Дар вилояти Бухоро ҳаҷми содироти минтақавӣ дар соли гузашта беш аз 263 миллион долларро ташкил дод.
Аз ҷумла, ба ивази 139 миллион доллар маҳсулоти нассоҷӣ, 62 миллион доллар маҳсулоти нафт, 12,5 миллион меваю сабзавот, 10,5 миллион масолеҳи сохтмон, 6 миллион абрешим, 16 миллион хӯрокворӣ, 2,1 миллион маҳсулоти чарм ва пашм, 2,1 миллион маҳсулоти фармасевтӣ, 2 миллион маҳсулоти кимиё, 5,7 миллион электротехника ва 2 миллион доллар маҳсулоти гуногуни саноатӣ содир гардид.
Соли гузашта ҳаҷми содироти корхонаҳои истеҳсолии системаи кластери пахта дар ноҳияи Ғиждувон аз 40 миллион доллар гузашт. Таҷҳизоти наве, ки дар ибтидои соли ҷорӣ ба корхона оварда шудааст, дар навбати худ барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳанда хидмат мекунад.
Корхона бо таҷҳизоти технологие, ки ба стандартҳои Аврупо мувофиқ аст, муҷаҳҳаз гардида, ҳоло на танҳо технологияи нав ворид ва насб мекунад, балки барои баланд бардоштани сифати маҳсулот, ба равандҳои истеҳсолии худ мутахассисони хориҷиро низ ҷалб менамояд.
Суратгир: Т. Истадов (ӮзА).