Ҷиҳати иҷрои дастурҳои Президент бевосита дар маҳалҳо иқдоми зарурӣ сурат мегирад ё на? Барои бо кор таъмин кардани он теъдоди аҳолӣ, ки дар манотиқи мухталиф шумори асосии бекоронро ташкил медиҳанд, чӣ гуна лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор дода мешаванд? Дар гузориш тафсилоти ҳамин мавзӯъ аз равзанаҳои гуногун баррасӣ мегардад.
Бо кор таъмин кардани аҳолӣ барои коҳиши камбизоатӣ омили муҳим ба шумор меравад. Барои он ки дар вилояти Фарғона сафи бекорон беш аз пеш коҳиш ёбад, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки ҷиҳати иҷрои дастурҳои Президент бевосита дар маҳалҳо иқдоми зарурӣ сурат мегирад ё на? Барои бо кор таъмин кардани он теъдоди аҳолӣ, ки дар манотиқи мухталиф шумори асосии бекоронро ташкил медиҳанд, чӣ гуна лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор дода мешаванд? Дар гузориш тафсилоти ҳамин мавзӯъ аз равзанаҳои гуногун баррасӣ мегардад.
Тавре ки аз суҳбат бо сухангӯи Садорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғли аҳолии вилоят Ҷамшедбек Солиев бармеояд, соли сипаришуда бо мақсади таъмини шуғли аҳолӣ ва татбиқи тадбирҳое, ки бевосита ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд, як қатор корҳои муфид ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, барои расонидани кумакҳои молӣ, таъмин бо ҷойи кор ва амсоли он 17,8 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Дар натиҷа 56,1 ҳазор нафар бекорон, аъзоёни оилаҳои камбизоате, ки ба феҳристи «Дафтари оҳанин» шомил шудаанд, инчунин шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, аз ин кумакҳо баҳраманд гардиданд.
– Бо ташкили ярмаркаҳо дар ин росто 34 ҳазору 572 нафар бо кор таъмин шуданд, ки як қисми онҳоро ҷавонон ва занону духтарон ташкил медиҳанд. Илова бар ин, дар давоми соли 2024 дар вилоят бо мақсади таъмини моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии бекорон ба 168 нафар шахсони бекор кумакпулии бекорӣ таъин гардид. Ба онҳо аз ҳисоби Фонди давлатии шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 843 миллион сӯм пардохта шуд, – мегӯяд Ҷ. Солиев.
– Аз тариқи ташкили ярмаркаҳо эълон мекунем, ки дар кадом корхонаву ташкилот ҷойҳои холӣ мавҷуданд. Ин боис гардид, ки қариб аз 10 ҳазор иштирокчиёни ярмарка бештар аз ними онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин корхонаву ташкилотҳо дастикам як ҳазору 200 нафарро ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб намуд. 776 нафари бекорон бо корҳои ҷамъиятии пулакӣ таъмин гардиданд, – иброз дошт сухангӯи садорат.
– Ҳар сол садҳо нафар баъди адои хидмати ҳарбӣ ба хона бармегарданд. Сарнавишти онҳо чӣ хоҳад шуд?
– Соли гузашта дар маҷмӯъ 2 ҳазору 589 нафар шаҳрвандон хидмати ҳарбиро адо намуданд. Аз ин ҳисоб 100 нафар дар қисмҳои ҳарбӣ хидматро давом медиҳанд. 676 нафаре, ки ба ҷойи кор ниёз доштанд, мувофиқи дархости ташкилоту корхонаҳо ба ҷойҳои холӣ ва квотавӣ ҷалб карда шуданд. 1 ҳазору 467 нафар аз роҳи инфиродӣ ба кор банд гардиданд. Боз 22 нафар барои кор дар Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ариза муроҷиат намуданд, 11 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда шуданд, 215 нафар ба мактабҳои олӣ қабул шуданд.
– Дар робита бо афроде, ки муддати иҷрои ҷазоро ба охир расонидаанд, чӣ метавон гуфт?
