Дар рӯзҳои ҷашни 8-уми Март ва Наврӯз мардум чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Вазорати шуғл ва коҳиши камбизоатӣ дар робита ба Рӯзи байналмилалии занон – 8 Март ва ҷашни Наврӯз рӯзҳои иловагии истироҳатиро эълон кард.

Рӯзи байналмилалии занон – 8 март:

8 март (шанбе) – рӯзи идона;

9 март (якшанбе) – рӯзи истироҳат;

10 март (душанбе) – рӯзи истироҳат барои кормандоне, ки дар як ҳафта  панҷ рӯз кор мекунанд, рӯзи корӣ барои онҳое, ки шаш рӯз дар як ҳафта кор мекунанд.

Ҷашни Наврӯз:

21 март (ҷумъа) – рӯзи идона;

22 март (шанбе) – рӯзи истироҳат барои кормандоне, ки дар як ҳафта  панҷ рӯз кор мекунанд, рӯзи корӣ барои кормандоне, ки дар як ҳафта  шаш рӯз кор мекунанд;

23 март (якшанбе) – рӯзи истироҳат.

Мутобиқи моддаи 208-и Кодекси меҳнат, агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ғайрикорӣии идона  рост ояд, он ба рӯзи кории баъд аз иди расмӣ кӯчонида мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: