ДАР УЧҚИЗИЛ БОБАТИ РОҲАНДОЗИИ ЭКОТУРИЗМ 62 ЛОИҲА ТАТБИҚ МЕШАВАД

Дар 51,6 гектар майдон, ки бунёди экотуризм ба нақша гирифта шудааст, дар айни замон як қатор фароғатгоҳҳо, масканҳои истироҳатӣ, ошхонаву нуқтаҳои маишӣ-хидматрасонӣ барпо гардидааст.

Дар асоси супориши Президент ҳини ташриф ба вилояти Сурхондарё оид ба пешрафти соҳаҳои гуногуни туризм аз ҷумла, экотуризм вазифаҳои муайян гузошта шудааст. Чуноне ки дар мақолаҳои қаблӣ зикр намуда будем, дар се ҳудуди вилоят барои барпо намудани марказҳои сайёҳии «Сангардак», «Амонхона» ва «Оби ҳаёт» пойдевор гузошта шуд. Инак, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳудуди соҳилҳои обанбори Учқизили ноҳияи Тирмиз лоиҳаи барпо намудани экотуризм татбиқ гардад.

Дар 51,6 гектар майдон, ки бунёди экотуризм ба нақша гирифта шудааст, дар айни замон як қатор фароғатгоҳҳо, масканҳои истироҳатӣ, ошхонаву нуқтаҳои маишӣ-хидматрасонӣ барпо гардидааст. Бо баробари ин барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи туризм дар ин минтақа имкониятҳое, ки то ҳол роҳандозӣ нашудааст, мавҷуд аст. Чунончӣ, роҳи магистрали автомобилгузар (М39), ки бо роҳи Ҳайратони Афғонистон мепайвандад, маҳз аз наздикии соҳили ғарбии обанбори Учқизил мегузарад. Барои аз майдонҳои истифоданашуда самаранок истифода бурдан ва экотуризмро ривоҷу равнақ додан амалӣ намудани лоиҳаҳои пурвусъат роҳандозӣ хоҳад шуд. Мувофиқи он дар маҷмӯъ амалисозии 62 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 2 тарабхонаи замонавӣ, 32 дукони савдо, 28 нуқтаи хидматрасонӣ барпо хоҳад шуд. Бешубҳа, баъди бунёд ёфтани ин иншоот ҳам соҳили обанбор обод мегардад, ҷойҳои нави корӣ бунёд мешавад ва ҳам соҳаи сайёҳӣ дар минтақа рушд меёбад.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: