ҲОКИМ ВАЪДА ДОД: БАРОИ МАҲАЛЛА БИНОИ НАВ МЕСОЗАНД

  • ҲОКИМ ВАЪДА ДОД: БАРОИ МАҲАЛЛА БИНОИ НАВ МЕСОЗАНД
  • ҲОКИМ ВАЪДА ДОД: БАРОИ МАҲАЛЛА БИНОИ НАВ МЕСОЗАНД
  • ҲОКИМ ВАЪДА ДОД: БАРОИ МАҲАЛЛА БИНОИ НАВ МЕСОЗАНД
  • ҲОКИМ ВАЪДА ДОД: БАРОИ МАҲАЛЛА БИНОИ НАВ МЕСОЗАНД
  • ҲОКИМ ВАЪДА ДОД: БАРОИ МАҲАЛЛА БИНОИ НАВ МЕСОЗАНД

Дар шумораи 16-уми «Овози тоҷик» (22 феврали соли 2025) мақолаи «Бинои маҳалла кай обод мешавад?»-и мухбири рӯзнома Фаридуни Фарҳодзод чоп шуда буд.

Дар мақола сухан дар бораи вазъи ногувори бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Каттасой»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, воқеъ дар деҳаи Эҷ меравад. Муаллиф дар мақола овардааст, ки “Бино дар замони шӯравӣ бунёд гардида, ҳоло хеле хароб шудааст. Аксар тирезаҳо шикаставу чанде оина надоранд. Дарҳо фарсуда шудаанд. Шиферҳо шикастаанд, ки дар барфу борон аз шифт об мечакад. Ғайр аз ин, ҳини роҳ гаштан дар толор тахтаҳои зери по садо мебароранд, ки гӯё аз фарсудагӣ «оҳ» мекашанд. Кас аз сахттар қадам ниҳодан метарсад, то шикаставу пой дарнамонад”.

Инак, аз байн ҳафтае гузашту ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов якҷо бо масъулони ноҳияи Нурато ба маҳаллаи “Каттасой” рафт ва бо мардуми деҳа мулоқот карда, ҳангоми сӯҳбат ваъда дод, ки барои маҳалла бинои нав месозанд. Дар ин бора Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Навоӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба зарурати беҳсозии сатҳи зиндагонии мардум, таъмини шуғли аҳолӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли мушкилоти соҳибкорон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, эътибор ба масъалаи дастгирии ҷавонон низ сухан рафтааст.

Инчунин, муроҷиати шаҳрвандон аз рӯйи таъмири роҳҳои дохилӣ, беҳсозии таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва масъалаҳои дигар шунида шуда, барои ҳалли онҳо масъулон вазифадор гардидаанд.

“Маҳалла – гузаштаи дур, маҳалла – имрӯз, маҳалла оянда аст. Ин занҷира асоси давомнокии ҳаётро таъмин мекунад. Имрӯз ин низом аслан бояд дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон ба системаи халқпарвар табдил ёбад”, омадааст дар хабари Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Навоӣ.

Умед дорем, ки масъулон ба ваъда вафо мекунанд ва дар фурсати кӯтоҳ бинои нав қад афрохта, ба ҳусни деҳа файзи дигар мебахшад ва барои мардуми маҳалливу “ҳафтгона”-и маҳалла шароити хубу мусоид фароҳам мегардад.

Шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: