Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 феврал ҳайати Федератсияи Русияро таҳти сарварии муовини Раиси Ҳукумати кишвар Марат Хуснуллин қабул кард.
Дар оғози мулоқот меҳмони воломақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва беҳтарин таманниёти Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Раиси Ҳукумати кишвар Михаил Мишустинро расонд.
Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории амалии мутақобилан судманд, аз ҷумла дар соҳаи саноати сохтмон ва рушди ҳудудҳо дар доираи татбиқи созишномаҳои дар ҷараёни сафари давлатии роҳбари Русия ба Ӯзбекистон моҳи майи соли гузашта бадастомада баррасӣ шуданд.
Ба густариши кооператсияи васеъмиқёс дар бахши сохтмон таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Сухан дар бораи иштироки ташкилотҳо ва ширкатҳои ҳар ду кишвар дар тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти инфрасохторӣ, таъмини маводи сохтмон ва таҷҳизот дар доираи барномаҳои амалишавандаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо меравад.
Зарурати идомаи мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои сохтмони саҳмиявӣ, тарҳрезӣ, экспертиза, рақамикунонӣ ва гузаронидани харидҳои давлатӣ таъкид гардид.