Аввалин акси Blue Ghost 1 аз Моҳ нашр шуд

NASA аввалин тасвиреро, ки тавассути модули Blue Ghost 1 аз сатҳи Моҳ гирифта шудааст, нашр кард. Суратро метавон дар вебсайти Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико тамошо кард.

Дар шарҳи акс гуфта мешавад:

«Аввалин тасвире, ки тавассути модули моҳвораии Blue Ghost ширкати Firefly пас аз тасдиқи бомуваффақияти нишаст дар "Баҳри Бӯҳрон" дар тарафи наздикии Моҳ гирифта шудааст. Ин дуввумин интиқоли илмӣ ва техникӣ дар доираи ташаббуси Commercial Lunar Payload Services (CLPS) мебошад».

Қаблан NASA хабар дода буд, ки модули Blue Ghost 1 ширкати Firefly Aerospace рӯзи якшанбе, 2 марти соли 2025, соати 11:34 бо вақти Москва, нишасти мулоимро ба сатҳи Моҳ анҷом дод.

Ракетаи Falcon 9 бо аппарати Blue Ghost 1 рӯзи 15 январ аз майдони комплекси 39A дар Маркази кайҳонии Ҷон Кеннеди дар иёлати Флорида (ИМА) ба фазо партоб шуд.

Аппарати фуруди Blue Ghost 1 барои фаъолият дар давоми ду рӯзи моҳтобӣ ва чанд соати шаби моҳтобӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад lenta.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: