ШОИРЕ АЗ МАРЗИ ХУРШЕД

Узви иттиҳодияҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Абдулло Субҳон аз шоирони баландному соҳибмақом ва пешгоми ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон маҳсуб шуда, бо қаламфарсоӣ солҳои зиёд аст, ки шеъри тоҷики ин муҳитро берун аз он дар кишварҳои ҳамзабон ҳам муаррифӣ намуда, ба таҳсини онҳо сазовор гардидааст.

То ба имрӯз аз ин шоир маҷмӯаҳои «Мушки субҳ», «Нидои сарбадор», «Уфуқи пиндор», «Гарди анҷум», «Фарёди сукут», «Ману мурғи чаман як нола дорем» ба дасти мухлисони каломи бадеъ расидаанд, ки фарогири рубоиву дубайтӣ, ғазалҳо, шеърҳои озоду нимоӣ ва сафеди ӯянд. Аз ин анвои мухталифи таркибии ашъори Абдулло Субҳон метавон натиҷа бардошт, ки ӯ на танҳо тибқи суннатҳои адабӣ шеър мегӯяд, балки дар қолабҳои наву имрӯзии шеъри тоҷик низ ба тавонмандӣ розу ниёзашро баён мекунад. Аслан номгузориҳо барои китобҳои ашъор худ нишондиҳандаи маҳорати эҷодӣ ва майли тасвиргароиҳои шоир аст. Дар як нишасти адабӣ дар Самарқанд, ки бо устодони назм ва насри тоҷик Абдулло Субҳон ва адиби номӣ Юнуси Имомназар баргузор гардида буд, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд устод Садрӣ Саъдиев зимни сухан аз вазъи шеъру шоирӣ ва ҷойгоҳи шоирон дар ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон Абдулло Субҳонро «Лоиқи шеъри тоҷик дар ин сарзамин» хонда буданд.

Агар ба хидматҳои шоир дар соҳаи маорифу матбуот, кӯшишу талошҳои ӯ дар ҷодаи шеъри тоҷик ва пешбурди он нигоҳе андозем, итминон ҳосил мешавад, ки устоди суханшинос ин таърифро санҷида гуфта будаанд. Зеро Абдулло Субҳон аз дер боз ҳамчун рӯзноманигор ва чакомасаро бо ҳиммат ва фурӯтанӣ бори заҳмат мекашад ва навиштаҳояш дар мавзӯи муҳими рӯз молики эътибор ва аҳамиятанд. Чунончӣ, дар навиштаҳои охирин ӯ аз вазъи ногувори макотиби тоҷикӣ дар кишвар, масъалаи китобҳо ва таълими донишомӯзон ҳарф зада, ҳамзабонон ва масъулонро ба огоҳӣ ва салоҳҷӯӣ даъват кардааст. Огаҳӣ аз вазъи замон, хештаншиносию хештандорӣ ва муҳаббат ба зодгоҳу ватан аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯянд.

Аз сӯйи муҳаққиқони зиёд ба риштаи таҳқиқ кашида шудани ашъори шоир далели равшани аҳамияту арзиши осори ӯст. Аксари онҳо бар ин фикранд, ки Абдулло Субҳон ба гуфтани рубоиву дубайтӣ маҳорати баланд касб намудааст. Чеҳраи шоирии Абдулло Субҳонро ба гумони ғолиб бештар дубайтию рубоӣ ва шеърҳои нимоию сафедаш миёни дӯстдорони шеър муаррифӣ намудаанд. Ҳавзаи адабии кӯҳистони Нурато ду симои барҷаста – Абдулло Субҳон ва Паймонро ба муҳити адабии Ӯзбекистон додааст, ки имрӯз чеҳраҳои муътабар ва асаргузори адабиёти тоҷики ин минтақа маҳсуб мешаванд ва бештари рубоиву дубайтиҳо ба қалами ин ду шоир мансуб аст. Чунончи, дар китоби «Ману мурғи чаман як нола дорем», ки соли равон ба табъ расидааст, 228 дубайтии Абдулло Субҳон дар ҳоли тасниф ба ҳафт фасл бо унвонҳои «Ишқи заминӣ», «Ба қалам», «Ба модарам», «Парасту», «Тоҷикнома», «Маҳрами роз» ва «Синтабнома» оварда шудааст. Дар сарсухани китоб академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар боби мазмун ва моҳияти рубоиву дубайтиҳои шоир чунин изҳори назар намудааст: «Дар рубоиву дубайтиҳояш шоир доираи мавзӯи шеърҳояшро тавсеа мебахшад ва баробари васфи зебоии табиат дунёи отифии инсон ва муносибати ӯро ба ҳаёт, одамони гуногунхулқ мавриди тасвир қарор дода, барои дарки дурусти фалсафаи зиндагӣ талош мекунад ва моҳияти некиву бадӣ, хайру шарр ва мардиву номардии одамонро бо диди ҳакимона баён месозад».

Зимнан бояд гуфт, ки гузашта аз рубоӣ шоир бори мазмунҳои ҳикамию фалсафиро низ бар зиммаи дубайтӣ, ки маъмулан барои мазмунҳои ғайрифалсафӣ, аз қабили андешаҳои офаринишу зиддиятҳои зиндагонӣ ва ахлоқи инсон гуфта мешуд, гузоштааст:

Чӣ хуш, ё Раб, ки инсон офаридӣ,

Бигӯ, аз чӣ на як сон офаридӣ?

