«Ta`lim nazorati» (@uztdi) яке аз каналҳои телеграмие мебошад, ки қариб 100 ҳазор корбар дорад ва роҷеъ ба қонунгузорӣ, навиду мушкилоти соҳаи таълим, дигаргуниҳое, ки дар сохтор амалӣ мегарданд, матолиб ва ахбори муфид мегузорад.
Азбаски худ ба соҳаи таълим таваҷҷуҳи бештар дорам, пайваста ин каналро пайгирӣ мекунам.
Чанде пеш таъсисгарон таҳти унвони «Аз рӯйи омодагӣ ба аттестатсия боз оиди як қатор фанҳо тестҳои диагностикӣ ҷойгир карда шуд» матлабе гузоштанд.
Дар он сухан дар бораи пеш аз аттестатсия марҳила ба марҳила гузоштани тестҳои диагностикӣ барои омӯзгорон рафта, таъкид гардидааст, ки «бо назардошти талаб ва хоҳиши устодон, ки ба @uztdibot фиристодаанд, аз фанҳои зерин низ тест ҷойгир карда шуданд:
- Забони қазоқӣ
- Забони тоҷикӣ
- Забони корейсӣ
- Забони немисӣ»
Вақте ин навидро шунидам, хушҳол гардидам. Чунки то ҳол чунин тест вуҷуд надошт ва аксар дӯстон, ки омӯзгоранд, доим аз ин мушкил шикоят мекарданд. Хурсанд будам, ки акнун ҳама омӯзгорон метавонанд бо забони модарии худ тести диагностикиро супорида, ба аттестатсия омодагӣ бинанд.
Дар поёнтари матлаб «Барои иҷрои тестҳои диагностикӣ ба яке аз ин ҳаволаҳо дароед» навиштаву он ҷо таҳти рукнҳои «Бо забони ӯзбекӣ ва русӣ» ва «Бо забони қароқалпоқӣ» ду ҳавола гузошта буданд. Ҳисси кунҷковиям боло гирифту бо мақсади шиносоӣ бо намунаҳои тест ба забони тоҷикӣ ҳаволаи якум – «Бо забони ӯзбекӣ ва русӣ» (https://t.me/uztditestbot)-ро зер кардам.
Телеграм маро ба саҳифаи дигар бурд. Дар он ҷо пас аз иҷрои чанд дархости боти махсус, навиштаи «Аз байни фанҳои зерин фанни якуми асосиро интихоб кунед» баромад, ки дар поёни он номгӯи 38 фан буд. Вақте фанни «Забони тоҷикӣ»-ро интихоб кардам, бот автоматӣ гуфт, ки вориди сайт шавам. Дар сайт низ пас аз иҷрои чанд дархост, тест рӯйи оинаи компутер пайдо шуд. Он ҷо аз фанҳои гуногун 35-то тест буд.
Саволи якум «Дар ҷумлаи «Вай подаро ронда ба чаро мебурд»-ро пуркунанда ба кадом савол ҷавоб шудааст?»-ро хонда, ҳавсалаам пир шуд. Тестҳоро як-як мехондаму ҷойи он эҳсоси ифтихору фараҳмандиро, ки ҳангоми мутолиаи матлаб пайдо шуда буд, ғаму ноумедӣ фаро мегирифт. Ҷумлаҳо нофаҳмо, тарҷумаҳо нодуруст, калимаҳо пур аз ғалат буданд. Яъне мазмуну маъно бо ду по мелангиданд.
Масалан, дар саволи «Сартҳои зерин «...агар сир набошад гӯед канӣ чӣ хел писару тарсончаку шармигини заифмиҷози моро ба ин хел ҷавонмарди ҷасуру паҳлавон табдил додед?...».» ҳам маъно нодуруст, ҳам чанд ғалати имлоӣ мавҷуд ва ҳам дар охири ҷумла чор намуди аломати китобатиро гузоштаанд. Мутаассифона, дар охири қариб ҳамаи саволҳо чунин ҳолат, яъне гузоштани 2-3 аломат ба чашм мерасад.
Инчунин, аксар калимаҳо, аз ҷумла «хурокворӣ» (хӯрокворӣ), «сарт» (сатр), «шармигин» (шармгин), кондетсатсия (конденсатсия), «қиммат» (қимат) ва ғайра хато навишта шудаанд. Дар саволҳо ченакҳо бо ҳарфҳои лотинӣ сабт гардидаанд (cm, dm, kg ва ғайра).
Дуруст, ки гузоштани тестҳои диагностикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои омодагии бештару беҳтари омӯзгорон ба аттестатсия мусоидат мекунад. Яъне ин як имконияти хуб аст. Аммо «имконият фароҳам менамоем» гуфта, саволҳои пурғалатро гузоштан то чӣ ҳад дуруст? Умуман, канали «Таълим назорати»-ро, ки дар бораи саҳифаи кадом ниҳод ё идораву ташкилот будан ва аз ҷониби кӣ таъсис ёфтани он маълумоте вуҷуд надорад, кӣ назорат мекунад? Агар вазъи тестҳои диагностикӣ чунин аст, тестҳо барои аттестатсия чӣ ҳол доранд?
Ин ҳама саволҳое мебошанд, ки ҷавоб мехоҳанд. Хуб мешуд, омӯзгороне, ки дар аттестатсия ширкат кардаанд, дар бораи бурду бохти саволҳои аттестатсионӣ андешаҳои худро рӯйи коғаз оварда, ба рӯзнома ирсол мекарданд.
Ф.ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».