Қуқанд ёдгориҳои зиёди таърихиву меъморӣ дорад. Ин аст, ки сайёҳони дохиливу хориҷӣ мунтазам ба ин шаҳр меоянд ва бо зиёратгоҳҳои он аз наздик ошно мешаванд.
Танҳо дар як соли охир теъдоди онҳое, ки ба Масҷиди ҷомеъ – ёдгории меъмориву таърихии шаҳри куҳанбунёди мо ташриф овардаанд, ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад.
Ин ёдгории меъмориро ҳамеша ба сифати шоҳасари шаҳри Қуқанд арзёбӣ мекунанд ва ин бесабаб нест. Ин обида ба асри XIX мутааллиқ буда, солҳои 1812-1818 аз ҷониби хони Қуқанд – Умархон созонда шудааст. Он аз қасри азим, айвони васеъ, ки аз се тарафаш бо 98 сутуни чӯбин иҳота шудааст ва манора иборат мебошад. Чун манораро ба 98 сутун илова кунем, рақами 99 ҳосил мешавад, ки ин ишора ба 99 номи Худованд аст.
Дар шифти айвон намунаи вассаҷуфт мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба 114 бахш тақсим шудааст. Он низ ишора ба 114 сураи Қуръони азимушшаън мебошад. Замоне дар ҷойи он масҷиди қадимӣ қомат афрохта буд. Мутаассифона, вай дар замони Темуриён ба харобазор мубаддал гардидааст ва то асри XVIII танҳо баъзе қисматҳои он боқӣ мондаанд. Дар аввал Норбӯтабий кӯшиш кардааст, ки намозгузоронро ба масҷид ҷалб намуда, дар паҳлӯйи рости масҷиди қадима мадрасаи нав бунёд кунад. Аммо вазъи фарсудаи масҷид ба ин имкон надодааст. Дар натиҷа мадрасаи навбунёди Мир низ ҳамчун масҷид хидмат кардааст.
Танҳо соли 1805 Олимхон тасмим гирифтааст, ки дар ҷойи масҷиди қадима масҷиди нав созонад, вале бар асари афзоиши хароҷоти ҳарбӣ сохтмони масҷид мавқуф мемонад. Соли 1812 Умархон сохтмони масҷидро аз нав cap мекунад. Барои ин зиёда аз 200 нафар устоҳои моҳири Ӯротеппаро ҷалб менамояд. Сохтмон солҳои 1817-1818 анҷом ёфтааст.
Санъати кандакорӣ, ки масҷидро зебу зинат медиҳад, ба сифати як техникаи беназир дар миёнаҳои асри XVIII ташаккул меёбад. Нақшҳои кандакоришудаи масҷид чандон зиёд нестанд, вале бо дақиқии худ тафриқа доранд. Хусусан, нақшҳои исломӣ ва гиреҳхӯрдаи он ҷолибанд, нақшҳои набототмонанд аз қисмҳои хурд ғанӣ буда, гулҳои бошукӯҳро ташкил медиҳанд.
Аз нимаи дуюми асри XIX нақшҳои ороишӣ, рахдор ва ғайра пайдо шудаанд. Ранг кардани замини нақшдор низ васеъ истифода шудааст. Дар байни устоёни масҷид Отауллоҳ Муҳаммад Раҷаб, Мулло Холиқ, Фозил Отауллоев, Лутфулло Фозилов ва дигарон мавқеи хоса доштаанд.
Дарвоқеъ, ин масҷид дар Осиёи Марказӣ ягона ёдгории меъморӣ маҳсуб меёбад, ки бо услуби айвони кушод сохта шудааст. Масҷидҳои он давра ва монанди ин аз рӯйи анъана аз чор тараф девор доранд. Аммо дар Қуқанд бо назардошти эҳтиёҷоти намозгузорон тасмим гирифта шудааст, ки масҷид танҳо аз самти қибла пӯшида шавад. Рӯзҳои аввал маҷмӯаи масҷиду мадраса ҳамчун ёдгории ягонаи меъморӣ амал мекардааст. Дар самтҳои ҷанубӣ, шарқӣ ва шимолии маҷмӯа ҳуҷраҳо мавҷуд будаанд. Дарвозаи шимолӣ ва толори қироат то соли 2009 бетағйир мондаанд.
Дар водии Фарғона пас аз ҳамин масҷиди ҷомеъ бо ин роҳ сохтани масҷидҳои хурдтар ба ҳукми анъана даромадааст. Ин, пеш аз ҳама, зарурате будааст, ки аз шароити иқлими водӣ бармеояд, дуюм, хоҳиши идома додани анъанаҳои меъмории хоси Фарғона боиси бунёди масҷид дар чунин услуб гардидааст. Аз ин лиҳоз, масҷиди Қуқанд ёдгории беҳамто ба ҳисоб меравад, ки ҷанбаҳои қадимии мактаби меъмории Фарғонаро таҷассум мекунад.
Ногуфта намонад, ки айни ҳол дар ин ҷо Осорхонаи давлатии Қуқанд – филиали санъати амалӣ ва Маркази ҳунармандии шаҳр воқеъ гаштаанд. Иншооти мазкур бо қарори Девони Вазирон аз 4 октябри соли 2019 ба «Феҳрасти миллии иншооти мероси моддию фарҳангӣ» шомил карда шуданд. Ба ин тартиб, масҷиди Қуқанд ёдгории беназири мактаби меъмории қадимаи миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар худ як сафҳаи таърихро хеле равшан бозтоб медиҳад.
Муаттар НОСИРОВА,
директори Осорхонаи санъати амалии Қуқанд.