ДАР БОРАИ ДАР САТҲИ ШОИСТА ГУЗАРОНИДАНИ МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар солҳои охир дар кишвар оид ба таъмин намудани озодии виҷдон, ҳифз ва ба наслҳои оянда расонидани арзишҳо ва анъанаҳое, ки моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси исломро таҷассум мекунанд, мустаҳкам намудани муҳити сулҳу оромӣ, ҳамоҳангии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ, инчунин ҳамаҷониба дастгирӣ кардани шахсони камбизоат, ниёзманд ва маъюб корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд. Ин гуна корҳои хайрхоҳона хусусан дар моҳи мубораки Рамазон боз ҳам равшантар инъикос меёбанд.

Бо мақсади истиқболи шоиста ва дар сатҳи баланд баргузор намудани моҳи Рамазон, ки аз қадимулайём барои халқи мо рамзи меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ, саховатмандӣ ва бузургворӣ маҳсуб меёбад:

1. Маълумоти Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи мувофиқ омадани оғози моҳи мубораки Рамазони соли 2025 ба санаи 1 март ба назар гирифта шавад.

2. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи корҳои дин, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Бунёди дастгирии фаъолияти ҷамъиятии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний» ва дигар ташкилотҳои ҳамкор супориш дода шавад, ки дар минтақаҳо чораҳои татбиқи моҳи Рамазонро мутобиқи анъана ва арзишҳои миллӣ амалӣ намоянд.

Дар ин моҳи муборак, дар асоси ғояи «Рамазон – моҳи саховат, ваҳдат ва фарохдилӣ», ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус дода шавад:

дастгирии ташаббусҳо ҷиҳати кумакрасонӣ ба шахсони ниёзманд ва ҷавононе, ки ба донишомӯзӣ ва маърифат талош мекунанд;

мустаҳкам намудани риштаҳои оилавӣ, таҳкими муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод дар маҳаллаҳо, инчунин шарафмандгардонии арзишҳое, ба мисли эҳтиром, раҳмдилӣ ва инсонпарварӣ;

ҳифзи муҳити зист, ободонии маконҳои муқаддаси зиёрат ва ибодат, қабристонҳо, шинонидани ниҳолҳо, инчунин риояи тадбир ва пешгирии исрофкории нолозим дар чорабиниҳое, ки бо моҳи Рамазон марбутанд.

3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонси иттилоотии миллии Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори омма тавсия дода мешавад, ки чорабиниҳои вобаста ба моҳи Рамазонро ба таври васеъ инъикос намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Қ. Давлетов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд, 27 феврали соли 2025.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: