Дар доираи симпозиуми байналмилалии «Алишер Навоӣ ва Эҳёи Шарқ» миёни Донишгоҳи байналмилалии ба номи Имом Ҳумайнӣ ва Донишгоҳи давлатии Навоӣ дар бораи дӯстӣ ва рушди ҳамкорӣ меморандум имзо гардид.
Мувофиқи он байни донишгоҳҳо ташкил намудани конференсияҳои илмӣ-амалӣ, таҷрибаивазкунӣ ва татбиқи барномаҳои илмӣ-услубии замонавӣ, ҳамчунин таҷрибаомӯзии профессор-омӯзгорон ва донишҷӯён дар донишгоҳҳо ба роҳ монда мешавад.
Донишгоҳи байналмилалии ба номи Имом Ҳумайнӣ соли 1984 ташкил ёфта, дар шаҳри Қазвини Эрон воқеъ мебошад. Донишгоҳ яке аз муассисаҳои бонуфузи Эрон буда, бо сифати баланди омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои муҳандисӣ, фанҳои иҷтимоӣ ва табиӣ шуҳрат дорад. Дар донишгоҳ соҳоти тадқиқотҳои илмӣ хуб ривоҷ ёфта, муносибатҳои байналмилалии ҳамкории иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.