Тандурустӣ шарти асосӣ ва кафолати зиндагии пурра мебошад. Ҳангоми бемор шудани инсон, давлат шароитҳои заруриро фароҳам меорад, то шаҳрванд аз кор ё таҳсил озод шавад ва тавонад саломатии худро барқарор кунад ё ба фарзанди бемораш нигоҳубин намояд. Ҳуҷҷате, ки ин ҳолатро тасдиқ мекунад, варақаи корношоямӣ (варақаи беморӣ) мебошад.
Пас, ба кӣ, ба чӣ гуна муддат ва бо кадом талабот варақаи корношоямӣ дода мешавад? Тартиби расмӣ кардани он чӣ гуна аст?
Ба ин саволҳо Шоира Абдусаттарова, роҳбари Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Юнусобод чунин ҷавоб дод:
- Ин ҳуҷҷат асос барои озод кардани шахс аз кор, пардохти кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ё ҳомиладорӣ ва таваллуд мебошад, мегӯяд Ш. Абдусатторова. - Дар баробари ин, бо ёрии он ҳисоботи бемориҳои вобаста ба корношоямии муваққатӣ низ анҷом дода мешавад.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани яке аз ҳолатҳои зикршуда, шаҳрванд тавассути бахши бақайдгирии электронӣ ба поликуникаи оилавӣ (пункти духтури оилавӣ) муроҷиат мекунад. Агар вазъи саломатии ӯ имкон надиҳад, ки шахсан ба муассисаи тиббӣ биёяд, ӯ метавонад даъвати духтури оилавиро ба хона анҷом диҳад.
Варақаи корношоямӣ дар поликуникаи оилавӣ метавонад пас муроҷиати якум аз 5 то 7 рӯз, вобаста ба навъи беморӣ, кушода шавад.
Барои ин духтури оилавӣ шахсан беморро муоина мекунад, шакли №025-ро пур мекунад, маълумотро ба пойгоҳи электронии дахлдор ворид намуда, онро онлайн ба мудири шуъба мефиристад.
Масъулияти тасдиқи ҳуҷҷат ба мудири шуъба тааллуқ дорад. Пас аз муайян кардани дурустии он, ҳуҷҷат тасдиқ мешавад ва маълумот дар кабинети электронии бемор низ дастрас мегардад.
Баъд аз кушода шудани варақаи корношоямӣ, санаи қабули навбатии бемор муайян карда мешавад. То он вақт, вобаста ба навъи беморӣ, бемор бояд ташхис ва таҳлилҳои тиббиро анҷом диҳад.
Агар вазъи бемор то қабули навбатӣ бадтар шавад, ӯ метавонад духтурро ба хона даъват кунад, ё дубора ба поликлиникаи оилавӣ муроҷиат намояд.
Дар ин ҳолат, муоинаи иловагӣ гузаронида шуда, агар зарур бошад, бемор ба мутахассиси соҳа фиристода мешавад.
Варақаи корношоямӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз ҳафтаи 30-уми ҳомиладорӣ ба муддати 126 рӯз (тақвимӣ) дода мешавад.
Агар таваллуд мушкил сурат гирад ё якбора ду ё зиёда кӯдак таваллуд шавад, муассисаи тиббии таваллуд варақаро барои 14 рӯзи иловагӣ дароз мекунад.
Варақаи корношоямӣ барои нигоҳубини кӯдакон
Барои нигоҳубини кӯдаки бемор, ки аз 14-сола боло мебошад, варақаи корношоямӣ ба яке аз аъзои оила ё хешовандони кӯдак барои муддати на бештар аз 14 рӯз дода мешавад.
Варақаи корношоямӣ ба шахсоне, ки нишонаҳои беморӣ надоранд, ба шахсоне, ки дар ҳолати мастии алкоголӣ ё нашъамандӣ ба беморхона оварда шудаанд, ба шахсоне, ки мехоҳанд дар клиникаҳои хусусӣ ё санаторияҳо табобати нақшавӣ гиранд, дода намешавад..
Вазорати тандурустӣ ёдрас мекунад, ки аз 1 январи соли 2024, дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон варақаи корношоямӣ ва маълумотномаҳо танҳо дар шакли электронӣ дода мешаванд.
Маълумоти ба низоми варақаҳои корношоямӣ воридшуда ба таври электронӣ ба низоми иттилоотии "Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ («my.gov.uz») ва барномаи UzASBO фиристода мешавад.