Мувофиқи Қарори Девони Вазирон аз 28 ноябри соли 2002 дар вилояти Навоӣ 17 ҷамъияти ноҳиявӣ ва 2 ҷамъияти шаҳрии ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон таъсис дода шуданд.
Ҳар як шахс дар ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба харида гирифтани мулк, яъне хонаву ҷо, истифода аз хидматҳои коммуналӣ, барқ, газ, воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, хариди маҳсулоти ҳаррӯзаи истеъмолӣ ва ғайра эҳтиёҷ ва ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқҳои шаҳрванд аз ҷониби давлат кафолат дода ва ҳимоя карда мешаванд.
23 январи соли 2025 таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» қабул гардид. Мувофиқи он истеъмолгарон одатан бо истеҳсолкунандаи маҳсулот ва иҷрокунанда – касе, ки маҳсулотро ба истеъмолгар мефурӯшад ва хидматҳои маишӣ, коммуналӣ, нақлиёт ва ё намудҳои дигари хидматро мерасонанд, сарукор доранд.
На ҳамаи мо аз ҳуқуқҳои худ дар ин бобат хуб огоҳӣ дорем. Ба дукон ва ё бозор рафта, маҳсулотро интихоб мекунем. Вале ба сифат, замони истеҳсол ва муҳлати истифодаи он, аз ҷониби кадом корхона истеҳсол шуданаш ва ба саломатии мо зарар дорад ё не эътибор намедиҳем. Ҳатто аксар ҳангом аз касса чеки пардохти пул ё сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намекунем.
Мақсад аз қабули Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳост.
Истеъмолгарон ҳуқуқ доранд, дар бораи маҳсулот (кор, хидмат), ҳамчунин дар бораи истеҳсолкунанда (иҷрогар ва фурӯшанда) маълумоти саҳеҳ ва комил дошта бошанд.
Мувофиқи Қарори Девони Вазирон аз 5 апрели соли 2022 бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон Федератсияи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон таъсис дода шуд. Шуъбаҳои ҳудудии федератсия дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо созмон дода шудаанд. Вазифаи муҳимтарини ин ҷамъият ташаккул додани маданияти ҳуқуқии истеъмолгарон, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва «Ҳафтгонаи маҳалла» барои пешгирии ҳолатҳои дар ин раванд ба вуқӯъ оянда мебошад.
Мувофиқи Қарори Девони Вазирон аз 28 ноябри соли 2002 дар вилояти Навоӣ 17 ҷамъияти ноҳиявӣ ва 2 ҷамъияти шаҳрии ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон таъсис дода шуданд. Алҳол корҳо аз ҷониби шуъбаҳои ҳудудии ҷамъият самарабахш иҷро мешаванд. Садорати вилоятӣ аз рақами телефони боварӣ, почтаи электронӣ ва дигар ресурсҳои интерактиви ахбор ба мақсади ҳифзи манфиат ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон васеъ истифода мебарад.
Соли гузашта аз ҷониби Садорати ҳудудии ҷамъият 830 муроҷиат тафтиш гардида, ҳуқуқи 781 нафар истеъмолгар барқарор карда шуд, 49 муроҷиат ба муассисаҳои ваколатдор супорида шуданд. 2 миллиарду 136 миллиону 900 ҳазор сӯм ба фоидаи истеъмолгарон баргардонида шуд.
Садорати вилоятии Навоӣ вазъияти хобгоҳҳои муассисаҳои таълимиро санҷид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 1371 донишҷӯ 272 миллион сӯмина зиёд маблағ ситонда шудааст, ин маблағ ба соҳибонаш баргардонида шуд.
Хушбахтона, сатҳи огоҳии мардум аз ҳуқуқҳои худ рӯз аз рӯз меафзояд. Муроҷиати мардум низ. Чунончӣ, шаҳрванди Навоӣ Ойбек Ҳаитов аз дукони техникаи маишӣ плитаи газ харид кардааст. Мувофиқи шартнома таъмири он бояд дар давоми се сол ройгон иҷро мешуд. Плита як моҳ ҳам кор накардааст. Бо дахолати корманди Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон манфиати истеъмолкунанда ҳифз карда шуд. Ё худ иҷрокунандагон хидматро иҷро накарда, аз картаи бошандаи ноҳияи Навбаҳор Бекзод Бобоназаров 870 ҳазор сӯмро гирифтаанд. Пас аз муроҷиат пули шаҳрванд баргардонида шуд. Бинобар ин гирифтани чеки пардохти пул аз касса зарур аст.
Барои маълумот бояд гуфт, ки ҳар сол 15 март дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнро СММ соли 1983 таъсис додааст, он бори аввал 15 марти соли 1983 ҷашн гирифта шуда буд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.