Барои таъмини аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот таҷрибаву усулҳои нав ба нав ҷорӣ мегардад.
Маълум, ки бидуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зиндагии рӯзмарраамонро тасаввур карда наметавонем. Барои таъмини аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот таҷрибаву усулҳои нав ба нав ҷорӣ мегардад. Аз ҷониби Президент барои аҳолиро бо маҳсулоти босифати хоҷагии қишлоқ таъмин намудан сохтори нав ҷорӣ гардид, яъне бо кумак ва дастгирии давлат аз заминҳои наздиҳавлӣ ва иҷора босамар истифода бурда, ҳам бо ҷойи кор аҳолиро банд кардан лозим ва ҳам бо маҳсулоти босифати хоҷагии қишлоқ онҳоро таъмин намудан ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳамин мақсад ба сифати таҷриба семинари миқёси ҷумҳурӣ дар вилояти Сурхондарё барпо шуд.
Дар чорабинӣ аз тамоми ҳудудҳои кишварамон намояндагони вазорат, мутасаддиёни хоҷагии қишлоқ, тадбиркорону деҳқонони ботаҷрибаи соҳа ширкат намуда, корҳои дар ин самт амалишудаистодаро таҳлил ва муҳокима намуданд. Иштирокчиёни семинар ба ноҳияи Тирмиз, ба маҳаллаҳои «Баҳор» ва «Пешқадам»-и ноҳияи Ангор ташриф фармуда, бо ҷараёни парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқи экспортбоб низ ошно гардиданд. Баъд аз ноҳияҳои Қумқӯрғон ва Сариосиё дидан намуда, бо ҷараёни истифодабарии заминҳои наздиҳавлӣ ва парвариши ниҳолҳо шинос гардиданд.
Инчунин ба иштирокчиёни семинар таъкид гардид, ки таҷрибаҳои пешқадами вилоят дар дигар вилоятҳо низ ҷорӣ карда шавад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.