Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудгазтаъминот» дар мавзӯи «Роҳандозии кор оиди таъмини мунтазами аҳолии мамлакат ва шабакаҳои иқтисодиёт бо гази табиӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он муовини якуми раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудгазтаъминот» Даврон Мақсудов роҷеъ ба вазъи гази табиӣ ва таъмини он дар мамлакат, бартарафсозии мушкилоти мавҷуда маълумот дод.
Дар шароити имрӯза газ яке аз навъҳои муҳими сӯзишворӣ буда, барои таъмини маишати аҳолӣ мисли барқ аҳамияти алоҳида дорад. Дар баробари истифодаи аҳолӣ аз он, тамоми корхонаву ташкилотҳо низ самаранок истифода мебаранд.
Ба таври мунтазам бо гази табиӣ таъмин кардани аҳолӣ кори хеле масъулиятнок буда, ҳама вақт саъю кӯшиши кормандони соҳаро талаб мекунад.
Соли гузашта аз ҷониби соҳа ба истеъмолкунандагон 22,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ва 621,1 ҳазор тонна гази моеъ равона карда шудааст. Бо мақсади омода намудани системаи тақсими газ ба мавсими зимистони солҳои 2024-2025 175,4 километр лӯлаҳои газ пурра таъмир карда шуда, дар натиҷа таъминоти гази табиии 145 ҳазор хонавода беҳтар гардид.
Ғайр аз ин, 478 пункти газтақсимкунӣ аз таъмири асосӣ бароварда, беш аз 52 ҳазори он аз назар гузаронида шуд. 6,7 ҳазор километр лӯлаҳои газ дар зери фишор аз назар гузашта, ҳолати 7,3 ҳазор километр лӯлаҳои гази зеризаминӣ санҷида шуд.
Ба мақсади беҳтар намудани таъминоти газ ба истеъмолкунандагон дар 443 ҳазор хоҷагии деҳоту маҳал ҳисобкунакҳои замонавӣ гузошта шуд. Инчунин, 1 миллиону 557 ҳазор дастгоҳи кӯҳнашудаи газ ба дастгоҳҳои замонавии каммасраф иваз намуда, 112,2 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардид.
Таъкид гардид, ки ба мақсади беҳтар намудани таъминоти газ ба таври илова беш аз 35 ҳазор газбалон оварда шуд. Дар ҳудудҳои наздики нуқтаҳои зисти аҳолӣ 30 маркази хидматрасонии фурӯши газбалон бунёд гардид, ки айни замон дар хидмати мардум мебошад.
Чунонки маълум аст, дар саросари ҷаҳон аз гази табиӣ одамон фаровон истифода мебаранд, ки махсусан барои таъмини аҳолӣ бо гармӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳоло талаб ба истифодаи гази табиӣ низ меафзояд, аммо пешгӯиҳои олимон бинобар ба охир расидани захираҳои он нигаронкунанда аст. Дар мамлакат захираҳои гази табиии фаровон дорем, ки барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ҳаёти маишии аҳолӣ мусоидат мекунад. Фақат ба таври оқилона истифода бурдани он ва ба таври мунтазам, бидуни ҳар гуна найранг, онро ба нуқтаҳои зисти аҳолӣ расонда додани ходимони соҳа дуруст меояд. Дар акси ҳол, бинобар таъкиди иштирокдорони нишаст ба муқобили ҳар гуна қаллобӣ чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».