забони модарии худ таҳсил гирифта, соҳиби касб ва маълумоти олӣ шаванд. Вале... рафтори баъзе ҳамзабонҳоямон дилро ба дард меорад. Омада риштаи таҳсилро интихоб карда ҳуҷҷат супориданд, аз имтиҳонҳо бо муваффақият гузашта ҳуқуқи бо грант хонданро ба даст дароварданд, вале акнун... ба дарсҳо намеоянд, хоҳиши таҳсил надоранд. Чӣ бояд кард?! Ин дардро ба кӣ гӯям?!

Шоир беҳуда нагуфтааст: «Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...»

Аз донишгоҳ баромада сӯйи роҳи калон қадам мениҳодаму суханони охирини сарвари факултет, лоқайдию беоқибатии ҳамзабонон ба дилам фишор меовард.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: