Вақте ба синф дохил мешавад, гӯё худро дар як гӯшаи биҳишт ҳис мекунад. Ин ҷо ҳама дар мақоми гулу дар ҳукми диланд; ҳатто шогирдонаш ҳам... Онҳо ҷуфт-ҷуфт дар паси мизҳо гӯё мунтазири обу донаи илм нишастаанд.
Синф як лаҳза ба хоҳиши сукут тобеъ мегардад. Омӯзгор садои дузарби дили пур аз ҳаяҷони шогирдони худро баръало мешунавад – қалбҳои пур аз умед, лабрез аз орзуҳои наҷиб аҷаб оҳанге доранд. Ин оҳанги зебо, ки сурӯши ҳаёти ҳанӯз дур аст, танҳо ба гӯши шунаво ва қалби ошное мерасад... Ин замон ба рӯйи маҳтобии муаллим ҷуфт-ҷуфт чашмони ташнаи илм менигаранд. Аз ин нигоҳҳои окандаи меҳр дунёи вай батамом чароғон мешавад ва ба сар то пояш як гармии форам давида, вуҷудаш ба кадом ҳисси олие пур мегардад. Ин ҷо дунё ба ранг ва накҳати дигарест.
Хонандагон дар тасаввури ӯ гӯё як оғӯш ситора ҳастанд, ки аз паси мизҳои таълим ҳар кадом ба ранги алоҳидае ҷило медиҳанд ва дунёи Интизори муаллимро ба баҳори шукуфоне мубаддал мегардонанд.
– Ин лаҳзаҳо, ки дар муқобили шогирдон истодаву дарс мегӯӣ ва ҳарчӣ медонӣ, ҳиҷо-ҳиҷо ба гӯшҳои онҳо мерезӣ ва сомеонат ҳам чун обчинак ё замини ниҳоят ташна гуфтаҳои туро ба ҷон мепазиранд ва дар варақи дил ҳак месозанд, басо дилангезу рӯҳбахш аст, – мегӯяд Интизор Муродуллоева ва аз тааҷҷуби ман ба шавқ омада, фавран изофа мекунад:
Дарси муаллим ар-бувад, замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад, тифли гурезпойро.
Ин байти олиро ман муддате зери лаб такрор кардаву лаззат мебарам ва зуд ба маънишиканиаш машғул мегардам. Ба тадорукоти муаллим зеҳн монда, андешаҳоямро ҷамъбаст мекунам: агар ҳама омӯзгорон мисли Интизор ба умқи чунин ҳикмат мерафтанд ва кори омӯзгории худро аз ин дидгоҳ ба низом медароварданд, сифати таълим, ки роҳбари давлат шабу рӯз дар андешаи баланд бардоштани он ҷон мекоҳонад, дар мактабҳо ба маротиб боло мерафт.
Дарсҳои Интизор Муродуллоева ҳамон «замзамаи муҳаббат»-ро дорад ва ҳар сухани ӯ аз дил берун омадаву дар дилҳои кӯчак, аммо ҳассоси шогирдонаш менишинанд. Чунки ин омӯзгор дар пеши Ватан, ҳукумат, волидон ва ниҳоят донишомӯзон масъулияти баланде ҳис мекунад. Аз ин ҷост, ки дар байни ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё мавқеи хосеро соҳиб буда, ҳам аз ҷониби роҳбарияти мактаб ва ҳам садорати шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия чун мутахассиси варзидаи таълими забони давлатӣ дар мактабҳои тоҷикӣ эътироф гардидааст.
– Аз роҳбари дабистонамон шоираи маҳбуби воҳаи Сурхон Саодат Сангинова сипосгузорам. Вай дар тарбият ва парвариши кадрҳои ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Мактаб хонаи дуюми ӯст. Дӯст доштани ин даргоҳи муқаддасро аз апаи Саодат омӯхтаам. Вай бо ҳар навъ моро рӯҳбаланд месозад ва ба фатҳи қуллаҳои нав раҳнамун мегардонад, – мегӯяд Интизор Муродуллоева.
– Агар мактаб мутахассиси хуб дошта бошад, зуд обрӯманд мегардад. Хоса, ин омил барои мактабҳои тоҷикӣ хеле зарур аст. Муаллимони тоҷик набояд пешаи худро саҳл бигиранд. Ҳоло дар байни мактабҳои таълимашон ба забонҳои гуногун як навъ сабқат ноаён ҷараён дорад. Волидони мушоҳидакор инро зуд дарк мекунанд. Аз ин рӯ, муаллимони мактабҳои таълимашон тоҷикӣ набояд беғайратӣ нишон диҳанд ва боиси падид омадани афкори ғалате дар байни волидон шаванд. Замона аз мо талаб дорад, ки дучандон меҳнат кунем ва дар ҳифзи номусу номи миллат, мактабҳои миллии худ қад алам созем, – таъкид мекунад Саодат Сангинова. – Агар омӯзгорон хуб таълим диҳанд ва шогирдони онҳо дар макотиби олӣ бидуни мушкилии забонӣ дохил шаванд, фикри «нодаркории» мактабҳои тоҷикӣ нахоҳад роҳ ёфт. Ин андешаро аз пешу бар чен карда, 10 мактаби тоҷикии ноҳияи Бойсунро пеши назар меорам, ки дар пайи саҳлангориҳо, мутаассифона, суқут карданд.
И. Муродуллоева низ таъкид менамояд, ки агар дар илми сарфу наҳви забони тоҷикӣ саводи кофӣ намедошт, дар таълими забони давлатӣ ба шогирдон муваффақ намегашт.
– Аз забон ва адабиёти тоҷик шоири шодравон Абдулло Раҳмонро устоди худ мешуморам. Агар вай хуб дарс намедод, шояд имрӯз ман мутахассиси фанни забони давлатӣ намешудам, – мегӯяд И. Муродуллоева.
Аз суҳбатҳои гарми ин омӯзгори пешқадам дарёфтам, ки сирри тавфиқи ӯ ва шогирдонаш дар он будааст, ки забони модариашонро хуб медонанд ва дар ин росто мунтазам дониши худро такмил медиҳанд.
– Маҳз донистани забони модарӣ калиди ҷумла тавфиқҳо дар омӯхтани забонҳои дигар аст, – мегӯяд ӯ ва суҳбати мо оҳиста ба рӯзгори ин омӯзгор мекӯчад ва ман боз ҳам мутмаин мегардам, ки агар дар оила падару модар китобхон бошанд, фарзандон рӯ ба ин ганҷина меоранд.
Донишмандии Интизор ҳам ирсист, ба ӯ аз падару модари илмдӯсту китобдӯсташ мерос монда. Амаки Аводуллоҳ Муродуллоев ва холаи Муҳаббат Раҳмонова ҳашт духтари нозанинро ба дунё овардаву ба ҳар кадом таълими олӣ додаанд, ки имрӯз ҳаштхоҳарон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа кор кардаву машъалаи илму маърифатро баланд мебардоранд.
Интизор вақте дар мактаби рақами 38 кор мекард, ба хурдсолон забони ӯзбекиро меомӯзонд, аммо чун корро дар дабистони рақами 82 оғоз намуд, ба дӯши ӯ таълими синфҳои болоиро гузоштанд. Худи ҳамон сол як шогирдаш – Лола Бобошарифова дар озмуни фаннии ноҳиявӣ ғолиб омада, дар зинаи вилоятии сабқат ширкат варзид. Аз ин баъд шогирдони вай мунтазам дар озмунҳо иштирок карда, ба устоду дабистонашон шуҳрат меоварданд. Интизор Муродуллоева номи чанде аз дастпарварони худро бо ифтихор ба забон овард, ки дар ин қатор номи Сайфура Шарифова, Омина Муҳибова махсус садо доданд. Аммо аз Фаришта Қурбонназарова (хонандаи синфи 11) махсус ёд овард, ки ӯ дар озмуни имсолаи донишомӯзон аз фанни забони давлатӣ дар миқёси ноҳияи Сариосиё ҷойи аввалро забт кардаву дар зинаи вилоятии он ҷойи сеюмро гирифт ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявиро ба даст овард.
Ман аз суханҳои боҳарорати Интизор дарёфтам, ки вай аз ду устоди худ – Зулфия Саломова ва Гулнора Равшанқулова ба ҷон сипосгузор аст. Зеро онҳо пояи дониши ӯро мустаҳкам гузоштаанд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Сурхондарё.