Аз ин гуфтори бепарвоёна ва рафтори муаллим, ки ба як хел хато ду хел баҳо мегузошт, оташин шудам. Хостам бигӯям, ки «шумо муаллим ҳастед ва бояд ҳамаро бо як чашм бубинед». Аммо барои эҳтироми синну сол ва собиқаи чандинсолаи корӣ хомӯширо афзал донистам.
Имрӯзҳо дар яке аз мактабҳои шаҳри Тошканд таҷрибаомӯзӣ мекунам. Ҳафтае чанд рӯз ба мактаб рафта, бо устоде, ки тибқи талаботи таҷрибаомӯзӣ ба ман вобаста карда шудаанд, якҷоя кор мебарем.
Дар рафти амалиёт ба донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ дарс мегузарем. Аз онҳо корҳои санҷишӣ мегирем. Инчунин, барои санҷидани диктанту корҳои назоратӣ ва вазифаҳои хонагӣ ба роҳбарони синф кумак мерасонем.
Чанд рӯз пеш аз донишомӯзони синфи чорум аз фанни «Математика» кори санҷишӣ гирифтем. Вақте занги баромад шуд, хонандагон берун рафтанд. Муаллим дафтарҳои хонандагонро барои санҷиш гирифт ва ман низ хостам кумак расонам. Мисолҳоро месанҷидаму ба муаллим медодам, то худашон баҳо гузоранд. Муаллим ба донишомӯзоне, ки ҳама мисолҳоро дуруст кор кардаанд, «5», агар як хато доранд, «4» ва агар аз панҷ мисол ду ва ё аз он бештарашро хато ҳал карда бошанд, «3» мегузошт. Лекин ҳини санҷиш муаллим ба хонандае, ки як хато дошт, «5» гузошт. Фикр кардам, ки ғалат карданд.
– Муаллим, як мисолро хато кор кардааст, – гуфтам.
– Ҳа, ҳеҷ гап не, ин донишомӯз дар дарсҳои иловагӣ иштирок мекунад.
Аз ин гуфтори бепарвоёна ва рафтори муаллим, ки ба як хел хато ду хел баҳо мегузошт, оташин шудам. Хостам бигӯям, ки «шумо муаллим ҳастед ва бояд ҳамаро бо як чашм бубинед». Аммо барои эҳтироми синну сол ва собиқаи чандинсолаи корӣ хомӯширо афзал донистам.
Дарсҳо анҷом ёфт. Хона баргаштам, аммо то ҳол дар бораи ин рафтори муаллим меандешидам. Азбаски фарзандони худам дар ин мактаб мехонданду ба дарсҳои иловагӣ намерафтанд, ин ҳолат маро хеле дилтангу нигарон карда буд. Саволе ба сар мезад, ки оё чунин кор пеш гирифтани муаллим дуруст аст? Магар ин кор боиси аз дарсҳо дилсард шудани дигар донишомӯзон намегардад? Ташкили дарсҳои иловагӣ барои хонандагон то чӣ ҳад муҳим мебошад?
Бояд гуфт, ки мактаб даргоҳи муқаддас аст. Ҳар як падару модар фарзанди худро бо умеди нек ба ин ҷо медиҳад, то илм омӯзад, соҳиби одобу ахлоқи ҳамида шавад ва чун инсони комил ба камол расад. Дар ин раванд нақши муаллим ва мураббиён беназир аст. Агар омӯзгорон, ки мо фарзандони худро бовар карда ба дасти онҳо медиҳем, чунин рафтор кунанд, (албатта на ҳамаи онҳо) яъне манфиати шахсии худро аз манфиати умум боло гузоранд, чӣ гуна метавонанд насли хуби ояндасозро тарбия кунанд?
Шумо дар ин бора чӣ назар доред, падару модарон ва омӯзгорони арҷманд?
Шоҳсанам ЮЛДОШЕВА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав, таҷрибаомӯз.