Ба мақсади ҳифзи мероси миллии фарҳангӣ ва иншооти моддию мадании вилоят, барои ба насли оянда чун мерос боқӣ гузоштани онҳо 274 мероси моддию маданӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Аз он 163 ададашон иншооти дараҷаи ҷумҳуриявӣ, 111 адад масканҳои маҳаллӣ мебошанд.
Алҳол дар зиёратгоҳҳои муқаддаси мамлакатамон ба мақсади эҳёи анъана ва арзишҳои миллӣ, бузургдошти хотираи гузаштагон ва рушди сайёҳӣ корҳои неки ободонӣ вусъат пайдо кардаанд. Солҳои охир дар кишвари мо муносибат ба арзишҳои миллӣ куллан тағйир ёфт. Садҳо масҷиду зиёратгоҳҳо имрӯз ба масканҳои маънавияту маърифат табдил ёфтаанд.
Дар ҷамъомаде Президент таъкид карда буд, ки «Агар ҷисми ҳаёти ҷамъият иқтисодиёт бошад, қалб ва рӯҳи он маънавият аст». Дар ин боб чандин қарору фармоишҳо ба имзо расиданд.
Ҷонишини роҳбари Садорати мероси фарҳангии вилоят, роҳбари шуъбаи экспертизаи бадеӣ Латифа Аҳмадалиева дар ин бора маълумот дод.
– Ба мақсади ҳифзи мероси миллии фарҳангӣ ва иншооти моддию мадании вилоят, барои ба насли оянда чун мерос боқӣ гузоштани онҳо 274 мероси моддию маданӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Аз он 163 ададашон иншооти дараҷаи ҷумҳуриявӣ, 111 адад масканҳои маҳаллӣ мебошанд, – гуфт ӯ. – Дар шуъбаҳои экспертизаи бадеӣ назорати илмиву техникӣ, ривоҷи каталоги осорхонаҳо ва мувофиқкунии тадқиқоти археологӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии мо ба ҳисоб мераванд.
Масъалаҳои инвентаризатсия ва бартарафсозии камбудиҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аммо дар соҳа мушкилоте низ ҳастанд, ки ҳаллу фасли худро интизоранд. Дар баъзе минтақаҳо ҷараёни таъмири иншооти маданӣ нисбатан суст аст. Роҳбарони минтақаҳо, раисону фаъолони маҳаллаҳо ба ин масъалаи муҳим аз паси панҷа нигоҳ мекунанд.
Яке аз чунин ҷойҳои муқаддас маскани маданиву таърихии деҳаи Варзик – «Сари қалъа» мебошад. Назар ба маълумот он таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Вақтҳое буданд, ки қадамҷойи мазкур барои аҳли деҳа вазифаи сарпаноҳ аз душман, гармову сармои обу ҳаворо иҷро мекард. Ба гуфти калонсолон пештар дар ин ҷо мардум ҷашни Наврӯзро пешвоз мегирифтаанд. Ҷавонон, бахусус домоду арӯсон, ки ба ҳаёти мустақил қадам мегузоштанд, ба зиёрати он меомадаанд. Осорхонае, ки таърихи деҳаро инъикос мекард, низ дар аз ин ҷо ҷой гирифта буд. Хонандагони мактабҳои деҳа ба осорхона омада, бо таърихи деҳаи худ ошно мешуданд. Имрӯз он ба хароба табдил ёфта, баъзе соҳибкорони маҳаллӣ гирду атрофашро азхуд намудаанд. Аз масъулони ноҳияи Чуст хоҳиш мекунем, ки ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд ва онро ба таври мусбат ҳал намоянд, – иброз дошт Латифа Аҳмадалиева.
Аз мулоҳизаҳои болоӣ маълум шуд, ки дар вилоят ҳоло, баробари пешравӣ оид ба ҳифзи муқаддасоти таърихӣ, мушкилиҳо низ мавҷуданд.
Вақти он расидааст, ки камбудиҳои зиёратгоҳу мавзеъҳои муқаддас бартараф карда шаванд, мутасаддиён ба ин масъала бояд беэътибор набошанд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.