ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ ШОФИРКОН САДСОЛА ШУД

Дар нимаи дуюми асри XIX дар ҳудуди Шофиркон регкӯчиҳои зиёде рӯйи кор меомаданд. Аз ҷумла, регкӯчиҳои соли 1862,1892, 1925 ва 2020 ба мардуми ин ҳудуд зарари иқтисодии бузург расонид.

Хоҷагии ҷангали Шофиркон таърихи хосе дорад. Хонандагони «Ёддоштҳо»-и Устод Садриддин Айнӣ хуб медонанд, ки дар нимаи дуюми асри XIX дар ҳудуди Шофиркон регкӯчиҳои зиёде рӯйи кор меомаданд. Аз ҷумла, регкӯчиҳои соли 1862,1892, 1925 ва 2020 ба мардуми ин ҳудуд зарари иқтисодии бузург расонид.  Ба хусус, соли 1925 дар натиҷаи чунин офати нобаҳангоме, ки он вақт аҳолии деҳаи Қӯрғони Вардонзе дар чаҳор масҷид адои ибодат мекарданд, тамоман дар зери реги равон монданд.

Чунин ҳолати ногувор мардумро ба ташвиш монд ва онҳо ба пойтахти мамлакат — шаҳри Маскав телеграмма фиристода, имдод хостанд. Дере нагузашта, аз он ҷо экспедитсияи илмӣ бо сарварии Пашкевич ном шахс фиристонида мешавад. Ҳайати экспедитсия баҳри пешгирии чунин офати табиӣ аз қамиш девор бофта, дар роҳи равиши рег садд бардоштанд, аммо саъю кӯшиши онҳо барбод рафт, муддати зиёде нагузашта, садди қамиш зери рег гум шуд. Пас, аз гил похсадевори семетра бардоштанд. Он девор низ дар зери рег монд. Оқибат кишти саксавулро авло шуморида, шинонидани ниҳолаки саксавул ва коштани тухми онро оғоз намуданд. Ин усули кор дар муддати кӯтоҳ дурустии худро намоён кард. Ва дар Шофиркон идорае бо номи хоҷагии ҷангал кори худро ба роҳ монд.

Ба идораи номбурда то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон худи Пашкевич сарварӣ намуда, баъди ба фронт рафтани ӯ ин вазифаро ҳамсараш Бижанбек то солҳои панҷоҳуми асри гузашта идома додааст. Дертар оилаи Пашкевич ба пойтахти мамлакат — шаҳри Маскав бармегардад ва духтарашон оиди ин мавзӯъ кори илмии падару модарро ба охир мерасонад.

Мо ба муносибати ҷашни 100-солагии хоҷагии ҷангали Шофиркон аз директори кунунии он Эркинҷон Кенҷаев хоҳиш намудем, ки бо ҳолат ва фаъолияти имрӯзаи хоҷагӣ хонандагони арҷманди «Овози тоҷик»-ро шинос намояд.

– Хоҷагии ҷангали мо бисёрсоҳа мебошад. Дар ҷамоа 50 нафар коргар аҳлу тифоқ бо парвариши ниҳолу шинонидани саксавулу черкас ва юлғун қариб дар 28 ҳазор гектар майдони саҳрои Қизилқум машғуланд.

Боқимонда 23 ҳазор гектар майдон ба 25 нафар чорводорон ба иҷора дода шудааст. Дар ин майдон инчунин 500 сар бузу гӯсфанд ва 100 сар чорвои шохдори калон парвариш карда мешавад.

 Дар ҳамаи минтақаҳои мамлакатамон гӯшти моли дар саҳрои Қизилқум парваришёфта бақадр ва арзиши зиёд дорад. Бахусус «қазӣ»-и дар ин ҷо омодашуда маъмултар аст.  Бар иловаи ниҳолпарварӣ боз чандин нафар аз химичҳои махсуси мустаҳкаму дароз ба бофтани мизу курсиҳо машғуланд, ки аз ин соҳа низ даромаде ба даст меояд.

Дар саҳроямон гиёҳи шифобахши ҳазориспанд хеле фаровон аст. Маълум, ки дар ҷое, ки ҳазориспанд фаровон рӯидааст, дар зери замини он ҷо об низ ба сатҳ наздик аст. Инчунин, аз каврак ва гули хори сурх, ки ба маризиҳои дарди шикам ва печок шифо мебахшад, чӯпонон ба тарзи хоса дору месозанд. Гули хори сафед бошад, барои беҳтар гардонидани биниш фаровон истифода мешавад. Паррандагони гуногун, инчунин товуси саҳро, ки шомили «Китоби сурх» аст, дар ин ҷо гоҳ-гоҳ вомехӯрад.

Аз хазандагон мору калтакалосҳои гуногун, эчкиэмар, дар мавзеъҳои ҷанубтар мори кафчаи заҳрдор, муштмори сафеди заҳрнок, гоҳо тирмор вомехӯранд. Гургу рӯбоҳу шағол, гурбаи ёбоӣ, юрмону кӯрмуши калон низ ҳастанд. Дар шимолтар оҳуи Бухоро — ҷайрон оварда, ба озодӣ гузошта шудааст. Дар мавзеъҳои дурдаст, ки дарёфти об осонтар аст, галаи харҳои ёбоиро дидан мумкин. Каврак ба гармии саҳро ва беобӣ хеле тобовар аст. Агар онро аз реша кофта гиред, дар бағалаш халтаи махсуси пур аз обро мебинед. Агар аз он об нӯшед, маризиҳои бешифо низ қафо мегаштааст.

Агар дар ин мавзеъ занбури асал парвариш карда шавад, асали аълосифат ба даст меояд. Ба қавле уммони саҳрои беканор пур аз сиру асрор асту вай чунин ниҳониро ба дилбандонаш ошкор месозад.

Соли ҷорӣ мо садсолагии хоҷагии ҷангаламонро ид ҳоҳем кард. Дар бадали ин солҳо садҳо нафар ҷангалбонон, даҳҳо директорон баҳри рушди соҳаи ҷангалпарварӣ кор кардаанд, ки хотираи онҳоро шод карданием, – гуфт дар охир Э.Кенҷаев.

Алимурод Темиров,

ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: