ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ПОКИСТОН УРДУВУ РАСМИАШ АНГЛИСӢ, СУРУДИ МИЛЛИАШ ТОҶИКӢ-ФОРСИСТ

  • ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ПОКИСТОН УРДУВУ РАСМИАШ АНГЛИСӢ, СУРУДИ МИЛЛИАШ ТОҶИКӢ-ФОРСИСТ
  • ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ПОКИСТОН УРДУВУ РАСМИАШ АНГЛИСӢ, СУРУДИ МИЛЛИАШ ТОҶИКӢ-ФОРСИСТ

Ба наздикӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тошканд омад. Шубҳае нест, ки мулоқоти сарварони ду давлат ва ба имзо расидани санадҳои муҳим дар ҷараёни ин сафар ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав мебардоранд.

Покистон ҳам чун Ҳиндустони ҳамсояву ҳамҷавори хеш кишвари бостонӣ ва афсонавист. Вай аз ҷумлаи давлатҳои бузурги дунё ба шумор меравад. Беш аз 250 миллион аҳолӣ дорад. Аз ин нигоҳ дар дунё ҷойи панҷумро ишғол мекунад. Ин давлат соли 1947 баъд аз тақсим шудани ҳудуди Ҳиндустони тобеи Британияи Кабир ташкил ёфта, номи «сарзамини покҳо» – Покистонро гирифтааст. Ҳудудаш 881640 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Покистон кишвари гуногунмиллат аст. Бино ба сарчашмаҳои Интернет дар он панҷобиҳо 45, паштунҳо 15, синдхҳо 14, муҳоҷирон 7,5,  балуҷҳо 3,5 фоизро ташкил медиҳанд. Аксарияти аҳолӣ мусулмон мебошанд, қариб 7 фоизи онҳо ба мазҳаби шиа мансубанд. Тоҷикон низ кам нестанд, бино ба маълумот бар иллати ҷанги хонумонсӯз тоҷикони Афғонистон (беш аз 220 ҳазор) ба Покистон кӯч бастаанд. Лекин тоҷикони маҳаллӣ (онҳоро свотиҳо ҳам мегӯянд) беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 500 ҳазор ӯзбекон ҳам муқими ин сарзамин мебошанд.

Дар Покистон забони урду мақоми давлатӣ дорад. Аммо бо ин забон танҳо 7 фоизи аҳолӣ гуфтугӯ мекунад. Ин забони мансуб ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар асри XIII ташаккул ёфтааст. Дар таърих онро чун забони лашкар (урду) ҳам қайд намудаанд. Аз баъзе дӯстони шарқшинос шунидаем, ки забони урду зодаи забонҳои ҳиндиву форсист. Аз ин сабаб аксари шумораҳо (сифр, як, ду, чор, панҷ...) форсӣ-тоҷикианд. Ин забон дар Ҳиндустон ҳам роиҷ аст, беш аз 3000 нашрия ба урду нашр мешавад. Дар баъзе музофоти шарқии Ҳиндустон забони урду мақоми расмӣ дорад...

Ин забон лисони хеле ширину ғанӣ ва хеши забони модарии мост. Ин санад кофист, ки суруди миллии (гимни) Покистонро (дар ин кишвар «Қавми тарона» мегӯянд) мисол оварем.

Бино ба сарчашмаҳои расмию таърихӣ матни суруди миллиро яке аз шоирони маъруфи урдузабон Абуласар Ҳофизи Ҷоландҳарӣ соли 1952 навиштааст. Муаллифи оҳанг Аҳмад Ғулом Алӣ Чағла мебошад, ки онро то эҷоди матни гимн соли 1949, баъди эълони озмун ба ин рамзи расмии давлатӣ офарида буд. Лекин суруди миллӣ 13 августи соли 1954 қабул гардид. Яъне то соли 1954 суруди миллии Покистон фақат аз оҳанг иборат будааст. Инак таваҷҷуҳ фармоед ба матни суруди миллии Покистон, ки аз вожаҳои форсӣ-тоҷикиву арабӣ ғанӣ аст:

Пок сарзамин шод бод

Кишвари ҳасин шод бод

Ту нишони азми олишон

Арзи Покистон!

Маркази яқин шод бод!

 

Пок сарзамин ко низом

Қуввати ухуввати авом

Қавм, мулк, салтанат

Поянда тобанда бод

Шод бод манзили мурод.

 

Парчами ситора ва ҳилол

Раҳбари тараққӣ ва камол

Тарҷумони мозӣ, шони ҳол

Ҷони истиқбол!

Сояи худои зулҷалол!

Ва ин «Қавми тарона» ҳар рӯз дар ин кишвари дӯст ва зимни сафарҳои расмии сарварони давлати Покистони ба кишвари мо ва ғайра садо медиҳад.

Мавриди тазаккур аст, ки муаллифи ин шеър Ҳофизи Ҷоландҳарӣ соли 1958 ба Тоҷикистон омада, дар тантанаҳои ҷашни 1000-умин солгарди Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, шеърҳояшро бо номи «Тоҷикистон» ва «Рӯдакӣ» қироат кардааст.

Таҳияи Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: