Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд -намоишгоҳи шахсии рассом Сардор Нӯъмонов таҳти унвони «Бозгашт – нафаси вақт» баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ, 50 асари рангтасвир ва 4 инсталлятсияи мавзӯӣ намоиш дода шуд, ки таъсири мутақобилаи табиат, техника ва экологияро тавассути санъат нишон медиҳанд.
Намоишгоҳ мавзӯъҳои: «Табиат ҳамчун санъат», «Манзараҳои илҳомбахши табиат», «Тасвирҳои афсонавӣ», «Иқтисодиёти сабз – урбанизатсия, энергияи барқароршаванда, коркарди такрорӣ», «Технология ва экология – зеҳни сунъӣ», «Ҳақиқати васеъшуда дар санъат»-ро дар бар мегирад. Дастгоҳе, ки дар даромадгоҳ ба намоиш гузошта шудааст, барои ифода кардани тавозуни байни технология ва табиат тарҳрезӣ шудааст.
Рассом яке аз намояндаи насли нави рассомони Ӯзбекистон буда, соли 1985 дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфтааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Беҳзод, узви Иттиҳодияи рассомони Ӯзбекистон мебошад. Асарҳои ӯ дар коллексияҳои шахсии ИМА, Фаронса, Олмон, Туркия, Тунис, Қазоқистон ва дигар кишварҳо маҳфузанд.
Сарлавҳаи намоиш бозгашти рассомро пас аз танаффуси тӯлонӣ ба эҷод ишора мекунад. Ӯ ният дорад, ки бо лоиҳаҳои нави худ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат варзад.
Ҳасан Абдуназаров.