3 марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, зану духтарон, фарҳанг ва варзиши Сенат О.Қозихонова бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ӯзбекистон Рейнис Трокша мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои, такмили минбаъдаи қонунгузории миллӣ дар самтҳои дастгирии зану духтарон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ва мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ, гузаронидани тадқиқот ва ташкили гуфтушунидҳо бо ташкилоту идораҳои дахлдор дар ин самт баррасӣ гардиданд.
Шоистаи таҳсин будани таҷрибаи Ӯзбекистон оид ба таъмини баробарии генденӣ, тавсеи ҳуқуқ ва имкониятҳои зану духтарон дар тамоми самтҳо таъкид гардид.
Ҳамзамон, сафири Латвия омодагии худро барои табодули таҷриба дар самти баланд бардоштани фаъолнокии сиёсии занон, ташкили омӯзиш барои онҳо, гузаронидани таҳлили гендерӣ, ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва оиди кор бо зану духтароне, ки аз тазйиқу зӯроварӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷабр дидаанд, изҳор дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мустаҳкам аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.