«ОМАД БАҲОРИ БАХМАЛ, САРСАБЗ КӮҲСОРОН...»

Бо чунин сатр оғоз меёбад яке аз шеърҳои шоир Зулфия, ки соли 1974 навишта буд.

Моҳи октябри соли 1950 маҷаллаи «Ӯзбекистон хотин-қизлари» ташкил ёфт ва ҳар ду дар таҳририяти ин маҷалла ба кор сар кардем. Апаи Зулфия муҳаррири бахши адабиёт ва санъат, камина ходими адабии бахши мазкур будам. Дертар ӯ сармуҳаррир ва ман ҷонишини сармуҳаррир интихоб шуда, 30 сол паҳлу ба паҳлу кор кардем. Дар тӯли сӣ сол аз апаи Зулфия на танҳо дарси таҳрир, хондани саҳифа ва ба чоп ҳозир намудани маҷалла, балки меҳру оқибат, одамгарӣ, сабр ва вафову садоқат барин фазилатҳои инсониро низ омӯхтам. Устод ҷамоаро на танҳо чун сармуҳаррир, балки ҳамчун модар сарварӣ мекард.

Гуфтан ҷоиз аст, ки апаи Зулфия ба ҳайати таҳрири маҷаллаҳои ҳамсоя – «Ғунча» ва «Гулхан» низ маслиҳатгӯй буд. Ходимони ин таҳририятҳо апаро ба камоли эҳтиром «онамиз» мегуфтанд. Воқеан, аз шеъру шахсияти апаи Зулфия бӯйи меҳру садоқат ва вафо меомад. Агар аз ман пурсанд, ки «Зулфия кӣ буд?» ҷавоб ин аст, ки ӯро аз ашъораш ҷӯед.

Роҳи пурмашаққати ҳаёт, ҷудоии барвақт аз ҳамсар, садоқат, муҳаббат, сабр... мавзӯи асосии шеърҳояш буданд. Ҳар як шеъри тозаи ӯро «нони гарми аз танӯр канда» меномидем. Шахсан ман Зулфияро бо шеъри «Баҳор дар суроғи ту омад» шинохта дар дилам ҷо карда будам. Дар ин шеър захмҳои дили шоир баръало намоён аст, ки гӯё онро теғи ҷарроҳ чок карда бошад:

Дар гули бодому саҳроҳои хис,

Дар лаби гулҳову дарёҳо баҳор.

Дар пари мурғону боди мушкбез,

Водиҳои сабзу, паҳноҳо баҳор...

Соҳиби ҳусни нотакрор ва қалами сеҳрнок – Зулфия вақте ин сатрҳоро ба коғаз мефуровард, ҳамагӣ 30 сол дошт. Ҳеч кас дар ин синну сол ба чунин дарду изтироб ва фоҷиа, ки дар шеър ифода ёфтааст, тоб оварда наметавонад. Ба ирода, сабру бардошт ва матонати апаи Зулфия ҳавасам меомад.

Ҳамчун роҳбар ба пурмазмун, хонданибоб ва мувофиқи дархости муштариён баромадани саҳифаҳо эътибори ҷиддӣ дода, бештар ба масъалаи ҷавонон ва маънавияти онҳо аҳамият медод. Бо ташаббуси Зулфия саҳифаи «Аз дафтари занону духтарон» созмон ёфт ва тавассути ин саҳифа занону духтарони эҷодкору китобхон рӯйи об мебаромаданд. Имрӯзҳо шогирдони апаи Зулфия шоир, нависанда, журналист, сухандон ва тарғиботчии маънавияту маърифатанд ва дар рушди ҳаёти пурмазмуни халқҳои кишвари мо ҳиссаи худро мегузоранд.

Бахусус, бино ба фармони роҳбари давлат таъсис дода шудани Мукофоти давлатии ба номи Зулфия дар роҳи ошкор ва интихоб намудани духтарони боистеъдод, илмдӯст, китобхон, санъаткор ва рағбатнок кардани онҳо нақши муҳим дорад.

Аз китоби «Зулфия дар хотираи ҳамзамонон»-и Холида АҲророва, Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: