Хосият Норова чун бонуи бедордилу заҳматписанд, ҳамеша мекӯшид, ки дар ҳаёт сарбаланду муваффақ бошад. Ба ташвишҳои рӯзгор сар хам накарда, барои ояндаи дурахшон талош намояд. Шуълаи умеди дилро фурӯзон нигоҳ дошта, ба ҳама ёрӣ расонад ва дуои пиру ҷавонро бигирад.
Мегӯянд, ки ном, рӯз, моҳ, сол ва бурҷи таваллуди ҳар як инсон ба хӯю рафтор, шеваи гуфтор ва тақдиру рӯзгори минбаъдаи ӯ таъсирбахш хоҳад буд. Агарчанд аксар ба ин эътимод надоранд, гоҳо дар ҳаёт бо шахсоне рӯ ба рӯ меоем, ки таъсири номашон ё солу моҳи таваллудашонро дар рафтору кирдору пиндори онҳо хуб мушоҳида мекунем.
Вақте бо модари ғамхору меҳрубон, модаркалони дуогӯю боматонат, зани табибу эҷодкор Хосият Норова ҳамсӯҳбат мешавед, зуд мефаҳмед, ки байни ин бонуи баҳордилу баҳороин ва фасли шукуфоиву зебоӣ – баҳор вобастагие вуҷуд дорад.
Воқеан, ин зани ҳалиму хоксор дар рӯзи нахустини фасли баҳор, 1 марти соли 1944 дар гузари Чақари шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои ҷанг буд ва мардум бо ранҷу азоб умр ба сар мебурданд. Падари хонадон Рауфбобо ва модари меҳрубон Латофатбибӣ аз қудуми меҳмони нав шод шуда, бо умеде, ки кӯдак бахосият ояд ва ҳама мушкилоти ҷанг зудтар анҷом ёбад, духтараки худро Хосият ном ниҳоданд.
Хосият аз айёми кӯдакӣ духтари хушзавқ, хушахлоқ ва чолок буд. Бо ҳузури худ ба хонадон накҳату кайфияти баҳорро меовард. Бо лаҳни ширин, хушгӯиву забони бурро ҳамаро шод мекард. Нозпарвари волидон буд. Аз ҳамон айёми таҳсил дар мактаби рақами 8-уми гузар ба хондан меҳри зиёд дошт. Баробари кумак ба корҳои модар, доим дарс мекард, китобу рӯзнома мехонд.
Пас аз пайвастани риштаи тақдири худ бо Зариф Норов низ аз ин амали дӯстдоштааш – китобхонӣ даст накашид. Ҳар гоҳе корҳои хонаро саранҷом мекард, зуд ба даст китоб мегирифт. Ҳатто фарзандони худро дар атрофаш ҷамъ карда, ҳамроҳ китоб мехонд. Аҳамият надошт, ки он тоҷикӣ буд ё ӯзбекӣ, ё ки русӣ. Якҷо мехонду мазмуни онро ҳамроҳ муҳокима мекарданд. Доим таъкид мекард, ки «Таърих такрор мешавад. Одамон ҳам шири хомхӯрдаанд ва дар аксар маврид хатои худро дубора такрор мекунанд. Яъне инсон ва замон бо ҳам муштараканд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарзандони худро хуб таълиму тарбия диҳем, то онҳо аз таърихи худ огоҳ бошанд. Агар ворисони мо адабиёт, фарҳанг ва таърихи худро надонанд, аз одамӣ дур мешаванд, одаму одамгариро фаромӯш мекунанд».
Хосият ҳамеша фарзандонашро барои хуб хондан водор мекард. Сидқан мехост, ки онҳо дар боргоҳҳои таълими олӣ хонда, соҳибмаълумот гарданд, дар ҷомеа мақоми худро пайдо кунанд.
Бояд гуфт, ки роҳи ҳаёти ин бонуи меҳнатдӯсту заҳматписанд шебу фарози зиёд дорад. Дар зиндагӣ баробари нишот, талхиҳоро чашидааст. Фиреби дӯсту душманро дидааст. Азбаски тӯли солҳо парастори шифохонаи шаҳри Самарқанд буд, ба бисёр корафтодагон то ҳадде ҳамдарду ҳамроз шудааст.
Хосият Норова дар яке аз навиштаҳои худ таъкид мекунад, ки «солҳои пеш аз истиқлол буд. Аз ноомади кор ё сазои тақдир маро аз кор озод карданд. Хонашин шудам. Дар ҳамин байн шавҳарамро низ аз кор барканор намуданд. Рӯзгузаронӣ бениҳоят душвор шуд, то ҳадде, ки дар хона барои хӯрдан нон намонд. Шавҳарам ҳар субҳ паи ҷустуҷӯи кор мерафт. Агар корафтодае ёфт шавад, маблағи ночизе меовард. Агар ноомади кор гирад, дастхолӣ бармегашт. Панҷ нафар фарзанд доштем. Писарамон дар омӯзишгоҳи техникӣ мехонд. Дид, ки шароит вазнин, аз баҳри хондан баромад. Дар назди самбӯсапазе шогирд афтод. Субҳ мерафту поси шаб хаставу лакот бармегашт. Музди кори ҳаррӯзааш панҷ дона самбӯса буд. Бисёр шудааст, ки бо як дона самбӯса шабро рӯз кардаем. Тасаввур кунед, ки тӯли 24 соат танҳо як дона самбӯса мехӯрдем. Аммо барои ҳамин ҳам шукр мекардем. Чунки оилаҳои нодортари ба нонреза зор бисёр буданд».
Воқеан, дар он солҳо се духтари хонадон – Замира, Истода ва Ирода, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мехонданд, бинобар нооромии замон ба хона баргашта, хонанишин буданд. Аз ин рӯ, писарони хонавода – Мурод ва Икром бо хоҳиши модар, ки ҳамеша «писарон имкони ҳунаромӯзӣ доранд ва метавонанд дар ҳаёт роҳи худро мустақил дарёбанд, аммо барои духтарон ин мушкилтар аст. Бинобар ин, онҳо бояд хонда, соҳиби ихтисосу кор шаванд» мегуфтанд, аз пайи кор шуданд. Меҳнат карда, ҳунар омӯхтанд. Ба маъное баҳри таҳсили хоҳарбузургҳои худ имкон фароҳам карда, такягоҳи волидон шуданд.
Шояд ин ҳама пасту баланди зиндагӣ, талху ширини умр боис шудааст, ки Хосият ба китобу китобхонӣ майли бештар пайдо кунад. Дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҳаёт марҳами дилрову ҳамдаму ҳамрозро аз китоб ҷӯяд.
Дар ҳақиқат, Хосият Норова чун бонуи бедордилу заҳматписанд, ҳамеша мекӯшид, ки дар ҳаёт сарбаланду муваффақ бошад. Ба ташвишҳои рӯзгор сар хам накарда, барои ояндаи дурахшон талош намояд. Шуълаи умеди дилро фурӯзон нигоҳ дошта, ба ҳама ёрӣ расонад ва дуои пиру ҷавонро бигирад.
Бовар дошт, ки рӯзҳои нек дар пеш ва ба он рӯзҳо танҳо бо меҳнати ҳалол, одаму одамгарӣ, росткориву ростгӯӣ расидан мумкин аст. Ин буд, ки доим аз таҳти дил меҳнат кард, барои ободии рӯзгор талош намуд, дуои хусуру хушдоман ва хешу бегонаро гирифт.
Гоҳо дар тинати худ ҳолати аҷиберо пай мебурд. Андешаҳои ҷолиб дар сараш пайдо шуда, як қувваи ноаён ӯро барои навиштан водор мекард. Ин буд, ки гоҳ-гоҳ мулоҳизаҳояшро рӯйи коғаз меоварду танҳо баъд аз ҳамин худро оромтар эҳсос менамуд. Ботинан пай мебурд, ки бояд қалам ба даст гирад, рӯ ба эҷод оварад ва ҳамин тавр ҳам кард.
Бояд гуфт, ки мо бо ҳам маҳз ба туфайли эҷод шинос шудем. Таърихи шиносоӣ, суҳбату вохӯриҳои хотирмон, маслиҳатҳои судманд, роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Хосиятмомо, ки каминаро чун набера дониставу доим ҳол мепурсанд, достонест дигар.
Тӯли солҳост Хосият Нороваро мешиносам ва дар симои ин бонуи эҷодкор як модари фариштахӯи ғамхор, модаркалони дӯогӯю дилаш аз меҳр саршор, як зани вафодору фидокорро мебинам, ки умри худро баҳри беҳбудии дилбанду ҷигарбандонаш бахшидааст.
Вақте китоби «Созу сӯзу рози умр» ё дар рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Ховар» ва дигар маҷаллаҳо мақолаву андешаҳои Хосият Нороваро мехонед, бо розҳои дили ин зани солеҳаву меҳнатқарин, созу сӯзҳое, ки дар ҳаёт аз сар гузаронидааст ва ё ба чашм дидааст, бештар ошно хоҳед шуд.
Ҳоло Хосиятмомо дар иҳотаи панҷ фарзанд, ки ҳар яке дар зиндагӣ мақому мавқеи худро доранд, инчунин 14 набераву 6 абера хушу хурсанд гашти пирӣ меронанд. Ба қавле роҳати меҳнат ва мукофоти амалҳои хайру шоистаи худро мебинанд. Агарчанд синнашон дар ҳаштоду як аст, ҳоло ҳам дили ҷавон ва чеҳраи чун гулҳои баҳор шукуфон доранд. Доим шукронаи зиндагӣ карда, то кунун китоб мехонанд, бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ эҷод мекунанд.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.