– Ин ҳам масъалаи муҳим ва дар айни замон хеле нозук маҳсуб меёбад. Аз шаҳрвандоне, ки аз маҳбас баргаштаанд, 14 нафарро нафақахӯрон, 7 нафарро маъюбон ва 17 нафарро афроде ташкил мекунанд, ки барои табобат ба муассисаҳои табобатӣ фиристода шудаанд.
Мо бо назардошти ин масъала ҷойҳои корӣ омода намудем, то ки баъди иҷрои муддати ҷазо ин афрод бекор намонанд. Ба таври илова метавон қайд намуд, ки соли 2024 ҳудуди 96 ҳазору 620 муҳоҷири корӣ ба ҷойи истиқомати доимии худ баргаштанд. Тавонистем, ки 94 ҳазору 204 нафари онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоем.
Дарвоқеъ, зимни ташриф ба вилояти Фарғона Президенти мамлакат диққату эътибори роҳбаронро ба беҳбуди фаровонии аҳолӣ ҷалб намуда гуфт, ки аз ҳисоби ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷойҳои нави корӣ офарида шаванд ва қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ манбаи даромад пайдо кунад. Барои иҷрои ин дастури Сарвари давлат дар ноҳияи Олтиариқ як ҳазор гектар замини адирҳои бекорхобида бо оби насос мавриди обёрӣ қарор гирифтааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят танҳо дар соли сипаришудаи 2024 ҷалби сармояҳои хориҷӣ мусоидат намуд, ки дар ин вилоят камбизоатӣ то дараҷае коҳиш ёбад ва ҷойҳои нави кор фароҳам оварда шаванд. 1 ҳазору 182 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 34 миллион доллари ИМА татбиқ карда шудааст, ки барои фароҳам овардани зиёда аз 36 ҳазор ҷойи нави корӣ мусоидат намудааст. Гуфта мешавад, танҳо дар бахши саноат бо татбиқи 520 лоиҳа, ки маблағи 715 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, беш аз 15 ҳазор кас дар вилоят бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
– Пеш аз фароҳам овардани ҷойи кор бояд масъалаи бо гази табиӣ ва неруи барқ таъмин кардани соҳибкорон ҳаллу фасл шавад. Ҳоло аз се ҳазор кулолони риштонӣ 80 дарсад дар кунҷи хона бекор нишастаанд. Зеро барои сохтани зарфҳои сафолин гази табиӣ ё барқ лозим аст. Канӣ ҳамон барқу газ? Дар фасли сармо ҳамеша таъмин бо газу барқ ҳамчун муаммои дараҷаи аввал мардумро нороҳат мекунад, – изҳор намуд блогер ва фаъоли ҷамъиятӣ Дилшод Болтабоев.
– Аксари кулолони риштонӣ, ки аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорӣ рӯй оварда буданд, иҷборан озими Русия шудаанд. Чунки роҳи дигари пардохти қарзи бонкӣ вуҷуд надорад, – иброз намуд Болтабоев.
– Вақте ки дар Русия машғули кор будам, хабар расид, агар муҳоҷир ба Ватан баргардад, ҳатман бо ҷойи кор таъмин мешавад. Қариб ҳафт моҳ гузаштааст, аммо ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ҷойи кор сарсону саргардон гаштаам. Ба идораҳои гуногун муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа ба даст наомад. Ҳоло боз маҷбурам, ки барои хӯрондану пӯшонидани зану фарзандонам ба Русия равам. Роҳи дигари аз ин варта халосӣ ёфтанро танҳо дар муҳоҷират мебинам, – мегӯяд як ҷавонмарди 30-32-сола, ки аз зикри номаш худдорӣ кард.
Магар маълумотҳое, ки дар ҳисоботи расмӣ қайд шудаанд, дур аз ҷанбаи воқеӣ мебошанд? Дар ҳар сурат бояд ба он ноил шуд, ки ҳисобот дар худ воқеиятро акс кунонад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.