Якеро пок монанди фаришта,

Якеро ранги шайтон офаридӣ.

Ҳар шоир дар баробари изҳори назараш дар бораи одаму олам, марому ормонҳои эҷодии худро низ дорад. Абдулло Субҳон, ончунон ки аз навиштаҳояш бармеояд, аз ҷумлаи он шоиронест, ки дар ин ҷода ба дунболи орзуҳои баланд роҳ мераванд ва аз пайи ба даст овардани дили алоқамандони каломи бадеъ ҳастанд. Шоир шеъри самимӣ, муассир ва нав мехоҳад, то «дар пайкари ҳар шеър ҷон бошад», то бар дили хонанда баҳор оварад:

Насими фасли гул ҷодудам ояд,

Табассум бар лаби гул пайҳам ояд.

Суханро ончунон берун каш аз дил,

Баҳоре дар дили ҳар одам ояд.

***

Дар кӯраи ҳар сина дили сӯзон нест,

Ҳар ахтари тоқи арш нурафшон нест.

Шоир чӣ зиёд асту китоби ашъор,

Дар пайкари ҳар шеър валекин ҷон нест.

Услуби шоир равшан, содаву равон, бо пирояҳои бадеӣ аз лутфу киноя, тавсифу ташбеҳ, маҷозу истиора ҳастанд ва андешаҳои баланди иҷтимоии шоир бо эҳсосу отифаҳои муассир ба қалби хонанда асаргузор аст.

Дар баробари шоироне, ки дар назм ба суннатҳои адабӣ эҳтиром гузоштаву эътибори бештар зоҳир мекунанд, Абдулло Субҳон бо назари ибратбин дӯхтан ба шоирони пешгому навовари замон ва ҳамзабон, дар қолабҳои нави шеърӣ низ, ки ба эҷодкораш майдони ковишу ҷустуҷӯҳои эҷодиро густурдатар месозанд, шеър мегӯяд дар қолаби озоде чун нимоӣ ва сафед.

Шоир дар шеърҳои нимоияш кӯшиш мекунад доираи мавзӯъро тавсеа бахшад ва тасвирҳои тозаро ҳам ба кор гирад. «Ғуруб»-и ӯ аз ҳамин гуна шеърҳост, ки дар он тасвири моҳро фурӯ бурдани тимсоҳи ғуруб бо илҳом аз афсонаҳо гуфта шудааст. Қаҳрамони лирикӣ дар он ба ранги муборизони афсонавӣ, ки дар муқобили тирагиҳо ба ҷанг мебароянд, намудор гардидааст. Дар поёни шеър ҷасуриву ҷуръати ин қаҳрамон равшан ба назар мерасад:

Ғуруб дар арш,

Ғурубе ғуссазо дар арш.

Даҳони сурхи тимсоҳи сияҳ боз аст,

Миёни арраҳои тези дандонаш тапад

Хуршед.

Танаш хунин,

Сиришкаш арғувониранг,

Зи хунаш домани поки уфуқ рангин...

Дилам танг аст,

Миёни абрувонам чину ожанг аст.

Ба ман асбе,

Камону тиру шамшере!

Парам то арш,

Дили тимсоҳи шабро бар нишон гирам,

Зи комаш офтоби хунфишон гирам.

Ки бе Хуршед хуршеди умеду ормоне нест,

Баҳори зиндагонӣ нест...

Ба ман асбе!

Тасвире зебо аз лаҳзаи ба шом пайвастани рӯз ва расидани торикӣ ба вуҷуд омадааст. Хаёли рангини шоирона аз дидани ин лаҳза барангехта шуда, чунин нигораи романтикиро ба вуҷуд овардааст. Шоир хуршедро умедбахшу ормони ҷаҳониён талқин мекунад, ки воқеан гармии баҳори зиндагӣ аз вай аст. Хонанда ба ёди қаҳрамонҳои афсонавӣ меафтад. Ба ҷуз аз Хуршеди осмон дар дили инсонҳо низ хуршеде ҳаст, ки аз вай гармӣ мегирад...

Дар остонаи 70-солагӣ ба ин шоири барӯманд ва гиромӣ, инсони фурӯтану ҳалиму нармсухан тандурустӣ, умри Саъдиёна, нерӯи нотамоми эҷодӣ, дилгармӣ ва шодиҳои фаровон орзумандем. Килкашон ҳамеша шакаррез бод!

Дилшоди Фарҳодзод,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

***
Абдулло СУБҲОН

ДАР ПОЙИ КӮҲИ ҒАЗАЛ

Зодрӯзам як шаби фасли баҳорон будааст,

Вақти эҳёи табиат, баъди борон будааст.

Фурсати лабрезии дарёи ҷонафзои Сир,

З-оби рӯду чашмаҳои кӯҳсорон будааст.

Лаҳзае, ки аз нафасҳои насими рӯҳбахш,

Муғҷабандӣ дар хаёли шохсорон будааст.

Айни вақти вошуданҳои гули бодоми кӯҳ,

Соати хамёзаҳои обшорон будааст.

Даврае, ки дар дили гарми замин набзи дигар,

Манзили бобои деҳқон киштзорон будааст.

В-он даме, ки ҷоми лола дар кафи кӯҳу камар,

Мисли ҷоми май ба дасти майгусорон будааст.

Боғҳои истироҳат, соҳили анҳори сабз,

Хилвату меодгоҳи дӯстдорон будааст.

Орзуи дидани Наврӯз – арӯси нозанин,

Дар дили муштоқи садҳо интизорон будааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: